Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Амрико ва Туркия бар сари як роҳиби зиндонӣ


Андрев Брунсон.

Таниш миёни Туркия ва Амрико бар сари як роҳиб ё кашиши масеҳӣ, боло гирифтааст. Вазири умури хориҷии Туркия дар вокуниш ба таҳдиди Доналд Трамп дар бораи таҳрими кишвараш дар сурати идомаи боздошти ин роҳиби амрикоӣ таъкид кард, ки ҳеҷ касе наметавонад ба Анқара дастур бидиҳад.

Аз ин қабл, муовини раиси ҷумҳури Амрико низ Туркияро таҳдид карда буд, ки дар сурати озод накардани роҳиби амрикоӣ Брунсон, ҳадафи таҳримҳо қарор хоҳад гирифт.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи панҷшанбеи 26-уми июл дар "Твиттер"-и худ навишт, "касе наметавонад ба Туркия дастур бидиҳад. Мо таҳдидҳоро аз ҷониби ҳар касе, ки бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул намекунем". Вай дар идома гуфт, "қонун барои ҳама аст ва наметавон барои ҳеҷ касе истисно бошад."

Боздошти Андрев Брунсон, роҳиби амрикоии муқими Туркия дар ин кишвар, робитаи Вашинтон ва Анқараро бо буҳрон рӯбарӯ кардааст. Оқои Брунсони 50-сола дар пайи табаддулоти нокоми тобистони соли 2016 ба иттиҳоми "ҷосусӣ" ва робита бо шабакаи Фатҳуллоҳ Гюлен ва гурӯҳҳои шӯришгари курд, боздошт шуд.

Ин иттиҳом метавонд боис ба 35 сол зиндони вай шавад. Аммо оқои Брунсон ин иттиҳомро радд карда, онро "шармовар", хондааст. Вай рӯзи чаҳоршанбе бинобар беморӣ, аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе Туркияро ба ҷорӣ кардани таҳримҳои сахт, таҳдид кард. Оқои Трамп навишт, "Амрико ба хотири боздошти дурударози роҳиб Брунсон, як масеҳии бузург, марди хонавода ва инсони фавқулодда, таҳримҳои сахтеро алайҳи Туркия ҷорӣ хоҳад кард". Вай дар идомаи ин паёми твиттерии худ оқои Брунсонро бегуноҳ хонд ва хостори озодии ҳарчи фаврии ӯ шуд.

Хабаргузории давлатии Туркия "Анадолу" вокуниши сухангӯи вазорати умури хориҷии ин кишварро низ нашр кардааст. Вазорати умури хориҷии Туркия гуфтааст, ки изҳороти Трамп робитаҳои дӯстонаи Вашинтгон ва Анқара ва иттиҳоди онҳоро ба хатар меандозад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Туркия бо ишора ба ҳаққи ҳокимияти миллии Туркия ҳамчунин таъкид доштааст, ки ҳеҷ кишваре наметавонад Анқараро таҳдид кунад ва ба он дастур бидиҳад ва асосан чунин амре ғайри қобили қабул аст.

Аз ин қабл, муовини раиси ҷумҳури Амрико низ Туркияро таҳдид карда буд, ки дар сурати озод накардани роҳиби амрикоӣ Брунсон, ҳадафи таҳримҳо қарор хоҳад гирифт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG