Онҳо дар як сония тақрибан 2 километр ва ё бештар аз ин парвоз мекунанд ва барои ҳамин пайдо радёбиву маҳви он фавқуллода мушкил аст. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп онҳоро мушакҳои “супер-дупер» номидааст, ҳарчанд онҳоро бо номи мушакҳои моваросавтӣ (supersonic) меноманд, ки панҷ ё шаш баробар зудтар аз садо ҳаракат мекунанд.
Сохти чунин мушакҳо дар Русияву Чин яке аз масоилест, ки ҳукумати Доналд Трампро бисёр нигарон кардааст. Амрико даҳсолаҳо талош дошт, ки мушакҳои фавқулодда тезҳаракат бисозад, вале дар амал ба муваффақияти зиёде ноил нашудааст. Ҳоло ки Чину Русия дар ин самт аз Амрико пеш гузаштаанд, ҳукумати Доналд Трамп миллиардҳо доллар харҷ мекунад, то мушакҳои моваросавтӣ ва системаи дифоӣ аз он сохта шавад.
Вазорати дифои Амрико ҳам ҳеҷ пинҳон накардааст, ки ҳадафҳояш аз сохти чунин аслиҳа чист. Марк Люис, мудири идораи таҳқиқу муҳандисӣ ва навсозӣ дар вазорати дифои Амрико моҳи март ошкоро дар ин бора сӯҳбат кард ва ба хабарнигорон гуфт:”Дар ҳақиқат, ҳадафи ниҳоии мо пирӯзӣ дар майдонҳои набард дар оянда аст.”
Мунтақидон мегӯянд, аслиҳаи моварулсавтӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҷангҳо ба Амрико чандон кӯмак намекунанд. Ба ақидаи баъзеи дигар мумкин аст, сабаби рақобати таслиҳотӣ ва бесуботкунанда дар ҷаҳон шавад.
Нигоҳе ба силоҳҳои моваросавтӣ
Ин навъи аслиҳа ду хосияте дорад, ки онро аз дигар анвои аслиҳа мутафовит месозад, аввал суръат, дуввум ва чолокӣ. Онҳо бо суръати баланд душманро ғофилгир мекунанд ва бо чолокиву парвози пурпечутоб, онро аз радарҳо пинҳон медорад. Ин ду вижагӣ барои системаҳои дифоӣ дарди сар меофарад, чун мумкин аст, онҳоро набинанду маҳва карда натавонанд.
Меъёри мувофиқшудае барои аслиҳаи моваросавтӣ вуҷуд дорад, ки он бояд бештар аз меъёри Mach 5, ё панҷ баробар бештар аз садо ҳаракат кунад. Бисёре аз мушакҳои амрикоӣ, ки аз ҳавопаймо барои маҳви ҳавопаймои дигар, ё ҳадафе дар замин партоб мешаванд, суръати байни Mach 1 то Mach 5-ро доранд.
Доналд Трамп борҳо дар бораи алоқааш ба силоҳҳои моваросавтӣ сӯҳбат карда, вале номашонро набурдааст. Ӯ моҳи феврал дар сӯҳбат бо раисони иёлатҳо дар Кохи Сафед гуфт: “Мо силоҳҳои фавқуллода тезҳаракат дорем, чандто дорем. Мо онҳоро фавқуллода тезҳаракат меномем, чун онҳо назар ба мушакҳои оддӣ чаҳор, панҷ, шаш ва ё ҳафт маротиба зудтар парвоз мекунанд. Азбаски Русия ҳам баъзе аз онҳоро дорад, ба мо низ чунин силоҳҳо заруранд.”
Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп боз ҳам ба хабарнигорон гуфт: “Мо интихобе надорем, бояд онҳоро бисозем, чун онҷо рақибоне дорем” ва ба Чину Русия ишора кард. Ӯ гуфт, ман онҳоро мушакҳои “супер-дупер» меномам ва афзуд, шунидааст, ки ин мушакҳо назар ба тамоми дигар мушакҳои Амрико 17 маротиба зудтар ҳаракат мекунанд.” Вазорати дифои Амрико ин гуфтаҳоро шарҳ надодааст.
Чӣ гуна кор мекунанд?
Вазорати дифои Амрико дар пайи сохтани ду навъи силоҳҳои моваросавтӣ аст, яке мошини “нармрафтор”, ки бо мушак партоб мешавад ва бо суръати бисёр баланду ва ҳаракати пурпечутоб барои ноаён мондан аз радарҳо ба самти ҳадаф парвоз мекунад. Дигариро мушаки дурпарвози моваросавтӣ меноманд. Ин мушаки муҷаҳҳаз бо муҳаррики моваросавтӣ метавонанд, аз ҳавопаймо партоб кунанд ва он бо парвози пурпечутоби наздик ба замин аз радарҳо пинҳон мемонад.
Рӯзи 19-уми март вазорати дифои Амрико дар як пойгоҳе дар Ҳаваӣ, мошини “нармрафтор”-и моваросавтиро озмоиш кард, ки зоҳиран муввафақ будааст. Вазорат гуфт, ин озмоиш қадами муҳиме ба самти соҳиб шудан ба тавоноии набард бо аслиҳаи моваросавтӣ то охирҳои соли 2020 аст.
Баръакси Русия, Амрико нагуфтааст, ки силоҳҳои моваросавтиро барои партоби кулоҳакҳои атомӣ намесозад. Дар натиҷа силоҳҳои амрикоӣ бояд дақиқрастар бошанд, ки сохтани чунин навъи онҳо осон нест.
То соли 2017 вазорати дифои Амрико тақрибан 800 миллион долларро харҷи барномаҳои сохти аслиҳаи моваросавтӣ мекард. Соли 2018 харҷ барои ин барнома ду баробар зиёд шуд ва ба 2.4 миллиард доллар расид. Соли 2019 буҷа барои тавлиди силоҳҳои моваросавтиро ба 3.4 миллиард доллар расониданд ва ҳоло ҳукумати Амрико дар тарҳи буҷаи соли 2021, ки ба Конгресс пешниҳод кардааст, хостааст, харҷи барномаро то 3.6 миллиард доллар бирасонанд.
Чаро аслиҳаи моваросавтӣ барои Амрико муҳим аст?
Мақомоти баландпояи Пентагон мегӯянд, сабабаш Русия ва бештар аз он Чин аст. Марк Люис, мудири Идораи пажӯҳиш ва муҳандисии вазорати дифои Амрико мегӯяд, бидуни шак Чин дар сохти ин навъи силоҳҳо аз Иёлоти Муттаҳида пеш гузаштааст. Ӯ рӯзи сешанбеи гузашта гуфт: “Дар воқеъ мо вазифаи хонагии онҳоро анҷом додем, чун таҳқиқот дар бораи усулҳои бунёдии онро сол пеш нашр кардем, вале баъдан поямонро аз газ гирифтем.” Айни замон ӯ гуфт, ҳоло Пентагон мумкин аст, дар сохти ин аслиҳа ба Чин бирасад ва аз он ҳам бигзарад.
Чин ҳам ҳоло саргарми сохтани силоҳҳои моваросавтӣ аст. Дар кишвар мушаки миёнапарвози DF-17 озмоиш карданд, ки барои партоби мошинҳои “нармрафтор”-и моваросавтӣ аст. Бар асоси гузориши Бахши Таҳқиқотии Конгресси Амрико, ки моҳи март нашр шуд, ин мушак аз 1600 то 2400 километр парвоз мекунад ва мумкин аст, охири имсол барои супурдан ба артиш омода шавад.
Русия моҳи декабри соли гузашта гуфт, ки аввалин воҳиди ҷангии мушакҳои моваросавтиаш омода шудаанд. Мушаки “Авангард”, ки ба гуфтаи мақомоти Русия 27 маротиба тезтар аз суръати садо парвоз мекунад, метавонад бо ҳаракатҳои пурпечутоб аз сипарҳои дифои мушакӣ бигзарад.
Магар ин силлоҳҳо лозиманд?
Мисли дигар силоҳҳои стротегӣ, чун бомбҳои атомӣ, сипоҳ киштиҳои ҷангӣ, доштани силоҳҳои моваросавтӣ барои ҳукумати Трамп зарур аст, чун ба қавли ҳукумат рақибони Амрико ҳам онро доранд. Аммо ба қавли мунтақидон, чунин рақобат метавонад, дигарбора ба рақобати таслиҳотии мисли замони Ҷанги Сард байни Амрикову Иттиҳоди Шӯравӣ ва сохти беш аз ҳадди силоҳҳои атомӣ сабаб шавад.
Нигаронии дигар аз он аст, ки ин фанновариҳои навин метавонад, ба дасти кишварҳои дигаре ҳам биафтад. Муассисаи таҳқиқотии “Rand Corporation” дар Амрико соли 2017 дар гузорише гуфт, “Густариши ин аслиҳа фаротар аз се кишвар метавонад, қудрати стротегии онҳоро дар баробари “кишварҳои саркаш” камтар кунад ва сабаби таҳдид ба худи онҳо низ бишавад.”