Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев: Русия ба ишғоли нангини Украина хотима диҳад! (2 ВИДЕО)


Ҷо Байден ва Арсений Ятсенюк

Ноиби раисиҷумҳури Амрико дар Киев гуфт, Амрико аз набарди Украина барои ояндааш пуштибонӣ мекунад. Сарвазири Украина аз Русия тақозо кард, ки нирӯҳояро аз Қрим пас бикашад

Дар ҳоле ки бӯҳрони Украина амиқтар меравад ва нишонае ба ҳалли он намудор нест, ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ваъдаи ҳимоят аз Украинаро дод ва таъкид кард, Амрико тасарруфи Қрим аз сӯи Русияро эътироф нахоҳад кард. Байден рӯзи 22 апрел дар Киев, дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Украина Арсений Ятсенюк гуфт, “Украина бояд як кишвари том боқӣ монад.” Вай дар ҷараёни сафараш ба Украина ҳамчунин бо президенти ин кишвар Олександр Турчинов низ мулоқот кард.

Байден гуфт, ягон кишвар ҳақ надорад, қаламрави кишвари дигарро ғасб кунад ва ягон кишвар ҳақ надорад бо таҷаммуи нерӯ дар марз ба кишвари дигар таҳдид намояд. Вай аз Русия даъват кард, нерӯҳояшро ақиб барад ва аз ҳимояти силоҳбадастон даст бардорад: ”Бархе ҳастанд, ки талош доранд, Украинаро пора кунанд ва мо дар ин мубориза барои ояндаатон шуморо ҳамроҳӣ мекунем. Мо ҳамеша ошкоро гуфтаем, ки рафтори иғвогаронаи Русия нархи баланд хоҳад дошт ва ба инзивои шадидтари он сабаб хоҳад шуд.” Байден гуфт, Русия бояд аз гап ба амал гузарад, вагарна идомаи рафтори кунуниаш боиси ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар зидди Русия хоҳад шуд.

Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк дар ин нишасти хабарӣ такрор кард, ки кишвараш ҳаргиз ишғоли Қримро эътироф нахоҳад кард. Вай аз Русия талаб кард, ки бидуни таъхир нерӯҳои худро аз Қрим берун бикашад ва ба ишғоли “нангин”-и Украина хотима гузорад.
Ятсенюк: Русия ба ишғоли Украина нуқта гузорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ятсенюк ҳамчунин гуфт, интихоботи президентии Украина бояд тибқи нақша дар моҳи оянда баргузор шавад. Ин маърака ба рӯзи 25 май муқаррар шудааст. Сарвазири Украина гуфт, кишвараш ба интихоби ҳарчӣ зудтари як раҳбари машрӯъ ниёз дорад, вале ин сенарияест, ки ба ақидаи Ятсенюк, Маскав онро намехоҳад.



Раҳбари тоторҳои Қримро то соли 2019 ба Қрим роҳ нахоҳанд дод

Мустафо Ҷамилев
Мустафо Ҷамилев
Мақомоти рӯ ба Маскави нимҷазираи Қрим раҳбари тоторҳои Қримро барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба ин вилоят манъ карда, аз боқӣ тоторҳо ҳам хостаанд, ки агар розӣ нестанд, тарки ин минтақа кунанд. Сухангӯи Маҷлиси тоторҳои Қрим – иттиҳодияи умдаи ин ақалияти қавмӣ - рӯзи 22 апрел гуфт, Мустафо Ҷамилевро субҳи имрӯз ҳангоми убур аз марзи Қрим ба қасди Украина хабардор кардаанд, ки ӯ то соли 2019 “персона нон грата” (нафари мамнӯъулвуруд) эълон шудааст.

Мустафо Ҷамилев, раҳбари тоторҳои Қрим ва вакили порлумони Украина аз ҳизби “Баткившина”-и сарвазири собиқ Юлия Тимошенко, се рӯз пеш, ҳангоми вуруд ба Қрим них барои як муддати кӯтоҳ дар марз боздошт шуда буд. Ҳамин тавр, дар рӯзҳои боздиди ӯ аз Қрим як гурӯҳи силоҳбадастон вориди дафтари Маҷлиси тоторҳои Қрим шуда, се коргари ин созмонро латукӯб кардаву парчами давлатии Украинаро аз бомаш канданд.

Мустафо Ҷамилев раҳбарони рӯ ба Маскави Қримро айбдор кард, ки дар пайи тасарруфи ин нимҷазира аз сӯи Русия дар моҳи март маъракаи таъқиби тоторҳоро шурӯъ кардаанд. Тоторҳои Қрим дар раъйпурсии 16 март аз пайвастани ин вилоят ба Русия пуштибонӣ накарданд. Ба гуфтаи Ҷамилев, “бисёре аз тоторҳо ба ин далел ки аз гирифтани шиносномаҳои Русия даст кашиданд, аз ҷои корашон маҳрум шудаанд."

Сергей Аксёнов, ки ахиран аз сӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин раҳбари Қрим таъин шуд, рӯзи 21 апрел дар саҳифааш дар Твиттер аз тоторҳо, ки сокинони бумии Қрим ба шумор мераванд, талаб кард, ки агар бо сиёсати кунунии ҳокимони ин вилоят розӣ нестанд, пас бояд тарки ин минтақа кунанд.

Тоторҳо дар ҳоли ҳозир 12 дарсад аз 2,5 миллион аҳолии Қримро ташкил медиҳанд. Наздики 56 дарсади аҳолии ин вилоят русзабонҳо ва 23 дарсадаш украиниҳоянд.

Амрико миллиардҳои Путинро меҷӯяд?

Амрико гуфт, агар Маскав ҷиҳаи иҷрои тавофуқоти Женева иқдом накунад, “дар рӯзҳои наздик” ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тасмим хоҳад гирифт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псакӣ рӯзи 21 апрел дар Вошингтон гуфт, Амрико интизор дорад, ки Русия дар мазҳари омм аз ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина даъват хоҳад кард, то биноҳои ишғолкардаашонро холӣ кунанд ва посгоҳҳои сохтаашонро бардоранд.

Хонум Псакӣ гуфт, ин ҷудоиталабони силоҳбадаст бояд афви пешниҳодии ҳукумати Украинро бипазиранд ва барои матраҳ кардани талабҳои худ аз роҳу васоили сиёсӣ истифода баранд. Псакӣ гуфт, вобаста ба онки Русия ҷиҳати иҷрои тавофуқоти рӯзи 17 апрел дар Женева бадастомада иқдом хоҳад кард ё на?, тасмимашро “дар чанд рӯзи наздик” хоҳад гирифт.

Рӯзи 17 апрел дар Женева вазирони хориҷаи Амрикову Русия ва Украина Ҷон Керрӣ, Сергей Лавров ва Андрий Дешитса ва раҳбари идораи сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон дар пайи баҳси роҳҳои ҳалли бӯҳрони Украина ба тавофуқ расиданд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бояд халъи силоҳ шаванд ва биноҳои ишғолкардаашонро баргардонанд. Дар иваз ҳукумати Украина онҳоро афв мекунад.

Дар Киев ва дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи Украина аз Маскав раҳбарӣ ва ҳидоят мешавад. Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба навбаи худ аз Вошингтон хостааст, то бо истифода аз нуфузи худ мақомоти рӯ ба Ғарби Украинаро ба иҷрои тавофуқоти Женева моил кунад. Лавров рӯзи 21 апрел вазъи Украинаро дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои амрикоияш Сергей Лавров баҳс кардааст.

Зарба ба ҷайби шахсии Путин?

Амрикову Иттиҳодияи Аврупо то кунун иду навбат алайҳи Русия ба далели рафтораш дар Украина таҳримот ҷорӣ кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки бастаи нави таҳримҳои Амрико мушаххасан чиро дар бар хоҳад гирифт, вале ба навиштаи рӯзномаи бритониёии “The Times”, Амрико зоҳиран “барои зарба ба дороиҳои шахсии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин омодагӣ мегирад.” Ин нашрия бо ишора ба даъвоҳои матбуот, ки дороии Путинро то 40 миллиард доллар баршумурдаанд, навиштааст, баъди эълони бастаи нави таҳримот ба ҷустуҷӯи пулҳои Путин мутахассисоне ҷалб хоҳанд шуд, ки таҷрибаи ҷустуҷӯи мманбаъҳои таъмини молии шабакаи террористии Ал-Қоидаро доранд.
Геннадий Тимченко
Геннадий Тимченко
Ба навиштаи “The Times”, “агар Путин ҷиҳати ирсоли нирӯ ба шарқи Украина тасмим бигирад, Амрико метавонад дар мавриди ӯ қартаи шахсиро ба бозӣ бидарорад.” Ба навиштаи ин нашрия, “манобеъ дар идораҳои иктишофии Ғарб бар ин гумонанд, ки дороиҳои шахсии Путин дар ҳисобҳои бонкӣ дар Швейтсария нигоҳ дошта мешаванд.” Ду бастаи аввали таҳримот алайҳи Русия исми миллиардери назздик ба Путин – Геннадий Тимченко – ва бонки “Россия”-ро ҳам дар бар мегирифт. Дар бораи инки Тимчкенко – дӯсти даврони ҷавонии Путин – зоҳиран сармояҳои марбут ба раисиҷуумҳури Русияро мечархонад, аз қабл ҳам зиёд ҳадс мезаданд, вале бисёриҳо аз вокуниши фавқулодда тунди Путин ба таҳримҳо алайҳи бонки “Россия” низ чунин рамуз гирифтанд, ки Ғарб зоҳиран боз як нуқтаи дардовари Путинро ошкор кардааст.

Таърихчаи бӯҳрони Украина

Украина дар пайи суқути давлати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар моҳи феврал ба вартаи буҳрони амиқ фурӯ рафт. Русия бо истифода аз беназмиҳо дар ин кишвари ҳамсоя дар моҳи март нимҷазираи аксари аҳолиаш русзабони Қримро ишғол кард ва бо баргузории як раъйпурсӣ ин вилоятро бо шаҳри Севастопол ба қаламрави худ пайваст. Аммо аз оғози моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Русия ба ишғоли биноҳои давлатӣ дар се вилояти низ умдатан русзабони шарқи Украина – Харков, Луҳанск ва Донетск – шурӯъ карданд. Дар Донетск ҳатто таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск”-ро эълон кардааст ва бино ба хабарҳо, дар ҳоли ҳозир, дастикам 8 шаҳр дар шарқи Украина аз сӯи ҷудоиталабони силоҳбадаст тасарруф шудааст.
Онҳо аз Киев таъсиси низоми федеролӣ дар Украина бо ироаи мухторияти бештар ва мақоми расмӣ барои забони русиро талаб доранд, вале мегӯянд, дар сурати расидагӣ накардани мақомоти кунунии Украина ба тақозоҳои онҳо масъалаи истиқлоли шарқи Украинаро ҳам дар миён хоҳанд гузошт.

Дар Киев ва дар Ғарб мӯътақиданд, ки ин ҷудоиталабонро аз Маскав таҳрик медиҳанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар сӯҳбати мустақимаш бо мардум, ки рӯзи 17 апрел доир шуд, пинҳон намекард, ки давлати ӯ ҳаводори ҳамин гурӯҳҳост. Ӯ ба такрор аз Киев талаб кард, то талабҳои ин мардумро иҷро кунад.

Аммо вазъ дар шаҳрҳое ки таҳти контроли ҷудоиталабони рӯ ба Маскав қарор доранд, чигуна аст? Як ронандаи таксӣ хабарнигори Озодиро дар кӯчаҳои шааҳри Словянски вилояти Донетск "сайр" додааст:
"Сайр"-е дар Словянск
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG