Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нотаи Тоҷикистон ба мақомоти Русия фиристода шуд


М.Эгамзод эътирози Тоҷикистонро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

М.Эгамзод эътирози Тоҷикистонро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки эътирози худ аз "таҳқир шудани" 150 мусофири ҳавопаймои ширкати "Дон-Авиа"ро ба ВУХ Русия таслим кардааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 4-уми март ёддошти эътирозии намояндагии дипломатии ин кишвар ба мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия ирсол шуд. Муҳаммад Эгамзод гуфт, ки ин ёддошт бо эътироз аз бархӯрди мақомоти Русия бо148 мусофири ҳавопаймои Хуҷанд-Ростови лаби Дон навишта шудааст.

Рӯзи 28 феврал парвози ҳавопаймо ба гумони гирифтории чанд мусофир ба бемории вабо, мутаваққиф ва ҳамаи 148 мусофири ҳавопаймо дар тӯли як шабонарӯз мавриди муоинаи пизишкӣ қарор гирифтанд. Ин ҳодиса дар матбуоти Русия сарусадои зиёд барпо кард, аммо рӯзи ҷумъа вазорати беҳдошти вилояти Ростов гуфт, ташхиси бактериологӣ бемории ваборо дар се мусофири гумонбаршуда ошкор накард. Баъдан ин иттилоъро сардухтури беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко ба матбуоти маҳаллӣ ҳам тасдиқ кардааст.

Дар хулосаҳои тиббӣ гуфта шуд, ки се мусофири ҳавопаймои тоҷикистонӣ бемории дарунравӣ (дизентерия) доштаанд. Баъди ин мақомот мусофирони дигарро озод карда онҳоро то Маскаву Санкт-Петербург, маҳалли ниҳоии парвозашон бурда расонданд.

Ин ҳодиса боиси нороҳатии шадиди сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев шуд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ ин амали мақомоти русро "таҳқиромез" унвон кард ва гуфт, ки аз мақомоти Русия таҳқиқи ин ҳодиса ва пардохти ҷуброни маънавии азиятҳои якшабонарӯзии шаҳрвандони Тоҷикистонро талаб хоҳад кард. "Онҳо на мо, балки худро шарманда карданд, ки фарқи ваборо аз дарунравӣ намефаҳмидаанд. Ҳоло баъди кӯшиши бадном кардани ин мардум, мегӯянд, ки онҳоро то манзилашон мерасонем. Онҳо дар як шабонарӯз қариб 150 нафарро таҳқир карданду «ту касали гузаранда» гуфтанду азоб доданд. Ҷавоби маънавии инро кӣ медиҳад?", -- гуфт А.Достиев дар сӯҳбат бо Озодӣ.


Аз рӯи иттилои Муҳаммади Эгамзод, масъулони консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар тамос бо ширкати ҳавоии "Дон-Авиа" буда, таҳқиқи ҳодисаи рӯзҳои 28 феврал-1 март идома дорад.
XS
SM
MD
LG