Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ду вазири Туркияро таҳрим кард


Амрико дар вокуниш ба идомаи боздошти Андрев Брунсон, роҳиби амрикоии зиндонӣ дар Туркия, вазирони адлия ва умури дохилӣ дар ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро, таҳрим кард. Вашингтон мегӯяд, ин ду вазир дар боздошти оқои Брунсон даст доранд.

Вазорати молияи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми август дар баёнияе бо эъломи таҳрими Абдулҳамид Гул, вазири адлия ва Сулаймон Сойлу вазири умури дохили Туркия ба хотири нақшашон дар боздошти оқои Брунсон, гуфт, ҳамаи амволи ин ду нафар дар Амрико масдуд мешавад ва амрикоиҳо ҳаққи муомила бо онҳоро надоранд.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико худ мустақиман дар хусуси оқои Брунсон бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия сӯҳбат карда буд.

Ин вазоратхона боздошти оқои Брунсон, роҳиби 50-солаи амрикоиро ноодилона хонда ва гуфтааст, ки давоми ин боздошт ғайри қобили қабул аст. Бар гузориши хабаргузории "Рейтерз", вазорати умури хориҷии Туркия ин тасмими Вашингтонро "душманона" дониста ва афзудааст, ки ба ин иқдом посухи муносиб хоҳад дод.

Андрев Брунсон дар пайи табаддулоти нокоми соли 2016 ба иттиҳоми "ҷосусӣ", "терроризм" ва иртибот бо шабакаи Фатҳуллоҳ Гюлен ва гурӯҳҳои шӯришии курд, боздошт шуд. Иттиҳомот алайҳи ин роҳиби амрикоӣ, ки беш аз бист сол дар Туркия зиндагӣ мекунад, метавонад сабаби маҳкум ба 35 сол ҳабси вай шавад. Оқои Брунсон ин иттиҳомро радд кардааст.

Таниш миёни Амрико ва Туркия бар сари як роҳиби зиндонӣ

Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе таъкид кард, ки оқои Брунсон ҳеҷ иштибоҳи муртакиб нашуда ва боздошти ӯ аз сӯи ҳукумати Туркия "ноодилона ва ғайримунсифона" аст.

Андрев Брунсон.
Андрев Брунсон.

Андрев Брунсон ҳафтаи гузашта пас аз 21 моҳ зиндон, ба ҳабси хонагӣ мунтақил шуд. Вай ахиран дархост карда буд, ки то вақти баргузории мурофиа, ҳабси хонагии ӯ ба таъхир гузошта шавад. Аммо додгоҳ рӯзи шанбе ин дархости ӯро радд кард.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико худ мустақиман дар хусуси оқои Брунсон бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия сӯҳбат карда буд. Оқои Трамп ҳафтаи гузашта низ дар паёми твиттерии худ хостори озодии фаврии оқои Брунсон шуда буд ва Туркияро ба ҷорӣ кардани таҳримҳои сахт таҳдид кард.

Дар вокуниш ба ин таҳдид, Мавлуд Чошвушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ бар "ҳокимияти қонун" таъкид карда ва гуфта буд, ки ҳеҷ касе наметавонад ба Анқара дастур бидиҳад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар хусуси ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Туркия гуфт, пас аз борҳо муколамаи оқои Трамп бо оқои Эрдуғон ва сӯҳбатҳои шахсии вай бо вазири умури хориҷии Туркия, дар ниҳоят оқои Трамп ба ин натиҷа расид, ки ҷорӣ кардани таҳримҳо "иқдоме муносиб" аст.

Оқои Помпео ин ҳафта дар нишасти вазирони умури хориҷии узви Иттиҳодияи кишварҳои Ҷануб-Шарқи Осиё дар Сингапур ширкат мекунад ва ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико, қарор аст вай дар ҳошияи ин нишаст бо вазири умури хориҷии Туркия мулоқот дошта бошад.

XS
SM
MD
LG