Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои аввалин бор маъракаи ваксинзанӣ ё эмкунии навзодони аз 2 то 4-моҳаро шурӯъ кардааст. Мақомот мегӯянд, ин маърака ба хотири боло бурдани тавони масунияти тифлон дар баробари дарунравӣ роҳандозӣ шудааст.
Наврӯз Ҷаъфаров -- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом дар ҳама минтақаҳои кишвар амалӣ шуда, минбаъд ҳар сол идома хоҳад ёфт. Ӯ афзуд, то кунун дар Тоҷикистон барои бемории дарунравии навзодон эмкунӣ гузаронда намешуд: “Эмкунии зидди дарунравӣ то 50 дарсад масунияти хурдсолро боло мебарад ва сирояти бемориҳои дигарро низ кам мекунад”.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ВОЗ) низ дар як баёнияи худ дар бораи шурӯи эмкунӣ алайҳи дарунравӣ ва исҳоли хунин аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон истиқбол кардааст. Ин ниҳоди байнулмилалӣ мегӯяд, ҳар сол даҳҳо кӯдак дар Тоҷикистон аз исҳол ва ё дарунравӣ мефавтанд ва 40 дарсади навзодоне, ки дар бемористонҳо бистариянд, гирифтори ҳамин навъ беморӣ мебошанд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зикр мекунад, Тоҷикистон 14-умин кишвар аст, ки маъракаи эмкунӣ бар зидди дарунравӣ барои навзодонро амалӣ мекунад ва ин иқдом метавонад ба коҳиши маргу мири навзодон ҷиддан мусоидат намояд. Ин созмон мегӯяд, дар роҳи амалӣ кардани эмкунии навзодон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистонро пуштибонӣ кардааст ва барои омода намудани мутахассисон ҳам ёрии худро расондааст.