Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доираи парвандаи Гулнора Каримова васеътар мешавад


Ширкати русии "Вимпелком" дар робита ба парвандаи шустушӯи пул ва ришватгирӣ аз тарафи Гулнора Каримова духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳадафи тафтиш қарор гирифтааст.

Бино бар иттилои хабаргузории "Ройтерз", муфаттишони амрикоӣ ва даниягӣ ба таҳқиқи фаъолияти ширкати мобилии "Вимпелком" пардохтаанд ва гуфта мешавад, ин пажӯҳиш бахше аз парвандаи ширкати "Телиасонера"-ро ташкил хоҳад дод. Дар ин парванда гуфта мешавад ширкати "Телиасонера" барои дарёфти ҳаққи фаъолият дар Ӯзбакистон ва ҳимоят аз мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ ба Гулнора Каримова -- духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов 350 миллион доллар пора додааст.

Хабари нав дар ҳоле нашр мешавад, ки Додситонии кулли Швейтсария Гулнора Каримоваро дар шустушӯи пул гумонбар дониста, зидди ӯ парванда боз намудааст. "Ин парванда то ҳоло чаҳор айбдоршаванда дошт, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ӯзбакистон буда, соли гузашта ҳангоми як муомилаи ғайриқонунии пулӣ дар яке аз бонкҳои Швейстария боздошт шудаанд," -- мегӯяд намояндаи мақомоти тафтишотии Швейтсария. Акнун тасмим гирифта шуд, нақши Гулнора Каримова дар додуситади мазкур таҳқиқ шавад.

Бо қарори нави
Додситонии кулли Швейтсария моликияти Гулнора Каримова дар ин кишвар, ки ба 1 миллиард доллар баробар аст, зери назорат гирифта шуд.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта Барномаи байналмиллалии Нашри масъалаҳои марбут ба ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ Гулнора Каримоваро ба феҳристи “одамони номдори соли 2013” дохил кард. Ин созмон аз 19 маркази тиҷоративу ғайритиҷоратӣ иборат аст ва ҳар сол феҳристи шахсиятҳои машҳуреро, ки дар ҷиноятҳои созмонёфта, ришвахорӣ ва таҳкими робитаҳои ҷиноӣ саҳми фаъол доранд, ба нашр мерасонад. Гулнора дар ин феҳрист бо Дарко Сарич-раҳбари гурӯҳи қочоқбарони серб ва Черногория ва соири афроди машҳури олами ҷиноӣ дар як радиф қарор гирифт.

Ба эҳтимоли зиёд номи Гулнора дар феҳристи мазкур баъд аз он шомил шуд, ки бино бар ҳуҷҷат ва санадҳои дарёфтӣ,Гулнора Каримова аз ширкати шведсиягии TeliaSonera ришва гирифтааст.Дар ин аснод шартҳои фаъолияти ширкати TeliaSonera дар Узбакистон баррасӣ шуда, бархе аз талабҳо дар байни сатрҳои чопӣ аз даст навишта шудаанд. Дар ҳоле ки хатшиносон ин дастнависҳоро ба Гулнора Каримова нисбат медиҳанд, бино бар яке аз онҳо, барои озод шудани ширкати TeliaSonera аз тафтиши идораҳои андоз, гумрук, кумитаи зидди монополӣ, ширкати давлатии “Узбектелеком” ва Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон он бояд 15 миллион доллар диҳад ва маъракаҳои созмони иҷтимоии Гулнора Каримова “Фонд Форум”-ро сармоягузорӣ кунад.

Рӯзи 31-уми июни соли 2012 TeliaSonera ин шартро пазируфта, аммо хостааст, маблағи умумӣ 12 миллион доллар бошад. Аммо дар рӯйи санади чопӣ бо даст навишта шудааст, ки нарх тағйир нахоҳад кард.

Дар санади дигар ба ширкати TeliaSonera ваъда шудааст, ки дар ивази 5 миллион доллар шумораи муштариёни он афзоиш дода хоҳад шуд, вале агар ин афзоиш аз 2 миллион муштарӣ бештар шавад, нарх низ боло хоҳад рафт. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки афзоиши муштариёни TeliaSonera эҳтимолан аз ҳисоби онҳое дар назар дошта шудааст, ки муштарии ширкати русии “МТС” буданд ва нома баъд аз 10 рӯзи бо қарори додгоҳ баста шудани ин ширкат, яъне 27-уми июли соли 2012 навишта шудааст. Зимнан, муайян гаштааст, ки чандин миллион нафар аз муштариёни пешини “МТС” баъд аз қатъи кори он ба ширкати Ucell, ки мансуби TeliaSonera аст, пайвастаанд.

Дар ин ҳуҷҷатҳо ҳамчунин амалкардҳои марбут ба ширкатҳои чинии Huawei, русии “МТС” ва Билайни марбут ба VimpelCom Ltd. Зикр ёфтаанд. Дар поварақи яке аз онҳо саволе дастӣ навишта шудааст, ки оё корҳои бо Билайн хубанд ё не?

Дар санадҳои марбут ба TeliaSonera гуфта шудааст, ки шартҳои марбут ба 15 миллион доллар дар қарордод ба шакли нофаҳмо ва маҷозӣ зикр хоҳанд шуд. Дар ҳошияи он дастхатте ҳаст, ки ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ куҷо набояд аз “Фонд Форум” ном бурда шавад.

Агар нукоте, ки дар ин санадҳо омадааст, дар воқеият дида намешуд, шояд онҳо беаҳамият шумруда мешуданд. Фактҳо ингунаанд, ки ширкати TeliaSonera хеле дертар аз ширкатҳои дигари ҷаҳонӣ, дар соли 2007 вориди бозори Узбакистон шуда бошад ҳам, дар муддати кӯтоҳ бахши асосии ин бозорро ба даст гирифт. Он сармоягузори даҳҳо ҷашнвораву маъракаҳое будаст, ки бо ташаббуси Гулнора Каримова баргузор шудаанд. Шикасти “МТС” дар бозори Узбакистон боз ҳам сабаби густариши TeliaSonera гаштааст.

Ҷон Девӣ, ки дар соли 2008 мудир кулли ширкати Ucell-и TeliaSonera дар Узбакистон буд, дар филми мустанади Телевизиони ҷамъиятии Шведсия иқрор кардааст, ки барои гирифтани иҷозати кор ва таҳияи шароити фаъолият дар Узбакистон 320 миллион доллар додааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, агар бо ин роҳ намерафт, ҳукуматдорон дар Узбакистон ҳар сари чанд вақт барои ширкат мушкилоте ба миён меоварданд.

Дар санадҳо гуфта мешавад, ҳамаи маблағҳо бояд дар ҳисоби муайян дар бонки “Ломбард”-и Швейтсария гузошта шавад ва соли гузашта ду шаҳрванди Узбакистон, ки аз афроди Гулнора Каримов шумурда мешаванд, дар толори бонк боздошт ва ба шустушӯи пул муттаҳам шуданд. Пас аз пахши филми мустанади телевизионӣ додситонии Шведсия зидди ширкати TeliaSonera парвандаи ҷиноӣ боз кард, раиси он Ларс Нюберг ба истеъфо рафт ва тамоми ҳайати раҳбарии ширкат нав шуд.
XS
SM
MD
LG