Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро бемориҳои миёни хурдсолон афзоиш ёфтааст?


Дар ин рӯзҳои гарми тобистон, эҳтимоли ба маротиб афзоиш ёфтани бемориҳои рӯдаву меъда ва дарунравӣ дар миёни хурдсолон мояи нигаронии ҷомеа ва ба хусус пизишкон шудааст.

Хайрӣ Раҷабова, модари чаҳор кӯдаки хурдсол, ки сокини маҳаллаи 33 -уми пойтахт аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баробар бо оғози фасли гармо, бемории дарунравӣ ё ба таъбири табибон диарея, аҳли хонаводаи онҳоро азият медиҳад.

МОДАРОНИ НИГАРОН АЗ АФЗОИШИ БЕМОРИҲО

Ин хонум сабаби аслии пайдоиши ин бемориро дар истеъмоли меваҳо ва хусусан бананаҳои вайроншудаи тавлиди хориҷа медонад, ки дар бозорҳо зери офтоби тафсон муддатҳои зиёд нигоҳ дошта шуда дар ҳолати харобшавӣ онҳоро тариқи мошин ва аробаҳо ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр бурда бо нархи арзонтар мефурӯшанд: «Охир ин кӯдакҳо бананаро, ки диданд, як сомонӣ гирифтаву медаванд. Ана 4 кӯдаки ман паси ҳам шикамдард шуданд. Яктоаш қариб, ки аз даст рафта буд. Беҳолу мадор шуда. Ҳамаи пуламон дар табобати ҳамин кӯдакҳо рафт. Танҳо кӯдакҳои ман не, балки чандто кӯдакҳои ҳамсояҳоямон ҳам ҳамин хел беморанд. Кошки, ки доруҳо ва табобат арзонтар бошад. Ягон илоҷаш нест, ки ҳамин хел меваҳоро роҳ надиҳанд дар шаҳр. Ё намешавад, ки тафтиш баранд, бинанд, ки дар ҳамон аробаҳо чӣ хел бананаву дигар меваҳоро оварда ба мардум мефурӯшанд?»

ТАБИБОН НИЗ НИГАРОНАНД...

Дар ҳамин ҳол Татяна Даброва, пизишки таҷрибадори бемориҳои кӯдакона мегӯяд, танҳо дар як рӯз, шанбеи гузашта 45 кӯдак бо бемории шадиди рӯда ва дарунравӣ ба маркази ҷумҳуриявии бемориҳои исҳоли кӯдакона оварда шуд. Ба гуфтаи вай, ҳамасола дар фасли тобистон бемориҳои дарунрав ва ҳамчунин домана дар миёни кӯдакон зиёд ба қайд гирифта мешавад, вале имсол тибқи мушоҳида, теъдоди чунин беморон ба маротиб афзудааст.

Хонум Даброва гуфт: «Хеле бисёр кӯдакон аз истифодаи нодурусти меваву сабзавот гирифтори дарунравӣ мешаванд. Лекин ду соли охир шахсан ман мушоҳида кардам, ки аз бананаҳои замони истифодаашон гузашта кӯдакон бештар бемор мешаванд. Масалан бинед, дар бозорҳо бананаро ба пӯсидан мерасонанд ва диданд, ки сиёҳ шуда вайрон шуда истодааст, ба ҷои партофтан арзонтар карда ба мардум мефурӯшанд. Ва як мушкили дигар ҳамин аст, ки падару модарон кӯдакони беморашонро дар хона табобат карданӣ мешаванд ва диданд, ки намешавад, хеле дер кӯдакро дар ҳолати вазнин ба беморхона меоранд ва баъзан аз дасти мо ҳам чизе барнамеояд.»

Ин дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон бо назардоши вазъ ва ба хотири ҷилавгирӣ аз бурузи ин гуна бемориҳо дар миёни аҳолӣ, аз чанд тадбир кор гирифтааст. Аз ҷумла, расман аз мақомоти гумрук ва марзбонии кишвар тақозо кардааст, ки интиқоли меваву сабзавот, хусусан бананаро аз хориҷи кишвар шадидан таҳти назорат дошта бошад. Инчунин мусофиронеро, ки бо нишонаҳои чунин бемориҳо тариқи ҳавопаймо ва қатора ба кишвар ворид мешаванд аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд.

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ЧОРА МЕАНДЕШАД

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи иқдомоти вазорати тандурустӣ оид ба пешгирии бемориҳои исҳолӣ дар фасли гармо ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бемориҳои исҳолӣ дар кишвари мо дар ҳолати мӯътадил қарор дорад, ҳарчанд дар баъзе ноҳияҳо ин гуна бемориҳо дар миёни кӯдакон бештар шудааст. Масалан домана аз соли пеш камтар ба қайд гирифта шудааст. Имсол низ мисли солҳои пешин Вазорати тандурустии Тоҷикистон нақшаву чорабиниҳои махсусро барои пешгирии бурузи бемориҳои исҳолӣ дар миёни аҳолии кишварро ба роҳ мондааст. Масалан ҳамин бемории наве, ки дар Аврупо пайдо шуд, масъулияти моро боз дучанд кард. Ва мо дар марзҳо ва бозорҳои байнимарзӣ назоратро аз болои фурӯши меваву сабзавоте, ки аз хориҷа оварда мешаванд, пурзӯр кардем.»

Ҷаноби Мирзоев афзуд, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирикунанда, ки аз ҷониби вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти зидахл сурат гирифт, имсол теъдоди гирифторони бемориҳои вазнини рӯдаву меъда ва ё исҳолӣ, то андозае коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, агар дар ҳамин давраи соли 2010, ёздаҳ ҳазор нафар гирифторони ин бемориҳо ба қайд гирифта шуда бошанд, имсол ин рақам ба 866 нафар коҳиш ёфтааст.

Аммо бо ин ҳам мақомоти вазорати тандурустӣ раҳоӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои мухталиф дар фасли тобистонро ба муносибати худи сокинон марбут медонанд. Онҳо тавсия медиҳанд, ки бар иловаи истифода накардани меваву сабзавоти пастсифат, қавоиди беҳдоштиро ба ҳангоми истеъмоли ҳама гуна меваҷоту полизиҳо бояд риоят кунанд.
XS
SM
MD
LG