Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Саидзода сарвазирро ба додгоҳ мекашад


Овозхони шинохтаи Ӯзбакистон Озода Саидзода мегӯяд, барои манъ шуданаш аз ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои калон ва телевизион аз соли 2006 ба ин сӯ сарвазири ин кишвар Шавкат Мирзиёевро ба додгоҳ мекашад.

Ин даъвои овозхон рӯзи 1-уми май дар сафҳаи ӯ дар шабакаи Twitter ба нашр расида, дертар дар сӯҳбат бо Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ вай гуфт, сарвазир барои овозхонҳои “дӯстдошта”-и худ ҳамаи шароитро фароҳам меорад ва рақибони эҳтимолии онҳоро аз саҳна меронад. Озода Саидзода (Нурсаидова) афзуд, барои даъвои худ далелҳои кофӣ дар даст дорад.

Ин сароянда гуфтааст, бар замми фишорҳои зиёде, ки сарвазир Шавкат Мирзиёев нисбати ӯ раво дидааст, акнун мехоҳад, манзили ӯро дар ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд, вайрон кунад. Овозхон дар ин ҷо ҳавлие баробар ба 8 садии ҳектор (сотих) доштааст, ки мақомот қарори тахориби онро баровардаанд. Дар ғояти ҳиссиёт ин овозхон навиштааст: “ҶАНОБИ МИРЗИЁЕВ! Ин қадар сол зиндагии маро ба ҷаҳаннам табдил додед, магар барои ШУМО КАМ буд, ки боз ба хонаи ман часпидаед?? Ягон қонунро мешиносед ё на?”

Озода Саидзода ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, дур кардани ӯ аз ҳунар дар соли 2001 сар шуда, аз соли 2006 ба ин сӯ ширкати ӯро дар консертҳо ва пахши таронаҳояшро дар телевизиону радио комилан манъ карданд. Вай бовар дорад, ки ин ҳам бо фармони Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ шудааст.

Дар бораи сабаби чунин бархӯрд хонуми Саидзода гуфт: “Сабаб дар ин аст, ки дар вақташ ба ман пешниҳод карданд, дар дастаи ӯ кор кунам ва ман ин ҷавоби рад додам. Мақсади ин ҳунармандону фарҳангиён ба қудрат расондани Мирзиёев аст. Ман ба перзиденте тан медиҳам, ки бо роҳи қонунӣ ва дар интихобот бо раъйи мардум ба қудрат расида бошад. Ман аз ин давлат ягон мукофот нагирифта ягон сипос нашунидаам. Аммо 20 сол аст ба ин мардуму ин кишвар хидмат мекунам. Ман ягон даъво ҳам надорам. На вакил шудан мехоҳам, на ҷоизае даркор дорам, фақат мехоҳам, ба ман рӯз диҳанд, ки зиндагиямро кунам. Ҳамин қадар бардоштам, бас, дигар тоқат надорам.”

Бо вуҷуди он ки ҳафт соли охир пахши таронаҳои ӯ манъ аст, Озода Саидзода яке аз овозхонҳои маҳбуби Ӯзбакистон ба шумор меравад. Ҳамроҳ бо ӯ пахши таронаҳо дар радио ва телевизион ва ҳамчунин ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои калон барои Фаррух Зокиров¸ Шералӣ Ҷӯраев¸ Юлдуз Усмонова¸ Обид Асомов¸ Шаҳзода Матчонова¸ Шоҳруҳ Рэп¸ Фирӯза Ҷумъаниёзова¸ Отабек Мадраҳимов¸ Фаррух Соибов ба таври ғайрирасмӣ манъ шудааст. Ширкати онҳо дар ҷашнвораҳои расмӣ низ номумкин аст.

Чанде пеш номи ҳунарпешагоне, ки дар маъракаҳои ташкилкардаи Гулнора Каримова -- духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон ширкат варзида ё дар бораи ӯ сухани нек гуфтаанд, ба монанди Мурод Раҷабов, Нилуфар Усмонова, Рашид Ҳолиқов, Алишер Узоқов, Набӣ Абдураҳмонов ва гурӯҳи “Зарба” низ ба ин “феҳрасти сиёҳ” шомил гашт.

Фарқи Озода Саидзода аз овозхонони дигар дар ин аст, ки ӯ дар эҷодиёташ ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи бештар медиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузури васеътар дорад
XS
SM
MD
LG