Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД ронандагони таксиро ба қонуншиканӣ айбдор кард


Даҳҳо кас дар Душанбе аз ҳисоби мусофиркашонӣ рӯз мегузаронанд
Даҳҳо кас дар Душанбе аз ҳисоби мусофиркашонӣ рӯз мегузаронанд

Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, бо айби ронандагони мусофирбар дар пойтахт садамаҳои нақлиётии зиёде рух додааст.

Пулиси Душанбе 10-уми сентябр бо нашри хабарномае аз ронандагони ширкатҳои мусофирбар талаб кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Дар хабари ин ниҳод гуфта шудааст, ки "таассуфовар аст, вақте ронандаи "таксӣ" дар ҳолати сархушӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул мегардад”.

Раёсати ВКД дар Душанбе омори садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати ронандагони нақлиёти мусофирбарро нашр накардааст.

Вале бархе аз ронандагони нақлиёти мусофирбар мегӯянд, онҳо медонанд, ки барои нақзи қодаҳои ҳаракат дар роҳ ҷаримаҳои ҳангуфте пешбинӣ шудааст, бино бар ин ҳангоми идораи нақлиёт эҳтиёткоранд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ "бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд".

Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дар сад афзудааст.

XS
SM
MD
LG