Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 4-уми сентябр аз ҳамлаи мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи пулис дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и пойтахт, ду сол сипарӣ шуд. Мақомот ин ҳодисаро талоши табаддулоти давлатӣ номиданд, ки аз сӯи муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва бо фармоиши ҲНИТ анҷом шудааст. Вале раҳбарияти ҳизби баъди ин "ғайриқонунӣ ва террористӣ" эълоншудаи наҳзати исломӣ ҳама иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки ин ҳодиса ба хотири аз саҳна Тоҷикистон берун шудани ин ташаккули сиёсии мухолифон созмон дода шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки ҳама нишонаҳои табаддулоти давлатӣ дар талошҳои "Ҳоҷӣ Ҳалим" исботи худро ёфтанд ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи ҲНИТ дар он дахил будааст. Худи Кабирӣ ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон кард.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 бархе сокинони пойтахт ва матбуот аз ҳаракати низомиён дар кӯчаҳои Душанбе ва тирандозӣ хабарҳо пахш карданд. Баъдан мақомот гуфтанд, ин ҳодиса кӯшиши табаддулоти давлатӣ буд, ки дар садраш генерали вазорати дифоъ, муовини вазир ва собиқ узви нирӯҳои мухолифини давлат Абдуҳалим Назарзода (мавсум ба Ҳоҷӣ Ҳалим) қарор дорад.

Дар рӯзи аввали амалиёт мақомот аз кушта шудани 17 нафар гузориш доданд. Амалиёти зидди афроди Назарзода то 16 сентябр идома кард ва бахши ниҳоии он дар дараи Ромит, канори ғарбии шаҳри Душанбе бо аз байн бурдани худи Назарзода ва даҳҳо тарафдорони мусаллаҳи дигараш хотима ёфт. Баъд аз зӯҳри он рӯз мақомот аз кушта шудани Назарзода ва дар маҷмӯъ 39 ширкатдорони ин амалиёт, аз ҷумла низомиёни ҳукуматӣ хабар доданд.

Поёни Ҳоҷӣ Ҳалим оғози таҳаввулоти нав шуд...

Марги "Ҳоҷӣ Ҳалим" поёни ин ҳодиса набуд ва ҳамон тавр, ки мақомот мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса давоми ду соли гузашта ҳудуди 200 тан аз тарафдорони муовини пешини вазири дифоъ боздошт шуда, бархе аз онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Парвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва тарафдоронаш ба таври пӯшида ҷараён гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ба таври рӯшан иттилоъ надорад, ки муовини собиқи вазири дифоъ чӣ мехост ва чаро ба кӯҳ фирор кард. Бо гузашти ду сол аз он ҳодиса, сокинони Тоҷикистон ва матбуот ҷуз маълумоти расмӣ, тафсилоти дигаре дар даст надоранд.

​Мақомоти тоҷик ин ҳодисаро кори дасти раҳбарияти ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дониста, на танҳо фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ карданд, балки 14 узви раёсати олӣ ва шӯроии сиёсияшро ба муддатҳои тӯлонӣ аз ҷумла ду нафари онҳоро ба ҳабси абад маҳкум карданд. Танҳо зан дар миёни маҳкумшудаҳо - ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ баъди як соли боздошту ҳабс бо афви президент ба озодӣ баромад.

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора даст доштани худ дар ин ҳодисаро радд намуда ва онро баҳонае аз сӯи мақомот барои қатъи фаъолияти ин ҳизб хондааст. Дар изҳороти созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон Тоҷикистон барои ташкили мурофиаҳои ношаффоф, дастрасии маҳдуди хешутабор ба мурофиаву муҷримон, эҳтимоли шиканҷа шудани боздоштшудаҳо интиқод шуд.

Аммо Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки ҳама нишонаҳои табаддулоти давлатӣ дар талошҳои муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" исботи худро ёфтанд ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи ҲНИТ сарфи назар аз он, ки даст доштани худ дар ин ошӯбро радд мекунад, дар он дахил будааст. Худи Кабирӣ, ки аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷа ба сар бурдааст, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон кард.

ҲНИТ: Ба ҳодисаҳои сентябри соли 2015 рабте надорем

Мисли ду соли пеш имрӯз ҳам раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷа даст доштани ин ҳизби сиёсӣ дар дар ҳаводиси соли 2015-ро комилан рад мекунад. Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ташаккул ба "ҳаводиси хунуни сентябри соли 2015 ҳеч рабте надорад ва ҳатто Раёсати олии ҳизб дар он замон ин ҳаводисро маҳкум карда буд". Вай гуфт, ин ҳодисаҳо "баҳонае дар дасти ҳукумат шуд, ки нақшаи аз пеш тарроҳишудаи худ, яъне саркӯби ҲНИТ-ро амалӣ созад".

Вай инчунин дурустии ҳукмҳои додгоҳии аъзои ҳизбро рад кард ва гуфт, ки ба хотири набуди "далеле барои тасдиқи иттиҳомот алайҳи ҲНИТ муҳокимаи масъулини баландпоя ва боздоштшудаи ҳизб пушти дарҳои баста сурат гирифт".

Мақомҳои давлатӣ ҳам зиндонӣ шуданд

Дар робита ба ошӯби "Ҳоҷӣ Ҳалим" даҳ мақоми ниҳодҳои интизомиву қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла як мақоми баландпоя низ ба зиндон маҳкум шудаанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳӣ олӣ моҳи июли соли гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ба далели махфӣ будани ин парванда ва мурофиа, аз баёни ному насаби ин афрод худдорӣ мекунанд.

Абдуҳалим Назарзода 56 сол дошт ва пас аз баста шудани созишномаи сулҳ дар соли 1997 раҳбарии баталёни 25-умро, ки аз ҳисоби нерӯҳои Иттиҳоди мухолифин созмон ёфта буд, бар ӯҳда гирифт. Баъдан, ба кор дар Вазорати дифоъ гузашт ва то ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015, муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Ӯ шахси матбуотӣ набуд ва яке аз охирин аъзои мухолифини собиқ буд, ки баъди имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 то охир дар мақоми баланди давлатӣ кор кардааст.

Оппозитсия берун ва матбуот маҳдуд шуд

Баъди ошӯби нокоми сентябри соли 2015, дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ боқӣ монд, ки аксари онҳо рӯ ба ҳукумат ҳастанд. Фаъолияти ҳизбҳои то соли 2015 фаъолу мунаққиди ҳукумат - коммунистӣ ва сотсиал-демократ камранг шуда, дар парлумон ҳузур надоранд.

Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияташро дар хориҷи Тоҷикистон ба роҳ монд ва рӯзи 9 июли соли ҷорӣ ба муносибати 20-солагии имзои Созишномаи сулҳ дар Дортмунди Олмон дар ҷаласаи нахустини алании мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро барпо кард. Кабирӣ аз гурӯҳҳои сиёсӣ даъват кард, ки дар муқобили ҳукумат муттаҳид ва фаъол шаванд. Мақомоти Тоҷикистон ин нишаст ва даъватҳои мухолифонро маҳкум карданд.

Ҳамоиши Дормунд.
Ҳамоиши Дормунд.

​Дар муддати ду соли охир, ба андешаи ҷомеашиносон, матбуоти мустақил дар Тоҷикистон фаъолияти пешинаашро аз даст дод, ба эҳтиёткориву худсонсурӣ гузашт, журналистони зиёд тавассути созмонҳои мудофеи озодии баён аз фишори афзоянда дар кори худ шикоят карданд. "Гузоришгарони бидуни марз" аз маҳдуд шудани озодиҳо дар матбуот изҳори нигаронӣ кард.

Созмонҳои ҳуқуқи башар хабари тарки Тоҷикистон кардани даҳҳо фаъоли сиёсӣ ва кӯшиши дарёфти паноҳандагӣ дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Полшаву Олмонро пахш карданд.

Назарҳо: Кудатои Назарзода таъмини амниятро дар авлавият қарор дод

Бархе коршиносон мегӯянд, ҳодисаи ду соли пеш нақши амният дар сиёсати давлатро боло бурд.

Дилшод Муллоев.
Дилшод Муллоев.

Дилшод Муллоев, ходими калони Пажӯҳишгоҳи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд: "Кудатои Абдуҳалим Назарзода собит кард, ки нирӯҳои эътирозгар дар дохили ҳукумат ҳастанд ва дар сурати пеши роҳи онҳоро нагирифтан, мумкин буд, масъала ранги дигар мегирифт ва эҳтимол дошт, густардатар мешуд. Аммо натиҷаи ин кудато он шуд, ки давлат ба амнияти миллӣ таваҷҷӯҳи бештар кард ва суботи кишвару миллатро дар авлавият қарор дод.

Аз сӯи дигар, сабақи ин кудато он шуд, ки артишсозии нав рӯи кор омад. Шахсони тасодуфӣ аз мақомҳо дур шуданд ва ҳатто бештари ин гуна афрод, ки ошубу кудато мехостанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳамакнун низоми иқтисодӣ бояд просеси либератизатсияро гузарад ва барои ба вуҷуд омадани фазои мусоид ҷиҳати сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ иқдом шавад. Дар сурати амалӣ намудани сиёсати муваффақи иқтисодӣ, таъмини амният низ муваффақ хоҳад шуд".

"Ошӯб буд, на табаддулоти давлатӣ"

Коршиносони дигар мегӯянд, ки ошӯби нофарҷоми генерал Абдуҳалим Назарзода на танҳо ба қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, балки ба маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, динӣ ва озодии баён мунҷар гардид.

Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақили тоҷик гуфт, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсии кишвар таъсири ҷиддӣ гузошта ва ҳизби исломиро аз фазои сиёсии Тоҷикистон хориҷ кард. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, дар пайи ин таҳаввулот дар кишвар низоми яккаҳизбӣ, яъне, Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳукмрон шуд.

Зафар Абдуллоев.
Зафар Абдуллоев.

Абдуллоев гуфт: “Фишори ниҳодҳои давлатӣ болои созмонҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори мустақил бештар шуд. Санадҳои ҳуқуқӣ дар ростои танзими фаъолият, урфу одати мардум қабул шуданд. Ҳоло озодиҳои сиёсию динӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон дуюмдараҷа шудаанд”.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, ба далели он, ки ҳамаи иттилоот дар мавриди амалиёти ниҳодҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи шӯришии генерал Назарзода ва муҳокимаи тарафдорони ин генерал дар додгоҳҳои кишвар махфӣ буд, қазоват кардани ин ҳодиса ба унвони кӯшиши табаддулоти давлатӣ, душвор аст. Чун ин гурӯҳи кӯчаке буду ба хотир ба даст овардани силоҳ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳамла кард, ин ҳодисаро метавон навъе ошӯб арзёбӣ кард, на кӯшиши табаддулоти давлатӣ.

Аҳмадшоҳ Комилзода, журналист ва таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки кудатои Ҳоҷӣ Ҳалим маълум кард, ки бо гузашти беш аз 20 сол аз имзои созишномаи сулҳ ҳанӯз ҳам гурӯҳҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон дар қасди ноором кардани вазъ ва ба ҳам задани сулҳу суботи кишвар ҳастанд.

"Албатта сахт аст, бигӯем, ки кадоме аз ин гурӯҳҳо қодиранд дубора сар бароранд ва алайҳи ҳукумат юриш кунанд. Вале боз ҳам бар асоси далелҳо ва воқеиятҳое, ки вуҷуд дорад, мешавад гуфт, ки шояд кадом гурӯҳе боз пайдо шавад, албатта бо пуштибонии хориҷӣ ва ё имкониятҳои дохилӣ норозиятие, тазоҳуроте нишон бидиҳанд.

Аммо муҳим он аст, ки давлат қудрат дорад, ки алайҳи ин гуна гурӯҳу нирӯҳо посух бидиҳад ва садди роҳи густариш ёфтани ин гуна равиш шавад. Таҳлилҳои коршиносӣ нишон медиҳад, ки генерал Назарзода барои анҷоми кудато алайҳи давлат омодагӣ мегирифтааст ва инчунин андешае дар сар доштаааст".

Айни замон, ба андешаи Аҳмадшоҳ Комилзода, нақшаи рӯзе аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ҲНИТ "аз пеш маълум буд". Вай гуфт, "кудатои Назарзода заминае барои ин кор шуд. Ҳарчанд Назарзода худаш ба худаш буд ва рабте ба ҲНИТ надошт. Вале барои ҳукумат баҳона шуд, ки дар пайи кудато нируи наҳзат ҳам аз байн бурда шавад".

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG