Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи профессори рус: Телевизионҳои Русия каҷнамоянд


Аксари мардум дар Тоҷикистон хабарҳои марбут ба рӯйдодҳои Украинаро аз телевизионҳои Русия мегиранд. Аммо то куҷо ин маълумот рост ва дақиқ аст? Устоди Донишгоҳи давлатии равобити байнулмилалӣ дар Маскав “калоба”-и таблиғоти расонаҳои русиро боз кард.

Пӯшида нест, ки мавқеъгирии ҳукуматҳои Ғарб ва Русия сари таҳаввулоти Украина зидди ҳам аст, аммо агар расонаҳои бонуфузи ғарбӣ гоҳе шеваҳои кори ҳукуматҳои ғарбиро таҳти танқид қарор диҳанд, воситаҳои ахбори оми Русия асосан бо ҳамовозии пуршӯр аз амалкардҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар ҳимоят мекунанд.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, расонаҳои ҳамагонии Русия, махсусан шабакаҳои телевизионии он дар бисёр маврид ба дурӯғи ошкоро, муболиға, сохтакорӣ ва ҳатто тавтеа роҳ додаанд. Дар ин бора муҳаққиқони рус дар нашрияҳои ғарбӣ матлаб ба наӯр расонданд. Аз ҷумла, рӯзи 15-уми апрел дар рӯзномаи "The New York Times".

Аммо тааҷҷубовар аст, ки дар як назарсанҷии охири моҳи март, ки Бунёди афкори иҷтимоӣ баргузор намуд, аз се ду ҳиссаи аҳолии Русия гуфтаанд, аз расонаҳои дигар дида ба телевизионҳои кишвари худ бовари бештар доранд. Чаро? Профессори таърих дар Донишгоҳи давлатии равобити байнулмилалӣ дар Маскав, Валерий Соловей дар яке аз дарсҳои худ ба шогирдонаш стратегияи иттилоотии Маскавро шарҳ дод. Ин маърӯза, зоҳиран, дар нимаҳои моҳи апрел сабт шудааст.
Шарҳи профессори рус: Телевизионҳои Русия каҷнамоянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00


“Фазои иттилоотиро телевизион муайян мекунад, -- мегӯяд Соловей ва меафзояд,--“он ҳолу ҳавоеро месозад, ки барояш “воқеият” мегӯянд. Ин воқеият барои мо сохта мешавад. Ҳадаф ин аст, ки мо ин воқеияти сохтаи телевизионро эътироф ва муносиби он рафтор кунем.”

Соловей мегӯяд, бино бар ин воқеияти сохтаи телевизион, ҳукумати Украина, як ҳукумати комилан ноӯҳдабарост ва ин кишварро ҳарҷу марҷ фаро гирифтааст. Мақсад ин аст, ки дар зеҳни бинанда вожаҳои “Украина” ва “хаос” бо ҳам пайванд гиранд. Вақте ҳар рӯз ин ҳолат ба воситаи наворҳои пурошӯб нишон дода мешавад, дар ниҳояти кор, бинандагон ба хулосаи қатъӣ мерасанд, ки Украина гирифтори ошуфтагист ва ҳукумате надорад.

“Ҳарҷу марҷ, -- меафзояд Соловей, -- дар таҳтушшуури бинанда бо ривояти беназмиҳои устураии давраи ибтидоии дунё васл мешавад, ки пасон Худо аз он ҷаҳони имрӯзаро месозад. Русия дар ин манзара коинотест, ки тартибу низом дорад ва пойдевори сулҳу субот аст.”

Ба ақидаи устоди Донишгоҳи давлатии равобити байнулмилалӣ дар Маскав, чунин усул дар ҳамаи ҷангҳои иттилоотӣ истифода мешавад, зеро инсон ҳамеша тартибу интизомро мехоҳад. Назм ва тартиб ба инсон имкон медиҳанд, воқеиятро дарк ва қабул кунад, рӯҳан худро ором кунад. Аз сӯи дигар таъкид бар ҳарҷу марҷ ва нокомӣ дар кишвари дигар касро водор мекунад, ин ҳамаро бо вазъи атрофи худ қиёс намояд ва қонеъ шавад.

Иттифоқан, доктринаи “шукрона” дар телевизионҳои Тоҷикистон низ метавонад як намунае барои тасдиқи суханони профессор Соловей бошад. Бинандагони тоҷик борҳо зикр кардаанд, ки бахши умдаи барномаҳои ахбори телевизионҳои Тоҷикистон аз таъкид бар селу обхезӣ, заминҷунбӣ, тӯфон, сӯхтор ва офатҳои дигар дар кишварҳои хориҷӣ иборат аст. Бо дидани манзараҳои риққатовари харобаҳо ва қурбониён бинанда бояд шукрона кунад, ки имрӯз ва ҳоло дар кишвари ӯ чунин офате рӯй надодааст.

Бо ишора ба хабарҳои Украина дар телевизионҳои Русия, профессор Соловей мегӯяд: “Агар телевизионҳои Русияро тамошо кунед, мебинед, ки Русия ба ҷуз аз ҳамроҳшавии Қрим мушкили дигаре надорад. Мо таваррум, бекорӣ ва коҳиши маош надорем. Мушкилоти хоси шаҳрҳои калон ба шаҳрҳои мо хос нест. Ҳама чӣ дар Русия хуб аст. Ин чист? Ин дасткории манзараи рӯз аст.”
Дар як фурсат аз дарси профессор Соловей донишҷӯе, ки зоҳиран, мухолифи ин гуфтаҳост, аз толор садои шикоят баланд мекунад: “Магар намебинед, дар Украина чӣ мегузарад? Он ҷо сару соҳибе нест!”

“Ман узр мехоҳам, вале ин мутлақо ба он дахл надорад, ки то куҷо манзараҳои телевизионӣ бо ончӣ дар воқеият мавҷуд аст, ҳамранганд. Аксарияти кулли бинандагони телевизион дар он ҷо нестанд, набуданд ва ҳаргиз ба он ҷо сафар нахоҳанд кард. Онҳо бо такия ба манзараҳое, ки телевизион нишон медиҳад, хулосаи худро мебароранд, на дар асоси чизе, ки дар воқеъ рӯй медиҳад.”

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG