Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони корҳои хориҷии ОМ дар Итолиё ҷамъ мешаванд


Рум. Акс аз бойгонӣ
Рум. Акс аз бойгонӣ

Интизор меравад, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Рум ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё баргузор шавад.

Ба иттилои Kazinform, ба ин нишаст дипломатҳои аршади Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон даъват шудаанд.

Итолиёро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Антонио Таяни намояндагӣ мекунад. Эҳтимол дар ҷаласа ҳамкорӣ дар мавриди тарҳи роҳи Каспий баррасӣ шавад, ки қарор аст роҳи тиҷоратиро миёни Аврупо, Шарқи Дур ва Осиёи Марказӣ бунёд кунад.

Иттиҳоди Аврупо ин ташаббусро бо арзиши 10 миллиард доллар дастгирӣ кардааст. Маълум нест оё Тоҷикистон ҳам барои ширкат дар ин ҷаласа ва ин тарҳ омодагӣ нишон додааст ё на.

Нақша ин аст, ки тавассути роҳи тиҷоратии мазкур то соли 2030 интиқоли молу коло то 11 миллион тонна афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG