Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони "нонамоён"-и Зайнабобод. Ҳам ҳастанд ва ҳам нестанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳудуди 300 сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ шикоят доранд, ки бо вуҷуди зиндагии беш аз 15-сола дар ин маҳалла мақомот онҳоро сабтином намекунанд ва ин боис шудааст, ки фарзандонашон аз таҳсил дар мактабу донишгоҳ дур монанд.

Сокинон гуфтанд, муроҷиатҳои батакрор ба мақомоти маҳаллӣ натиҷа надодааст. Мақомот мегӯянд, сокинон дар ҷойи бӯстонсаро ва зиндагии мавсимӣ "ғайриқонунӣ хона сохтаанд".

Озода Каримова, сокини маҳаллаи "Истиқлол 5" дар ҷамоати Зайнабобод, гуфт, 14 сол боз дар ҳамин ҷой зиндагӣ мекунад, аммо на худаш ва на панҷ фарзандаш дар қайди ноҳия нестанд. Вай 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Худам дар ноҳияи Файзобод сабтином шудаам, кӯдаконам дар Кӯлоб. Хешу табор занг зада гуфтанд, ки бояд аз қайди Кӯлоб барорем. 14 сол инҷониб мақомот меоянд, номи ҳамаро навишта мегиранд, бо ҳамин тамом."

Бархе дигар аз сокинон мегӯянд, надоштани шиноснома боис шудааст, ки фарзандонашон аз таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо маҳрум шаванд. Чун дар ҷое қайди зист надоранд ва наметавонанд шиноснома бигиранд.

Маҳина Хушнудова аз он нигарон аст, ки мақомот солҳо инҷониб ба ҳалли мушкили онҳо намекӯшанд. "Ҳабдаҳ сол шуд, ки дар ҳаминҷо зиндагӣ дорем. Чӣ кор кунем, ҳаминҷоро обод карда нишастаем. Мо мисли сокинони дигари ҷамоат, ки қайди ҷойи зист доранд, пули ҳама хидматрасонӣ, аз ҷумла андозу пули барқро саривақт мепардозем, аммо расман дар ҳеч куҷо вуҷуд надорем ва касе ба гапи мо гӯш намедиҳад."

Сокинон аз он нигарон ҳастанд, ки ҳангоми ба рӯйхатгирии аҳолӣ низ онҳоро ҳисоб намекунанд.

Дар идораи ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, онҳо масъули ҳалли ин мушкил нестанд ва ин мавзуъро ҳукумати Тоҷикистон ҳал мекунад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар ин идора, манзилҳое, ки сокинон бунёд кардаву онҷо зиндагӣ мекунанд, бӯстонсаро ҳисобида мешавад ва танҳо барои зиндагии мавсимӣ мувофиқ аст.

Дар санаде, ки тибқи қарори рақами 31 аз соли 2008 ба сокинон дода шудааст, гуфта мешавад, қитъаи замин аз сӯи ҷамъияти "Агропром" барои бунёди боғ ва иҷрои корҳои ободонӣ ҷудо карда шудааст. Сокинон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо мегӯянд, чанд ниҳоди ваколатдор, аз ҷумла идораи замини шаҳри Душанбе ба онҳо барои сохтани хона иҷозат додааст.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, баҳси заминҳое, ки дар он сокинон хона сохтаанд, вале санадашон мушкил дорад, дар саросари кишвар кам нест ва даҳсолаҳо ба ин сӯ идома мекунад.

Абдумаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт: "Ин сокинон метавонанд ба таври дастҷамъӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Дар ҳолати пазируфта шудани шикояти онҳо, таъиноти ин заминҳо, ки ҳоло танҳо барои боғдорӣ дода шудааст, иваз карда мешавад. Баъдан дар асоси қарори раиси ноҳия сокинон бояд қарори алоҳида ва шаҳодатномаи молумулк гиранд. Дар он сурат метавонанд манзилҳояшонро қонунӣ гардонанд."

Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар панҷ бӯстонсаро дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 1400 нафар зиндагӣ мекунанд. Бархе аз сокинон мегӯянд, агар ғайриқонунӣ дар ин заминҳо хона бунёд кардаву зиндагӣ доранд, пас, чаро мақомот аз онҳо андоз ва пули хадамоти коммуналиро мегиранд?

Ба таъкиди коршиносон, бояд ба ин мушкил ҳарчи зуд расидагӣ шавад, албатта, на ба он шевае, ки хонаҳои мардумро вайрон ва онҳоро сарсону саргардон кунанд, балки бо роҳи қонунӣ иҷозати зиндагӣ диҳанд ё онҳое, ки барои зиндагии доимӣ ба сокинон иҷозат додаанд, ба кори кардаи худ посух гӯянд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG