Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи зидди раққосаҳо дар Узбакистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи андози Узбакистон таъқиби ҳунармандонро афзоиш медиҳад. Дар натиҷа, бисёри тӯйҳо дар Самарқанду Бухоро ва Хоразм бидуни раққосаҳо мегузаранд.

Як манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ҳафтаи гузашта хабар дод, ки мақомоти милиса аз як тӯй дар Бухоро ду раққосаро боздошт карда, бо худ бурдаанд. Ин манбаъ мегӯяд, “шунидем, ки аз ин ба баъд ширкати раққосаҳо дар тӯй манъ шудааст.”

Маълум мешавад, ки нафақат дар Бухоро, балки дар вилоятҳои дигари Узбакистон низ ҳоло тӯйҳо бидуни ширкати раққосаҳо мегузаранд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, дар ин авохир мақомоти Кумитаи андоз як шикори воқеиро алайҳи ҳунармандоне, ки бидуни иҷозатнома фаъолият доранд, ба роҳ андохтааст. Маъмурони андоз нафақат овозхонҳову раққосаҳоро ҷаримаҳои бузург мебанданд, балки соҳибони тарабхонаҳову тӯйхонаҳо ва соҳибони тӯйро низ барои даъвати ҳунармандони беиҷозатнома ба ҷавобгарӣ мекашонанд.

Дар натиҷаи ин маърака дар 3-4 моҳи охир бисёре аз тӯйҳо дар Узбакистон бидуни ширкати раққосаҳо мегузаранд.

Маъмури як тӯйхона дар шаҳри Бухоро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Раққосаҳо дар тӯйҳо тамоман нестанд, чунки иҷозатномаи фаъолият надоранд. Мақомоти андоз ба тӯйхонаи мо омаданд ва иштироки раққосаҳоро дар тӯйҳо манъ карданд. Онҳо гуфтанд, ки агар як раққосаро роҳ диҳем, тӯйхонаамонро мебанданд ва мӯҳр мезананд. Онҳо моро бо ҷарима метарсонанд.”

Аммо як масъули Кумитаи давлатии андози Узбакистон дар посух ба суоли Озодӣ бидуни ширкати раққосаҳо гузаштани бисёре аз тӯйҳо дар ин кишварро тасдиқ кард. Вале ӯ мегӯяд: “Чунин қарор ё қонуне нест, ки иштироки раққосаҳо дар тӯйҳоро манъ кунад. Мо танҳо назорати ҳунармандонеро, ки дар тӯйҳо хидмат мекунанд, тақвият додем. Мо то ҳол ба ин масъала аз паси панҷа нигоҳ мекардем. Вақте тафтиш кардем, маълум шуд, ки дар саросари кишвар ягон раққосае нест, ки иҷозатномаи расмӣ дошта бошад.”

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Озодӣ, бидуни иҷозатномаи ширкати давлатии “Узбекнаво” дар тӯйҳо хидмат кардани раққосаҳо ҳамчун фаъолияти ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад ва онҳое, ки бе иҷозатнома ба ин кор идома медиҳанд, ҷаримаҳои ҳангуфт баста хоҳанд шуд: “Агар аз иттиҳодияи консертии “Узбекнаво” иҷозатнома бигиранд, марҳамат, рақс кардан гиранд.”

Тӯй дар Бухоро
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Аммо як ҳамсӯҳбати дигари бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Бухоро, ки дар тӯйҳо ба ҳайси муҷрӣ хидмат мекунад, тафтиши иҷозатномаи раққосаҳо чанд сол боз идома дорад, вале ба далели фасоди густарда маъмурон маъмулан аз раққосаҳо ягон сӯм канда, ба лаб кулӯх мемолиданд. Ӯ меафзояд: “Баъди чандин амалиёт дар тӯйхонаҳои Бухоро аз тақрибан 500 раққосае, ки дар ин ҷо фаъолият дошт, ягон 50 нафараш иҷозатнома гирифтанд. Бақия ба маъмурони андоз ва “Узбекнаво” ягон сӯм пора дода, худро халос мекунанд. Ин маъмуре, ки пул гирифтааст, пеш аз оғози амалиёт раққосаҳои “худӣ”-ро хабардор мекунад ва тамом вассалом.”

Гирифтани иҷозатномаи фаъолият аз иттиҳодияи консертии «Узбекнаво» ва пардохтани андозҳо барои раққосаҳо ва ҳунармандони дигар дар Узбакистон 10 сол қабл ҳатмӣ шуд. Вале имсол , ба гуфтаи манобеи огоҳ, аз “боло” дастур омадааст, ки раққосаҳоро сахт бигиранд.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки риштаи фаъолияташ ташкили тӯйҳо дар Бухорост, мегӯяд: ”Дар Бухоро як раққоса барои хидматаш дар тӯй 100 000 сӯм (тақрибан 15 доллар) мегирад. Нархи иҷозатнома барои се моҳ ҳадди ақал 650 ҳазор сӯм ё тақрибан 100 доллар аст. Ба болои ин, раққоса бояд ҳар моҳ андозашро супорад. Агар раққоса қонунӣ кор кунад, даромаде барояш намемонад. Он ҳам дар ҳоле ки аксари раққосаҳо модарони танҳоянд, ки бояд кӯдакони худро таъмин кунанд. Аз ин рӯ, онҳо маҷбуранд бидуни иҷозатнома ва таваккалӣ кор кунанд.”

Ин ҳамсӯҳбати Озодӣ мегӯяд, тӯйҳо дар Узбакистон барои маъмурони андоз ҳамеша як манбаи “пулкоркунӣ” буд, вале акнун, ки аз “боло” ба онҳо ҷиҳати сахттар гирифтани домани раққосаҳо амр шудааст, ин маъмурон “ҳаққ”-и худро боз ҳам боло хоҳанд бурд: “Раққосаҳоро касе аз саҳна берун карда наметавонад. Онҳо ба корашон ҳамчунон идома медиҳанд. Вале ҳоло маҷбуранд ба мақомот “ҳаққ”-и зиёдтар диҳанд.”

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳо, дар тӯю маросимҳои афроди сарватманд ва мансабдор дар Узбакистон раққосаҳо бидуни кадом мамониат хидмат мекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки соҳибони тӯй дастикам 3 раққоса ва баъзан ҳатто як гурӯҳи рақсиро пурра ба тӯяшон даъват мекунанд.

XS
SM
MD
LG