Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти Мардони Мавлон дар Душанбе пас аз 14 сол


Пас аз ҳудуди 14 сол Мардони Мавлон - ҳунарманди маъруфи Узбакистон дар яке аз толорҳои шаҳри Душанбе барномаи консертӣ иҷро мекунад. Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барномаи ҳунарии Мардони Мавлон ҳамроҳ бо Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди саршиноси Тоҷикистон ва раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, баргузор мешавад.

Афзалшоҳ Шодиев ҳам рӯзи панҷшанбеи 23 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “воқеан соати 17. 00 дақиқаи имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамроҳи Мардони Мавлон, ҳунарманди Узбакистон барномаи консертии муштаракро иҷро хоҳем кард”. Ба гуфтаи ҷаноби Шодиев, "ин орзуи чандинсолаи мо ҳунармандони тоҷик буд, ки ҳамроҳи бародарону ҳамсоягонамон, ҳунармандони Узбакистон, ки миёни мардуми Тоҷикистон низ шӯҳрат доранд, барномаҳои муштараки консертӣ иҷро кунем."

Мардони Мавлон дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфта ва аз ҳунармандони маъруфи Узбакистон аст ва дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад.

Мардони Мавлон низ аз ширкати муштарак дар ин барномаи консертӣ истиқбол кард ва гуфт, ки “умед дорам, ин гуна барномаҳо ва сафарҳои ҳунарӣ миёни ҳунармандони тоҷику узбак бештар шавад ва мардумони ҳар ду кишвари ҳамсоя дар фазои сулҳу субот ва амонӣ зиндагӣ кунанд.”

Интизор меравад, Мардони Мавлон дар ин барномаи консерт суруду таронаҳои тоҷикӣ ва узбакӣ иҷро кунад. Мардони Мавлон, ҳамроҳи як гурӯҳ аз ҳунармандони Узбакистон, аз ҷумла гурӯҳи ҳунарии “Фарҳод ва Ширин” ба манзури ширкат дар ҷашнҳои наврӯз ба Тоҷикистон омадааст.

Ҳунармандони Узбакистон чун ҳунармандони афғон ва бархе дигар кишварҳо рӯзи 21 март дар таҷлили иди Наврӯз дар шаҳри Турсунзода, ҳузур пайдо карданд. Мардони Мавлон дар ин маросим таронаеро барои ширкатдорони ин ҷашн тақдим кард.

Мардони Мавлон соли 1963 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфта ва аз ҳунармандони маъруфи Узбакистон аст ва дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад. Вай то 15 соли пеш борҳо ба Тоҷикистон сафар карда ва на танҳо дар сатҳи расмӣ, ҳатто дар тӯю маъракаҳои тоҷикон ҳунарнамоӣ кардааст. Ба ин далел, мардуми тоҷик бо суруду таронаҳои Мардони Мавлон ошност ва ӯро ҳунарманди хеш медонанд.

Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта муносибати Душанбеву Тошканд ба марҳилаи нав ворид шудааст. Дар бархе аз соҳаҳо нармиш ба назар мерасад ва ҳамакнун мақомоти ду кишвар тавофуқоте ба манзури густариш ва тақвияти ҳамкориро рӯи даст гирифтаанд

XS
SM
MD
LG