Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба корхонаҳои нафти "Давлати исломӣ"


Пойгоҳи бар асари ҳамлаҳо тахрибшудаи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Раққаи Сурия
Пойгоҳи бар асари ҳамлаҳо тахрибшудаи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Раққаи Сурия

Ҳавопаймоҳои Амрикову муттаҳидинаш ба сангарҳои "Давлати исломӣ ва корхонаҳои нафте, ки ҳар рӯз ба ин созмон миллионҳо доллар фоида меоварданд, ҳамла кардаанд.

Нирӯҳои Амрико ва эътилофи зидди “Давлати исломӣ” бори дигар сангарҳои ин созмони тундрави мазҳабӣ дар дохили қаламрави Сурияро бомбаборон кардаанд. Бино ба маълумоти фармондеҳии ситоди марказии артиши Амрико, дар ин ҳамлаҳо даҳҳо маҳалли таҳти назорати ҷангиёни “Давлати исломӣ” ҳадаф қарор дода шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ҷумла болои корхонаҳои хурди нафткашие сурат гирифтааст, ки ҳар рӯз барои “Давлати исломӣ” миллионҳо доллар фоида меоварданд.

Дар баробари ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар ин ҳамлаҳои охир нирӯҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ ширкат доштаанд.

Дар як баёнияи алоҳида, сухангӯи Пентагон ноиби адмирал Ҷон Кирбӣ гуфт, ҳамлаҳо дар шарқи Сурия манотиқи муҳимеро, ки ҷангиён барои интиқоли таслиҳоту таҷҳизот аз тариқи марзи Ироқ истифода мебурданд, ҳадаф қарор дода буд.

Қаблан фармондеҳии ситоди марказии артиши Амрико дар бораи тахриб шудани мошинҳои марбут ба “Давлати исломӣ” дар шаҳри Қоим, дар наздикии марзи Сурия бо Ироқ ъхабар дода буд. Бино бар ин манбаъ, бар асари ҳамлаҳо ду мошини низомии ҷангиён дар ғарби Бағдод тахриб шуда, ду сангари ҷангии онҳо дар шимоли Ироқ низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Барак Обама
Барак Обама

Дар ҳамин ҳол, ҳамаи 15 узви Шӯрои Амнияти СММ бо иттифоқи оро қатъномаи воҷибулиҷроеро қабул кард, ки манъи ҷараёни ба Ироқу Сурия рехтани ҷангиёни исломии хориҷиро ба ҳадаф дорад. Тарҳи ин қатънома аз сӯи Амрико қабул шуда, дар иҷлосияи рӯзи 24 сентябр, ки таҳти раёсати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гузашт, тасвиб шуд.

Ин қатънома, ки Обама “таърихӣ” сифаташ кард, ҳамаи кишварҳоро ӯҳдадор мкунад, то барои муқобила бо пайвастани шаҳрвандонашон ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯи хориҷӣ маъракаҳои ҷиддии муҷозотӣ ба роҳ андозанд. Ин маъракаи саросарӣ бояд онҳоеро ҳам, ки афродро барои ҷангҳои хориҷӣ ҷалб мекунанд ва таъминкунандагони молии ин ҷангҳоро низ фаро бигирад.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳоли ҳозир дар Сурияву Ироқ дар ҳайати гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” ё “Ҷабҳа-ан-нусра”, ки яке аз баданаи бахши ироқии Ал-Қоида ҷудо шудаасту дувумӣ бахши суриягии ин шабакаи террористӣ шинохта мешавад, ҳазорон ҷангии хорҷӣ меҷанганд.

Барак Обама баъди тасвиби қатъномаи СММ гуфт, “ҳарфҳоеки дар ин ҷо гуфта шуд, бояд акнун ба амал табдил дода шаванд.” Обама рӯзи 24 сентябр дар суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ низ аз ҷомиаи байналмилалӣ даъвват кард, ҳоло ки ҳанӯз дер нашудааст, барои набард бо ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва муттаҳидонаш аз як гиребон сар бароранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа бо фаъолони ҳизби ҳокими халқии демократиаш гуфт, танҳо аз Тоҷикистон ва танҳо дар Сурия 190 нафар меҷанганд ва то имрӯз 30 шаҳрванди тоҷик дар он кишвари дури арабӣ ҷон бохтаанд. Дар Тоҷикистон дар моҳи май ба қонунгузории ҷиноӣ тағйироте ворид шуд, ки ҳамчун ҷазо барои ҷалби афрод ба ҷангҳои хориҷӣ ё ширкат дар чунин ҷангҳо, аз ҷумла дар ҷанги Сурияву Ироқ, аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 19 сентябр се тан аз аъзои гурӯҳи Давлат Чоловро барои ҷалби маҳбусон аз дохили зиндон ба ҷанги Сурия айбдор карда, ба ҳукми пқаблиашон боз дусолӣ изофа кард. Қаблан Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов мутаносибан ба 17, 19 ва 26 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҳукми худи Давлат Чолов, бародари фармондеҳи маруфи Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Қурбон Чолов, ва боз як шарики дигараш бо номи Абдураҳим Шукуров, ки низ ба ҷалби афрод дар Тоҷикистон барои ширкат дар “ҷиҳод” дар Сурия айбдор мешаванд, ҳанӯз эълон нашудааст.

Дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи байналмилалии Димишқро барои ширкат дар “ошӯбҳо” алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон доданд. Наздикони онҳо аммо мегӯянд, ки ин толибилмонро беасос маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG