Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба даҳҳо сокини "Девдара" гуфтаанд, хонаҳояшон ғайриқонунӣ аст. ВИДЕО


Фотима Акбарова сокини Девдара мегӯяд, санадҳояшонро нимкора гузоштаанд.

Як гуруҳ аз сокинони деҳаи Девдараи ноҳияи Варзоб иддао доранд, ки мақомот хонаҳои нимасохти онҳоро ғайриқонунӣ номида ва баъзеашонро вайрон кардаанд. Онҳо мегӯянд, раиси собиқи ҷамоати Айнӣ дар ноҳияи Варзоб иҷозаи сохтмон дар қитъаи замин дар ин минтақаро дода будааст.

Фотима Акбарова, яке аз онҳоест, ки хонааш дар “маърази хатар” қарор дорад. Ӯ мегӯяд: “Хонаи мо, ҳоло ҳуҷҷат надорад. Мекунем гуфтанд, лекин накарданд. Раиси пештараи ҷамоат буд. Фақат ариза, ҳукумат ҳама имзоҳоро гирифтаам. Лекин мегӯянд, аризаву қарорҳое, ки раиси ҷамоати пешин кардааст, беэътибор мешавад.”

Мақомот ба теъдоде аз сокинони деҳаро ҳушдор додаанд, ки асноди хонаҳояшон ғайриқонунӣ ва сохта аст, зеро масъулони собиқи ҷамоат ҳаққи иҷозаи сохтмони манзил дар заминҳои берун аз фонди манзилро надоранд. Муҳаммадҷони Ғафурӣ, сокини деҳаи Девдара ба радиои Озодӣ гуфт: Ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҳаст. Ба мо мегӯянд, ки чаппа мекунем. Барои чӣ? Вақте ки раиси пешин заминҳоро гирифта дод, ба мо вобаста кард, 4 сотихӣ ба ҳамаи мо дод, аризаҳои моро гирифтанд, сертификат, қарор, лоиҳа, ҳамаро дод. Раиса, ки бурданд маҳкам карданд, ё корашон дар додгоҳ аст, куҷо аст, намедонам. Раиси нав дигар одам аст, омада, чаппа карда истодааст.”

Ба даҳҳо сокини "Девдара" гуфтаанд, хонаҳояшон ғайриқонунӣ аст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Масъулони ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб мегӯянд, қитаъаҳои замине, ки барои 80 хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Девдара раиси собиқи ҷамоат Карим Каримов додааст, замини чарогоҳ аст. Ба қавли онҳо, раиси собиқ дар бештар аз 8 гектар замини чарогоҳи болои деҳаи Девдара ғайриқонунӣ иҷозаи сохтмон додааст: Абдусаид Икромов, котиби ҷамоати Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар асоси санҷиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки қисме аз шаҳрвандон аз ҳудуди фонди манзил берун баромада, дар мавзеъҳои чарогоҳ худсарона манзилҳои истиқоматӣ бунёд кардаанд. Мутобиқи эътирози Прокуратураи генералӣ ва прокурори ноҳияи Варзоб барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои замин ҳуҷҷатҳо интишор шуданд ва дар асоси ҳамин чиз, мо қисме аз биноҳое, ки худсарона сохта шуда буданд, бино ба пуррагӣ ҳам нест, ҳамун девору баъзан пойдеворҳоро барои ба ҳолати аввала баргардонидан амалӣ намудем.

Масъулони ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб мегӯянд, ба сокинони маҳал борҳо огаҳӣ додаанд, ки аз идомаи сохтмони ғайриқонунӣ даст кашанд, аммо то ҳол ин корро идома медоданд. Дар инҷо ягон бинои хонаи комил вайрон нашудааст.

Ба зидди Карим Каримов, раиси собиқи ҷамоати Айнӣ ва 5 нафари дигар аз мақомоти мухталиф барои ғайриқонунӣ иҷозаи сохтмон додан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Чаҳор нафари онҳо пас аз баргардонидани пули сокинон авф шудаанд ва баррасии парвандаи ду нафар, аз ҷумла Карим Каримов дар додгоҳ идома дорад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG