Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэвид О'Салливан: Воридоти маҳсулоти таҳримшуда ба Қазоқистон афзудааст


Дэвид О'Салливан
Дэвид О'Салливан

Фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури таҳримҳо Дэвид О’Салливан гуфт, дар ҳамкорӣ бо Қазоқистон барои мубориза бар зидди давр задани таҳримҳо пешрафте мушоҳида мешавад.

"Мо афзоиши воридотро ба Қазоқистон мушоҳида мекунем ва аз эҳтимоли содироти дубораи онҳо ба Русия нигарон ҳастем", - изҳор дошт Дэвид О’Салливан.

Ӯ дар ин бора 18-уми июн дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳори назар кард ва гуфт, дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Остона бо муовини сарвазири Қазоқистон Серик Жумангарин дидору гуфтугӯ кардааст.

"Мо аз моҳи апрели соли 2023 коҳиши тадриҷии воридот ва содироти дубораи маҳсулоти таҳримшударо тариқи Қазоқистон мушоҳида мекунем. Бар асоси таҷрибае, ки ман дорам, ин корҳо талош ва назорати доимиро талаб мекунанд", - афзуд О'Cалливан.

Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо гуфт, Брюссел ба эъломи таҳримҳо алайҳи Қазоқистон исрор надорад, вале талаб мекунад, ки ба давр задани онҳо роҳ дода нашавад.

XS
SM
MD
LG