Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуросон" - гурӯҳи нав ва хатарноктар аз "Давлати исломӣ"?


Нашрияи амрикоии “The New York Times” аз зуҳури "Хуросон" - гурӯҳи нав ва, ба гуфтаи манобеи ин рӯзнома, ҳатто нисбат ба "Давлати исломӣ" хатарноктаре дар хоки Сурия хабар додааст.

Дар ҳоле ки Амрикову муттаҳидинаш дар пайи таъсиси эътилофи байналмилалие барои набард алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ст, нашрияи амрикоии “The New York Times” бо такяи ба иттилои мақомоти иктишофии Амрико аз зуҳури таҳдиди боз ҳам бузургтаре ба намяти Амрикову Аврупо аз қаламрави Сурия хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин нашрия, ин гурӯҳи ҷадид “Хуросон” ном дошта, аз сӯи зодаи Кувайт Мӯҳсин Ал-Фазлӣ ташкил шудааст. Гуфта мешавад, ки Фазлӣ як замон ба доираи наздиктарин афроди раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Усома Бин Лоден шомил мешуд. Бино ба маълумоти вазорати хориҷаи Амрико, Мӯҳсин Фазлӣ дар шабакаи Ал-Қоида мақоми чунон баланде дошт, ки дар шумули афроди ангуштшуморе аз ҳамлаи рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба Амрико аз қабал хабар доштааст. Гумон меравад, ки Ал-Фазлӣ баъди ҳамлаҳои 11 сентябр аз Афғонистон ба Эрон рафта ва аз онҷо ба Сурия омадааст. Дар Эрон Мӯҳсин Фазлӣ масъули амалиётҳои молии Ал-Қоида буда, аз ҷумла аз тарафдорони сарватманди ақидаҳои “ҷиҳодӣ” дар Кувайт пул ҷамъ меовард ва ин маблағҳоро барои таъмини ҷангиёни марбут ба Ал-Қоида дар Сурия сарф мекард.

«The New York Times» менависад, ки мақомоти иктишофии Амрико 10 сол боз бар ҳаракатҳои Фазлӣ назорат мекунанд ва дар соли 2012 дар баҳои иттилое, ки ба боздошти ӯ мусоидат кунад, 7 миллион доллар ҷоиза ҳам муқаррар кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи «The New York Times», ҳоло гурӯҳи «Хуросон» барои Амрико ва кишварҳои Аврупо на камтар, балки хеле бештар аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” таҳдид мекунад. Чунки, мегӯянд ин манобеъ, аҳдофи аслии “Хуросон” анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Амрикову Аврупост. Гузашта аз ин, менависад нашрия, гурпӯҳи дигари террористии "Ҷабҳа-ал- нусра", ки низ дар Сурия алайҳи режими Башор Асад меҷангад, аз таваҷҷӯҳи зиёди мақомоти иктишофии кишварҳои Ғарб ба фаъолиятҳои "Давлати исломӣ" ба фоидаи худ истифода бурдаанд.

Кохи Сафед ва Идораи марказии ҷосусии Амрико аз шарҳи ин матлаби "The New York Times" худдорӣ кардаанд, вале раиси кумитаи масоили ҷосусӣ дар Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико Майк Роҷерс гуфт, фикр намекунад, ки "Хуросон" ё "Ал-Қоида" нисбат ба "Давлати исломӣ" барои Амрико хатари бузургтар дошта бошанд, вале ин ки "Хуросон" гурӯҳи хатарнокест, ба ақидаи ӯ, ҷои тардид надорад.

Ин сенатор аз аёлати Мичиган рӯзи 21 сентябр дар барномаи телевизиони CBS гуфт: "Пеш аз ҳама, хуб маълум аст, ки Ал-Қоида ҳамеша мустақиман ба кишварҳои Ғарб таҳдид мекард. Набояд инро фаромӯш кард. Сониян, ман гууфта наметавонам, ки таҳдид аз тарафи "Давлати исломӣ" нисбат ба таҳдиди "Хуросон" ё Ал-Қоида кам ё зиёд бошад. Инҳо таҳдидҳои гуногунанд. Таҳдид аз тарафи "Давлати исломӣ" имрӯз вуҷуд дорад. Гурӯҳи "Хуросон", ба назари мо, бахши Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон аст. Ин гурӯҳест, ки пеш аз ҳама ба анҷоми ҳамлаҳо ба ҳавопаймоҳо таваҷҷӯҳ дорад. Ин гурӯҳи хатарнокест, чунки пул дорад, васоили фаннӣ дорад, ҷангиёне дорад, ки омода ба ҳамлаанд. Набояд ҳеҷ гоҳ аз ин фаромӯш кунем. Ин таҳдид як таҳдиди хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад. Айни инро метавона дар мавриди "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳа-ан-нусра" ҳам гуфт. Таҳдиди дигар ин аст, ки дар ҳайати ҳарсе гурӯҳ шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ҳам ҳастанд. Мо хеле нигаронем, ки ба яке аз ин гурӯҳҳо анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Ғарб муяссар мешавад."

Вазири собиқи дифои Амрико Роберт Гейтс ҳам гуфта, ки Амрико дар роҳи муборизааш алайҳи "Давлати исломӣ" набояд аз гурӯҳҳои дигари террористӣ, назири "Ҷабҳа-ан-нусра" ё "Ал-Қоида" фаромӯш кунад: "Мо 13 сол боз бо Ал-Қоида меҷангем, вале то ҳол онро пурра аз байн набурдаем. Мо ба ин шабака дар Афғонистону Покистон осебҳои ҷиддӣ расондем. Вале як нигоҳ ба минтақаҳои дигари дунё, ба зусус ба Африқо ва Ховари Миёна кофист, то бубинем, ки Ал-Қоида онҷо ҳанӯз вуҷуд дорад."

New York Times менависад, шумори ҷангиёни хориҷӣ танҳо дар ҷанги Сурия ба 15 000 гафар расидааст. Тақрибан 100 тан аз ин ҷангиён шаҳрвандони Амрико ва ду ҳазораш аз кишварҳои Аврупо будаанд. Ин афрод, навиштаи ин нашрия, дар Сурияву Ироқ дар канори террористҳо ҷангида, обутоби ҷангӣ меёбанд ва бо мақсадҳои "нохуб"-ашон ба кишварҳои худ бармегарданд.

Мақомоти Тоҷикистон низ ба таври мукаррар аз ҳузури шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи гуфт, танҳо дар Сурия то 190 тоҷик меҷанганд ва то имрӯз дар он ҷанги дур аз Тоҷикистон дастикам 30 тоҷик ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG