Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Зеварнисо гуфтанд, ки заминашро пас медиҳанд. ВИДЕО


Зеварнисо Маҳмадалиева, сокини деҳаи Калташӯри ноҳияи Вахш пас аз вайрон кардани хонааш
Зеварнисо Маҳмадалиева, сокини деҳаи Калташӯри ноҳияи Вахш пас аз вайрон кардани хонааш

Зеварнисо Маҳмадалиева, сокини деҳаи Калташӯри ноҳияи Вахш, қарореро дастрас кардааст, ки бар асоси он метавонад замини аз дастрафтаашро дубора соҳиб шавад. Ҳарчанд гуфта нашудааст, ҷуброни хонаи ба хок яксоншудаи ӯро кӣ пардохт мекунад.

Зеварнисо як моҳ пеш ба нишони эътироз аз амалкарди ҳамсояаш Тоҷик Урозов, ки замини ӯро як бахши хоҷагии деҳқонии худ дониста, хонаашро вайрон кард, мехост бо нӯшидани сирко худкушӣ кунад. Табибон ӯро аз марг наҷот доданд.

Баъд аз онки қазияи Зеварнисо Маҳмадалиева тариқи видео дар сайти Радиои Озодӣ намоиш дода шуд, тоҷикон аз дохилу хориҷ аз ноадолатӣ нисбат ба ин зан садо баланд карданд.

Шарбатулло Азизов, раиси ноҳияи Вахш, дар қароре, ки дар нимаи аввали моҳи июн содир шудааст, Тоҷик Урозовро аз ҳаққи истифодаи заминҳои хоҷагӣ маҳрум кард. Азизов, инчунин, дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии "Уроз" додани заминҳоро ғайриқонунӣ хонда, хостори чораҳои сахти интизомӣ ба кормандони идораи замини ноҳия шудааст.

Ҳоло заминҳои хоҷагии деҳқонии "Уроз", ки манзили Зеварнисо Маҳмадалиева дар як гӯшаи он буд, ба ихтиёри хоҷагии давлатии зотпарварии ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш гузашт. Зеварнисо рӯзи 29-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба ӯ фаҳмондаанд, ки қитъаи заминашро бармегардонанд.

То ба ҳол хонаводаи Урозовҳо дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Ба Зеварнисо гуфтанд, ки заминашро пас медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Зеварнисо Маҳмадалиева қарори раиси ноҳияи Вахшро ба тозагӣ дастрас кардааст ва ин варақро далели барқарории адолат медонад.

"Ин баҳси мо се сол боз идома дошт. Барои ҳалли он ба чанд идора сар задам, касе ҳал накард. Вақте ҳолати маро тариқи видео нишон додед, бисёриҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ карданд. Билохира, қарори раиси ноҳия ҳам баромад ва расман гуфт, ки заминҳо ба хоҷагии "Уроз" тааллуқ надорад", - гуфт ӯ.

Дар ин бора бештар бихонед:

"Сиёсат карданд, гуфтанд, ки мо зӯрем, ҳукуматем"

Дилшод Қобилов, муовини раиси ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъала бо дахолати мақомоти интизомӣ ва Додгоҳи вилояти Хатлон ҳал шудааст. Вай афзуд, "вақте қарор бекор шуд, замин ба таври автоматӣ ба молики пешинааш мегузарад."

Зеварнисо Маҳмадалиева. Рӯзи 29-уми июн
Зеварнисо Маҳмадалиева. Рӯзи 29-уми июн

Зеварнисо Маҳмадалиева мегӯяд, падараш соли 1988 дар як замини ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш хонае бунёд кард ва онро ба духтари бевамондааш ба мерос гузошт. Ҳамсояҳо низ гуфтанд, Қурбонмурод Маҳмадалиев то дами маргаш, яъне соли 2015, мунтазам андози заминро месупурд.

Ба қавли Тағоймурод Раҷабов, сокини деҳа, падари Зеварнисо "аз соли 1990-ум ҳаминҷоро обод кард, худаш сохтмон кард." Аммо ҳамсояааш Уроз Тоҷиков аз Зеварнисо -- ҳамсояи девор ба девораш хост, ки хонаро холӣ кунад, зеро замин ба номи онҳост. Заминро дар санадҳо ҳамчун замини хоҷагии деҳқонии "Уроз" сабт кардаанд.

Масъулони хоҷагии деҳқонии "Уроз" моҳе пеш хонаи Зеварнисоро валангор карданд. Пеш аз вайрон кардани хона, додгоҳи Вахш хонаи Зеварнисоро ғайриқонунӣ номида, баҳсро ба фоидаи Уроз Тоҷиков ҳал карда буд. Вале додгоҳи вилояти Хатлон амр дода буд, ки хона вайрон карда нашавад.

Баъд аз онки ҳаёти Зеварнисо Маҳмадалиева тариқи видео дар сайти Радиои Озодӣ намоиш дода шуд, тоҷикон аз дохилу хориҷ аз ноадолатӣ нисбат ба ин зан садо баланд карданд. Чанд нафар ҳам хонаҳои худро дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар барои Зеварнисо Маҳмадалиева пешниҳод намуданд.

Деҳаи Калташӯр 40 километр дуртар аз шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Онро соли 1956 бунёд кардаанд ва зиёда аз 100 хоҷагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG