Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Амрикову Русия дар бораи мушакҳои атомиашон оғоз ёфт


Қисме аз як мушаки русӣ, ки аз киштӣ партоб мешавад
Қисме аз як мушаки русӣ, ки аз киштӣ партоб мешавад

Амрикову ва Русия рӯзи 22-уми июн гуфтугӯҳои дурӯза дар бораи ягона аҳдномаеро оғоз карданд, ки иҷоза намедиҳад, ҳарду тараф аз теъдоди муайяне мушакҳои дурпарвози атомӣ дошта бошанд. Санади мазкур Аҳдномаи Нави Коҳиши Силоҳҳои Стротегӣ ном дорад.

Дар гуфтугӯҳо Амрикоро Маршал Биллингслеа, музокиракунандаи аслии назорат бар аслиҳа ва Русияро Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷӣ намояндагӣ мекунанд. Русия хостааст, ки мӯҳлати эътибори аҳдномаро дароз кунанд, ки бар асоси Амрикову Русия ҳақ надоранд, на бештар аз 1550 мушаки дурпарвози атомӣ дошта бошанд. Муҳлати эътибори санад, ягона аҳдномаи назорат бар аслиҳа миёни ду кишвар аст, моҳи феврали соли оянда ба поён мерасад.

Ҳам Биллингслеа ва ҳам Рябков ҳангоми вуруд ба маҳалли мулоқот дар шаҳри Вена ба хабарнигорон посухҳои эҳтиёткоронае доданд. Вақте аз намояндаи Амрико пурсиданд, ки аз гуфтугӯҳо чӣ интизор дорад, ӯ “мебинем” гуфт ва мӯҳтавои мулоқотро шарҳ надод. Сергей Рябков низ эҳтиёткор буд ва ба хабарнигорон гуфт: “Иҷоза диҳед, бубинем, иҷоза диҳед, бубинем. Мо ҳамеша бисёр умедвор будем.”

Аз ин пештар дар рӯзи 20-уми июн Сергей Рябков ба хабаргузории “Интерфакс” гуфт, ки онҳо то тавонистанд, далелҳо барои тамдиди мӯҳлати эътибори аҳдномаро ба Амрико гуфтанд, вале боз ҳам ин пешниҳодро хоҳанд кард. Ӯ гуфтааст: “Мо ба такрор ба амрикоиҳо шарҳ додем, ки чаро дароз кардани мӯҳлати эътибори аҳднома кори дуруст аст. Мо борҳо ба онҳо далелашро ба такрор гуфтем ва дигар далеле барои гуфтан надорем. Албатта мо дигарбора бо истифода аз фурсат ин мавқеи худро ба онҳо мерасонем. “

Ба гуфтаи Сергей Рябков, ҳарчанд тамдиди Аҳдномаи Нави Коҳиши Силоҳҳои Стротегӣ “дуруст ва мантиқӣ” аст, вале ин аҳднома дар умум “ҳама чиз” нест. Русия айни замон ҳушдор додааст, ки дар сурати дароз накардани эътибори аҳднома мумкин аст, дигарбора рақобати таслиҳотии нав сурат бигирад. Ба қавли Сергей Рябков, дар ниҳоят Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аст, ки қарор дар ин бораро қабул мекунад.

Доналд Трамп то кунун Амрикоро аз чанд аҳдномаи байналмилалӣ берун кардааст ва ё иҷоза додааст, ки мӯҳлати эътиборашон ба поён бирасад. Аҳдномаи манъи густариши мушакҳои атомии миёнапарвоз ва созиши атомӣ бо Эрон аз ҷумлаи ин санадҳоянд. Дар умум ҳукумати Трамп нишон додааст, ки мойил аст, то мӯҳлати эътибори Аҳдномаи Нави Коҳиши Силоҳҳои Стротегӣ дароз карда шавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки созишномаҳои дуҷониба дар бораи назорат бар аслиҳа байни ин кишвар ва Русия дигар кӯҳна шудаанд ва Чин ҳам бояд бахше аз ҳаргуна аҳдномаҳои оянда дар бораи силоҳҳои атомӣ бошад.

Маршал Биллингслеа дар шаҳри Вена дар рӯзи 22-уми июн
Маршал Биллингслеа дар шаҳри Вена дар рӯзи 22-уми июн

Вазорати умури хориҷии Чин бо нашри як баёния дар бораи сафари Маршал Биллингслеа ҳамчунин гуфт, Амрико аз Чин ҳам даъват кардааст, ки намояндаашро барои ширкат дар гуфтугӯҳо бифиристад. Дар баёния омадааст, ки Амрико “возеҳ гуфт, ки зарур аст, ҳарсе кишвар бо нияти нек дар бораи назорат бар таслиҳот музокира кунанд.”

Ҳукумати Чин даъватҳо барои ширкат дар музокиротро ба такрор рад кардааст. Ҳарчанд Чин теъдоди мушакҳои атомиашро зиёдтар мекунад, вале назар ба Амрикову Русия аз ин навъи силоҳ бисёр кам дорад. Русия, ки силоҳҳои атомӣ пояи аслии қудраташ дар ҷаҳон аст, дар муқоиса ба Амрико хароҷоти камтари низомӣ дорад ва мегӯяд, ки ҳарду кишвар бояд ба ҳадди яксон силоҳҳои атомӣ дошта бошанд.

Русия ҳамчунин мехоҳад, ки бо Амрико гуфтугуҳо доир ба дигар ҷанбаҳои назорат бар аслиҳаи атомӣ сурат бигирад, аз ҷумла дар бораи азми Амрико, ки гуфтааст, мехоҳад, пас аз се даҳсола озмоишҳои атомиро аз сар бигирад. Биллингслеа моҳи гузашта гуфт, Амрико на танҳо аз амалкардҳои Чин, балки Русия ҳам нигарон аст, ки ҳазорон мушакҳои ғайристротегии атомиашро, ки хориҷ аз эътибори Аҳдномаи Нави Коҳиши Силоҳҳои Стротегӣ ҳастанд, “навсозӣ” мекунад.

Ӯ гуфт: “Онҳо доктринаи атомии таҳрикдиҳандаеро пеш гирифтаанд, ки истифода аз аслиҳаи атомиро ҳадаф мегузорад.” Биллингслеа гуфт, ҳаргуна аҳдномае, ки ҷои санадҳои кӯҳнаро мегирад, бояд назорат ба таслиҳот дар Русияро зиёдтар кунад.

XS
SM
MD
LG