Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси марги Умаралӣ дар маҷлиси Санкт-Петербург


Мазори Умаралӣ Назаров дар Обигарм
Мазори Умаралӣ Назаров дар Обигарм

Рӯзи 6 апрел қазияи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар маҷлиси вакилони шаҳри Санкт-Петербург мавриди баҳс бо раиси пулиси шаҳр қарор гирифт.

Сардори раёсати корҳои дохилаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 6 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси қонунгузории ин шаҳр аз марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа изҳори таассуф кард ва гуфт, баъди ин қазия пулиси Петербург “хулосаҳои дуруст” баровардааст.

Рӯзи 6 апрел ҳангоми шунидани гузориши ҳисоботии сардори раёсати корҳои дохилаи шаҳри Санкт-Петербург Сергей Умнов ду вакили маҷлиси қонунгузорӣ аз ҳизби мухолифи “Яблоко” – Максим Резник ва Вадим Вишневский – бори дигар масъалаи марги ин тифли хурдсоли хонаводаи муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузоштанд.

Максим Резник аз ҷумла марги Умаралӣ Назаровро “бадбахтии ҳамаи мо” номид ва гуфт, мақомоти Петербург набояд чунин нишон диҳанд, ки чизе рух надодааст. Ӯ аз раиси пулис пурсид, ки чаро то ҳол касе бо ҷурми ҳалокати ин тифл ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст?

Сергей Умнов дар посух ба ин вакили маҷлиси шаҳрӣ аз рафтори кормандонаш ҳимоят кард, вале гуфт, “дили кас месӯзад, ки ин кӯдак ҳалок шуд.” Ӯ афзуд, “агар маъмури пулис ҳамон шаб Умаралӣ Назаровро ба бемористон намефиристод, ҳоло ҷояш зиндон буд.”

Сергей Умнов вале дар идомаи суханрониаш бо такя ба натиҷаҳои ташхиси тиббӣ гуфт, ки ташхиси анҷомшуда кормандони пулис ва ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русияро дар марги Умаралӣ Назаров гунаҳкор дарнаёфт, балки иллати марги ӯ дар як манзили барои зиндагӣ номуносиб ба сар бурдани хонаводааш будааст.

Раиси пулиси Петербург аммо гуфт, ки пулис аз қазияи марги Умаралӣ Назаров “хулосаҳои дуруст” барои худ гирифт ва “мо аз ин ба баъд тарзи рафтори кормандонамон дар чунин ҳолатҳоро комилан дигар мекунем.”

Дар дафтари Максим Резник ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ аз посухҳои раиси пулис зиёд қаноатманд нест, чунки тавре ба назар мерасад, ки “Сергей Умнов бештар дар талоши ҳифзи обрӯи пулис буд, то дар фикри пайдо кардани ҳақиқат.”

Зарина Юнусова, модари Умаралӣ, шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз Зарина ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ин гуна таҳаввулот ба гуфтаи онҳо дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид.

Марги мармузи ин кӯдак якҷоя бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

Аммо бо гузашти қариб ним сол аз ин ҳодиса ҳанӯз ҳеҷ касе бо ҷурми марги Умаралӣ Назаров ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст. Модари ӯ Зарина дар хонаи волидонаш дар Оби Гарми Тоҷикистон ба сар мебарад ва падараш Рустам Назаров ҳанӯз дар Русия аст.

XS
SM
MD
LG