Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ҳуқуқи мардум дар мулоқоти Раҳмон ва дабири кулли СММ. ВИДЕО


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ба Тоҷикистонро, баррасӣ карданд. Антонио Гутерриш шаби гузашта пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар "Қасри Миллат" гуфт, ки барои амалӣ намудани тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, омодаанд ба Тоҷикистон кӯмак намоянд.

Антонио Гутерриш, ки пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, дар ин замина гуфт, ки "Тоҷикистон гузоришро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ирсол кард. Ва дар навбати худ ин шӯро ба Тоҷикистон дар заминаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар, тавсияҳои худро ироа намуд. Мо имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки омода ҳастем барои амалӣ шудани тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, кӯмаки худро ироа кунем."

Мо имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки омода ҳастем барои амалӣ шудани тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, кӯмаки худро ироа кунем.


Ҳю Вилямсон, мудири барномаҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин баёния гуфта буд, “мо аз дабири кулл мехоҳем бо истифода аз нахустин сафараш ба минтақа ба раисони ҷумҳур ҳушдор бидиҳад, ки ончиро, ки қонунҳои байналмилалӣ ва аҳдномаҳои Созмони Милал талаб доранд, иҷро кунанд, онҳоеро, ки нодуруст пушти панҷара андохтаанд, озод кунанд, бигизоранд, то хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ корашонро кунанд ва онҳоеро, ки азобу шиканҷа мекунанд, ҷазо бидиҳанд.

"Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хоста буд, ки зимни сафараш ба Осиёи Марказӣ ва зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи мурооти ҳуқуқи инсон, хотима додан ба азобу шиканҷа ва фишор ба хабарнигоронро, дар миён бигузорад. Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 8-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, риояти ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақа бояд як масъалаи аслии сӯҳбати Антонио Гуттереш бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин баёния гуфта буд, сафари Антонио Гутерреш ба Осиёи Марказӣ фурсати олие барои матраҳк кардани нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист. Дар баёнияи созмон аз ҷумла гуфта мешуд, ки сафари дабири кулли Созмони Милал ба Тоҷикистон дар замоне сурат мегирад, ки кишвар шоҳиди бадтарин саркӯбиҳо дар муддати 20 соли ахир аст. Ҳукумат соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ кард ва бештар аз 150 фаъолони ҳизб ва вакилони дифоъро “бо иттиҳоми сохта”, ба зиндон андохт.

Дар мулоқоти дабири кулли СММ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин масоили таҳкими ҳамкорӣ байни ин созмон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризму тундгароӣ, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва вазъи пуртаниши Афғонистон, баррасӣ шудаанд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш шаби гузашта дар доираи сафари минтақавии худ ба Осиёи Миёна, вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ субҳи 12-уми июн бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии "Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир", ширкат намуд.

Тибқи иттилои расонаҳои минтақаӣ, сафари дабири кулли СММ ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҷараён хоҳад гирифт ва Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ, мубтакири баргузории сафарҳои Антонио Гутеррриш ба кишварҳои минтақа аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG