Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президентро кӣ ғам медиҳад?


Акси Гулнора Каримова аз ҳабси хонагӣ

Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, дар як номаи тӯлонӣ гуфтааст, ӯву духтари 15-солааш Имон “гаравгони вазъ ва табъи баъзеҳо” шудаанд.

Хабаргузории Uznews.net рӯзи 30 апрел номаи навбатии Гулнора Каримова - духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро нашр кард. Гулнора Каримова баъди имзо ба ҷои таърихи рӯзи мушаххас танҳо “Тошканд, апрели соли 2014” навиштааст, вале хабаргузории Uznews.net мегӯяд, ин нома ҳанӯз рӯзи 18 апрел ба дасташ расида буд.

Дар ин номаи тӯлонӣ ва афсурдаҳолона Гулнора Каримова ӯву духтари 15-солааш Имонро, ки аз тирамоҳи соли гузашта дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор доранд, “гаравгони вазъ, дақиқтараш гаравгони табъи баъзеҳое, ки худро намедонам, бар асоси кадом меъёр эътилоф мешуморанд” номидааст. Ӯ бидуни бурдани ном ба се нафаре ишора мекунад, ки гӯё модари Гулнора Татяна Акбаровна барои ҷосусӣ аз паси ӯ киро кардааст ва менависад, “онҳо ба фарқ аз раҳбарашон – раиси Хадамоти амнияти президент генерал Муиҷон Тоҳирӣ дӯст надоранд, ки чеҳраи худро бикушоянд.”
Аҳли хонаводаи Ислом Каримов
Аҳли хонаводаи Ислом Каримов
Вале Гулнора Каримова меафзояд, “онҳо метавонанд дар бозпурсиҳои ҳамроҳ бо латтукӯбу шиканҷа ширкат кунанд, дар гумрук пайдо шуда, бо кӯмаки маъмурони гумрук бидуни ягон шаҳр шиносномаатро кашида бигиранд, мошини ҳамсабақи духтари маро гирифта, дастони худи ӯро завлдона банданд...”

Гулнора Каримова мегӯяд, ҳоло мефаҳмад ки тайи дастикам ду соли охир ҳаряк қадамаш таҳти назорат будааст. Ӯ дар идома раҳбарони аввали Хадамоти амнияти Узбакистон бо шумули раисаш Рустам Иноятов, хешованди наздики вай Ҳаёт Шарифхоҷаев ва муовини раиси Хадамоти амнияти президент Ботир Умаровро ба рэкет ва назорати бозори воридоти ғайриқонунии машрубот ба Узбакистон айбдор мекунад ва мегӯяд, ширкати Zeromax, ки гуфта мешуд, ба Гулнора Каримова тааллуқ дорад, дар ниҳоят ба дасти сохторҳои марбут ба Хадамоти амният гузашт.

Номаи нави Гулнора Каримова асосан иборат аз посухҳо ба суолҳои як хабарнигори ББС Наталя Антелава ва сардабири хабаргузории “Фергананюс” Даниил Кисловро аст. Духтари президент иддаои Кисловро, ки муҷозоти ӯро “интиқоми падар барои тарзи зиндагии ӯ” номида буд, рад карда навиштааст, “қаблан касе ба ин ҳама коре надошт. Фишор ҳатто на баъди “Швейтсария”(зоҳиран – манзури Гулнора Каримова қазияи тасарруфи қасри ӯ дар ин кишвари аврупоӣ аз сӯи як ҳомии ҳуқуқи башари узбак аст), балки аз Твиттер ва сӯҳбатҳои беш аз ҳадд озодона дар бораи тамоми масоил сар шуд ва ин собит шудааст., ки падарам ба маҳзи пуштибонии ман аз ҷавонону “болои сар” кардани онҳо ва комёбии чорабиниҳои ман, бахусус “Садои Аср”, сахт ба хашм омад.“
Гулнора (аз чап) ва Лола
Гулнора (аз чап) ва Лола
Гулнора бори дигар ба хоҳари ягонааш Лола ва шавҳари ӯ Тимур Тиллоев дарафтода, менависад, онҳоянд ки ба зиндагии бошукӯҳ ин қадар алоқа доранд: “Ҳамагӣ як сол пеш онҳо 10-солагии издивоҷашонро ҷашн гирифтанд. Харҷи ин шабнишинӣ дар Дубай, бо фейерверки яксоата дар меҳмонсарову саворӣ дар яхтаи иборат аз 4 қабат ва консерт бо даъвати беҳтарин ситораҳои ҷаҳон на камтар аз 15 миллион доллар буд. Ё қасрҳои пуровоза, чун Le Palais дар Беверлӣ –Ҳиллз, ки барои хонаводаи Тиллоевҳо 60 миллион доллар тамом шуд – ин ҳама наметавонист ба ҳайси тарзи зиндагии бадномкунандаи духтарони ӯ нодида бимонад. Яъне масъала дар ин нест.”

Гулнора Каримова ҳамин тавр гуфтааст, ки 400 миллион еврои хоҳараш Лола ва шавҳари ӯ дар ҳисобҳои бонкӣ мунҷамид шудаанд.

Ба ақидаи Гулнора Каримова, падараш зоҳиран бо ҷазо додани ӯ мехост нишон бидиҳад, ки “нафари асосӣ” ӯст, на ҳеҷ каси дигар! Ӯ падарашро дар ин нома “Ислом Абдуғаниевич” ва модарашро “Татяна Акбаровна” ном гирифта, ҳадс мезанад, ки падарашро нисбат ба ӯ мақомоти амниятӣ тавассути расонаҳои “гапдаро” ва аз тариқи модараш чунин бад кардаанд. Адовати ӯ бо модараш ба ҳадде мерасад, ки вай ба як сурати ғайриаланӣ модарашро ба даст доштан дар таҳрики даргириҳои 4 сол пеш байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон айбдор мекунад.

Мансур Мақсудӣ, падари Имон – духтари 15-солаи Гулнора Каримова – шаҳрванди Амрикост ва Каримова менависад, ки билофосила баъди ба ҳабси хонагӣ андохтани ӯву духтараш консул ва атташеи низомии сафорати Амрико аз Имон аёдат карданд. Вале, мафзояд ӯ, ҳоло нафароне ангуштумшоре ки аз онҳо хабар мегиранд, ба дунбол мавриди бозҷӯӣ ва ҳатто латтукӯби таҳқири мақомот қарор мегиранд.

Гулнора Каримова дар поёни номааш ба қазияи ширкати мухобиротии шведии
пардохта, навиштааст, ки ҳеҷ гоҳ бо намояндагони он мулоқот накардааст. Ӯ муттаҳам шуданаш ба гирифтани садҳо миллион евро ришва аз ин ширкат барои боз кардани роҳаш ба бозори Узбакистонро ба “рақобати ширкатҳои фаромиллӣ ва ба фоидаи худ банд кардани минтақаҳои гуногун” рабт медиҳад ва мегӯяд, “Teliasonera дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар низ чунин рафтор карда буд.” Вале боз ҳам Гулнора Каримова ба сурати босароҳат ва қотеъона иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад намекунад, балки мегӯяд, худи ин ширкат баъди мухзокироту баррасиҳои тӯлонӣ аз байни ӯву хоҳараш Лола, ки барои мулоқот бо онҳо дар Туркия алакай розӣ шуда буд, ба музокира бо вай бартарӣ додаанд.

Додситонии Шветсия моҳи март хабар дод, ки ба таҳқиқи аъмоли Гулнора Каримова бо гумони ришвагирӣ дар ивази роҳ додани TeliaSonera ба бозори мухобироти Узбакистон шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи додситонҳо, TeliaSonera дар соли 2007 барои дарёфти муҷаввизи 3G ба ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant 2,3 миллиард крони шведӣ, муодили 358 миллион доллар пул додааст. Takilant аз ширкатҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов, номбар мешавад. Ин ширкат дар қоғаз ба номи Гаянэ Авакян, яке аз мушовирони наздики Гулнора Каримова, сабт шуда буд.

Виллаи Каримова дар Женева
Виллаи Каримова дар Женева
Гулнора Каримова тасарруфи қасраш аз сӯи Сафар Бекҷон ном як ҳомии ҳуқуқи башари узбак дар моҳи декабри соли гузаштаро низ кори дасти Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти Узбакистон хонда буд. Дар охири номааш Гулнора Каримова навиштааст, талош хоҳад кард, то ҳарчӣ зудтар аз қазияи боздошти Шариф Иноятов, писари раиси Хадамоти амнияти Узбакистон, дар Сюрих дар моҳи июл ва баргардондани ӯ ба Тошканд дар моҳи сентябр баъди сафари ду ходими ин идора ба Женева пардабардорӣ кунад. Ба бовари ӯ, боз шудани ҷузъиёти ин қазия метавонад ҷавоби “чистон”-еро, ки дар зиндагии то чанд моҳи пеш беғами ӯ ба вуҷуд омад, биёбад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG