Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "ришвахории ҷиддӣ"-и Гулнора Каримова


Гулнора Каримова дар овоне ки ҳанӯз "валидаҳд"-и Узбакистон ба шумор мерафт
Гулнора Каримова дар овоне ки ҳанӯз "валидаҳд"-и Узбакистон ба шумор мерафт

Додситонии Шветсия Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистонро расман ба ришвахорӣ ба маблағи садҳо миллион доллар айбдор кардааст.

Бахши мубориза бо фасоди додситонии кулли Шветсия рӯзи 24 март дар сомонаи ин ниҳод хабар дод, ки аз додгоҳи Стокҳолм, пойтахти ин кишвари аврупоӣ хостааст, ки то таҳқиқи парвандаи садҳо миллион доллар ришвадиҳии ширкати шведии TeliaSonera барои роҳ ёфтан ба бозори Узбакистон, пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказиро тамдид кунад. Дар ин дархост ҳамчунин гуфта шудааст, ки Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз сӯи додситонии Шветсия ба “ришвахории ҷиддӣ” гумонбар дониста мешавад.

Муфаттишони швед мегӯянд, ба таҳқиқи Гулнора Каримова бо гумони ришвагирӣ дар ивази роҳ додани TeliaSonera ба бозори мухобироти Узбакистон шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи додситонҳо, TeliaSonera дар соли 2007 барои дарёфти муҷаввизи 3G ба ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant 2,3 миллиард крони шведӣ, муодили 358 миллион доллар пул додааст. Takilant аз ширкатҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов, номбар мешавад. Ин ширкат дар қоғаз ба номи Гаянэ Авакян, яке аз мушовирони наздики Гулнора Каримова, сабт шуда буд.
Парванда алайҳи Гулнора Каримова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00
Линки мустақим

Додситонҳои Шветсия гуфтаанд, “мо далоили мушаххасе барои гумонбар кардани Гулнора Каримова дар даст дорем, ки маҳз ӯ, ки дар тӯли як муддат дар мансаби давлатӣ кор мекард, нафаре буд, ки музокирот бо TeliaSonera-ро ташкил ва ҷараёни онро назорат мекард ва аз ин ҷараён фоида мегирифт.”

Додситонии Шветсия то кунун аз Гулнора Каримова дар робита ба як парвандаи шустушӯи пулҳо, ки низ ба TeliaSonera рабт мегирифт, ном мебурд. Мақомоти Амрикову Ҳолланд низ фаъолиятҳои ин духтари Ислом Каримовро таҳқиқ мекунанд.
Додситонҳои Шветсия TeliaSonera – яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Скандинавияро чанд сол боз ба харидани назари мувофиқи намояндагони элитаи сиёсии Узбакистон, аз ҷумла Гулнора Каримова айбдор мекунанд. Дар изҳороти додситонии Шветсия омадааст, ки “ширкати шведӣ тайи солҳои 2007-2010 ба хотири ба даст овардани мавҷҳои лозим ришва медод.”

Ба ҳисоби мақомоти Шветсия, фоидае, ки танҳо Гулнора Каримова аз ин муомилоти машкук бо TeliaSonera ба даст овардааст, метавонад то 240 миллион евроро ташкил диҳад. Ба бовари додситонӣ, раҳбарони ширкати TeliaSonera аз ин муомилот хабар доштанд, вале ба хотири роҳ ёфтан ба бозори ояндадори Узбакистон бо зери 30 миллион аҳолиаш ба ин ҳама чашм пӯшидаанд.

TeliaSonera дар соли 2007 дар пайи харидани ширкати амрикоии “Коском” ба Узбакистон роҳ ёфт ва то ҳол дар бозори ин кишвар таҳти бренди “Ucell” фаъолият дорад. Ин ширкат чанд сол пеш ширкати “Индиго-Тоҷикистон”-ро низ харид ва феълан таҳти бренди “Tcell” яке аз ширкатҳои пешқадам дар бозори мухобироти Тоҷикистон низ ба шумор меравад.
Гулнора Каримова(аз чап), Рустам Иноятов(аз рост)
Гулнора Каримова(аз чап), Рустам Иноятов(аз рост)
Қазияи чигуна ба бозори Узбакистон роҳ ёфтани TeliaSonera дар ҳоли ҳозир аз сӯи мақомоти Амрикову Швейтсария низ таҳқиқ мешавад. Швейтсария рӯзи 12 март расман хабар дод, ки алайҳи Гулнора Каримова бо гумони даст доштан дар шустушӯи пул парванда кушодааст. Бино ба иттилои худи TeliaSonera, ки рӯзи 17 март нашр шуд, вазорати адлияи Амрико низ қазияи чигуна дар соли 2007 дар Узбакистон ба муҷаввизи 3G, мавҷҳо ва силсилаи шумораи телефонҳо даст ёфтани ин ширкатро таҳқиқ мекунад.

Таҳқиқоти тиҷоратҳои TeliaSonera дар Узбакистон чанд сол боз идома дорад. Дар маҷмӯъ дар робита ба ин қазия танҳо дар Швейтсария ҳисобҳои бонкӣ бо маблағи бузурги баробари беш аз 800 миллион франк, муодили 910 миллион доллар, ки як бахши аъзамаш, бовар меравад, ба Гулнора Каримова тааллуқ дорад, масдуд шудаанд.

Таҳқиқи фаъолиятҳои Гулнора Каримова аз сӯи мақомоти кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле идома дорад, ки ӯ дар Узбакистон ҳам мавриди қаҳри падари пурнуфузаш қарор гирифтааст. Дар чанд моҳи охир аз Узбакистон аз ҷумла тавассути худи Гулнора Каримова дар бораи боздошти даҳҳо нафар аз афроди наздик ба ин духтари президент гузориш расид. Худи Гулнора Каримова мӯътақид аст, ки ҳадафи аслии ин ҳама таъқибу боздоштҳо худи ӯст ва дар пушти ин ҳама Рустам Иноятов, раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон истодааст.

Номае ки бовар меравад, Гулнора Каримова навиштааст
Номае ки бовар меравад, Гулнора Каримова навиштааст
Рӯзи 21 март, дар рӯзи Наврӯз, бахши узбакии Радиои Озодӣ номае дарёфт кард, ки бо даст навишта шудааст ва бовар меравад, ки ба қалами Гулнора Каримова тааллуқ дорад. Ӯ дар ин нома хабар додааст, ки дар Тошканд таҳти ҳабси хонагӣ ва “таҳти фишори зиёди равонӣ” қарор дорад ва ҳатто латтукӯб ҳам шудааст.

Гулнора Каримова дар ин номаи тӯлонӣ ва пурдард модараш, хоҳари хурдиаш – Лола Каримова - ва аз Рустам Иноятову генералҳои дигари узбакро сабабгори таъқиби шадиди 5 моҳи охир алайҳи худ меномад, бо як лаҳни хеле тунд ба падараш - Ислом Каримов - дармеафтад, ки ба синни 76 расидааст, вале ба ҷои кушодани чатри меҳрубонӣ болои сари фарзандону набераҳо ҳамаи онҳоро батадриҷ аз худ дур мекунад. Муаллиф, ки бовар меравад, Гулнора Каримова бошад, ҳамзамон аз сахт мариз шуданаш дар натиҷаи ин “фишорҳои равонӣ” лаб ба шиква мекушояд ва аз Ислом Каримов илтиҷо мекунад, ки ӯро иҷозат бидиҳад, то барои табобат ба хориҷ биравад.
Ислом Каримов бо аъзои хонаводааш
Ислом Каримов бо аъзои хонаводааш
Гулнора Каримова, ки 8 июли соли 1972 дар Фарғона ба дунё омадааст, духтари калонии Ислом Каримов аст. Ӯ то тирамоҳи соли 2013 бо истифода аз ҳимояти падараш ва атрофиёни ӯ дар Узбакистон аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдор буд ва ҳатто вориси эҳтимолии тахти падараш ном бурда мешуд. Ӯ даҳҳо ширкату корхона сохта, тими футбол ҳам дошт бо номи “Бунёдкор”, дизайнери либос ҳам буд ва ҳатто бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард...

Мунтақидон аммо мегӯянд, решаи “комёбӣ-ҳои ӯ дар асл номи падараш буд ва Гулнора Каримова бо истифода аз нуфузи худ аксари тиҷоратҳои муваффақ дар Узбакистонро зери назорати худ оварда, ҳатто аз ширкатҳои бузурги хориҷӣ барои “ҳимоят” аз тиҷораташон дар ин кишвар “ҳақ” меситонд. Аммо дар тирамоҳи соли гузашта, дар пайи расонаӣ шудани чанд қазияи фасоди марбут ба Гулнора Каримова, аз ҷумла парвандаи садҳо миллион доллар ришвадиҳии ширкати шведии TeliaSonera, мавқеи Гулнора дар Узбакистон хеле танг шуд. Мухолифини узбак мегӯянд, ин кор бо ризоияти худи Каримов шудааст, зеро бидуни амри мустақими ӯ касе дар Узбакистон ҷуръат намекард, ки ҳатто пишаки Гулнора Каримоваро пишт гӯяд.
XS
SM
MD
LG