Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи Ҳоҷӣ Ҳалим афв шуд


Алишер Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода
Алишер Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода

Алишер Назаров, бародарзодаи 29-солаи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки баъди ошӯби соли 2015 дар қатори хешу ҳамроҳони дигари ӯ боздошт ва зиндонӣ шуда буд, аз маҳбас раҳо гардид. Дар пайи ошӯби номуваффақ тахминан 200 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва зиндонӣ шуданд.

Алишер то ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015 ба ҳайси нозири бехатарии Шӯъбаи амнияти дохилии фурудгоҳи Душанбе кор мекард.

Алишер рӯзи 1-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмуъ барои се соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо татбиқи Қонуни афви соли гузашта ними мӯҳлати адои ҷазояшро кам кард. Додгоҳ моҳи декабри соли 2015 Алишерро барои миёнравӣ дар пора додан ба амакаш – Абдуҳалим Назарзода аз озодӣ маҳрум намуд.

Алишер дувумин нафаре аз пайвандони боздоштшудаи Абдуҳалим Назарзода аст, ки аз зиндон озод мешавад. Соли гузашта пас аз чанд моҳи боздошт Салим Назаров, яке аз бародарони Ҳоҷӣ Ҳалим низ аз боздошт раҳо шуд. Мақомот гуфтанд, ки пас аз тафтишҳои зиёд ҳамдастии ӯ бо бародараш тасдиқ нашуд.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Субҳи 4-уми сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо “ошӯби” Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 нафар аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуд.

Алишер то ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015 ба ҳайси нозири бехатарии Шӯъбаи амнияти дохилии фурудгоҳи Душанбе кор мекард. Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки Алишер Назаров баъди барканорӣ аз мақом ба Русия фирор кард ва баъдан бо дархости мақомоти тоҷик ӯро ба ватан баргардонданд. Алишер мегӯяд, воқеан, ба Русия рафта буд, вале ӯро на истирдод, балки пас аз 20 рӯз ба хотири ҳамкорӣ ба тафтишот бо хоҳиши худ ба ватан омад.

Силоҳҳое, ки мақомот мегӯянд, аз афроди Ҳоҷӣ Ҳалим гирифтаанд
Силоҳҳое, ки мақомот мегӯянд, аз афроди Ҳоҷӣ Ҳалим гирифтаанд

"Хушҳолам, ки нисбат ба ман қонуни афв татбиқ шуд. Ба вуҷуди адолат бовариам бештар гардид. Ташаккур мекунам, ки бо имзои чунин қонун мӯҳлати адои ҷазои ман ва дигаронро камтар карданд",-гуфт ӯ.

Шубҳа: Алишер пеш аз ошуб бо Ҳоҷӣ Ҳалим тамос дошт

Ин ҷавон дар соли 2015 дар ҳоле мавриди шубҳаи мақомот қарор гирифтааст, ки ҳафтае пеш аз “ошуб”-и 4-уми сентябр бо амакаш - Абдуҳалим Назарзода тамосҳои ба такрор доштааст. Ба қавли Алишер дар аввал мақомот фикр кардаанд, ки ӯ аз амалҳои амакаш бохабар буд, вале баъдан бо иқрори ӯ ва таҳқиқи мақомот рӯшан шудааст, ки тамосҳо бо Ҳоҷӣ Ҳалим дар масъалаи кумак ба як афсар будааст.

Ин бача бисёр хост, ки 10 ҳазор сомонӣ диҳад. Амакам (Абдуҳалим Назарзода) гуфт, ки рафта як утоқро дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ таъмир кунад.

Алишер мегӯяд, моҳи августи соли 2015 як хеши дурашон, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ бо рутбаи подполковник кор мекард, барои ёрӣ ба ӯ муроҷиат кард. Ӯ гуфт, “ин нафар мехост ҳамчун шунаванда дар Академияи ҳарбии Федератсияи Русия таҳсил кунад. Ба назди ман омад ва гуфт, ки ба амакат занг зан кӯмак кунад. Занг задам ва амакам ваъда кард, ки кумак мекунад. Баъд аз як ҳафта ин афсар омад ва гуфт, ки мехоҳад ба Назарзода пул бидиҳад. Амакам ҷангам кард. Лекин ин бача бисёр хост, ки 10 ҳазор сомонӣ диҳад. Амакам (Абдуҳалим Назарзода) гуфт, ки рафта утоқи таълимии яке аз қисмҳои ҳарбиро таъмир кунад. Вай омад, ба ман панҷ ҳазор сомонӣ дод ва гуфт, ки панҷ ҳазори дигарашро баъдан медиҳам. Ман бурда ба нафаре, ки амакам гуфта буд, дар қисми ҳарбӣ, воқеъ дар фурудгоҳи кӯҳна, супоридам” .

Ба гуфтаи Алишер, тамосҳои ӯ бо амакаш сари ҳамин масъала буд ва ӯ ҳеҷ маълумоте дар бораи “ошӯб” надошт. Баъдан, зимни тафтиш, маълум шуд, ки бо он пул як утоқи қисми ҳарбиро таъмир кардаанд. «Ҳамин корам ғайриқонунӣ будааст. Он вақт намефаҳмидам, ки ҷиноят содир кардаам. Бо моддаи 319, қисми 1, яъне миёнаравӣ дар пора додан ба амакам нисбат ба ман парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ба гуноҳам пурра иқрор шудам ва додгоҳ инро ба назар гирифт», - гуфт ӯ.

Наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд, ки мақомот хонаи онҳоро мусодира кардаанд
Наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд, ки мақомот хонаи онҳоро мусодира кардаанд

“Ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва сарнавишти пайвандонаш

Алишер писари Абдураҳим Назаров, яке аз шаш бародари Ҳоҷӣ Ҳалим аст. Падари Алишер, ба гуфтаи мақомот, ҳангоми моил кардани Ҳоҷӣ Ҳалим ба таслим аз ҷониби афроди ӯ кушта шудааст. Ин ҷавон мегӯяд, падараш иштирокчии ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон (ҷанговари интернатсионалист) буд ва нафақаи маъюбӣ мегирифт. Ӯ ба ҷуз маълумоти расмӣ, дар бораи марги падараш чизи дигар намедонад.

Ҳоло ӯ дар манзили зисти падараш, воқеъ дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе, зиндагӣ дорад.

Абдуҳалим Назарзода охири моҳи сентябри соли 2015 дар пайи амалиёти мақомот дар дараи Ромит кушта шуд.

Дар пайи, ба гуфти ҳукумат, ошӯби номуваффақи Абдуҳалим Назарзода тахминан 200 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, Бахтиёр Назаров, писари 29-солаи Ҳоҷӣ Ҳалим соли гузашта бо иттиҳоми нақш доштан дар ҷинояти падараш ба 22 соли зиндон маҳкум шуд. Ҷамол Назаров, бародари дигари ӯ, пас аз истирдод аз Русия, даҳ сол ҳукми зиндон гирифт. Абдукарим, Абдураҳим, ду бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, рӯзи 16-уми сентябр кушта шуданд. Танҳо Ғолиб Назаров, бародари хурдии Ҳоҷӣ Ҳалимро ба бозпурсӣ даъват накарданд. Ғолиб Назаров ҳоло дар Русия ба тиҷорат машғул аст.

Худи Абдуҳалим Назарзода охири моҳи сентябри соли 2015 дар пайи амалиёти мақомот дар дараи Ромит кушта шуд.

XS
SM
MD
LG