Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Ҳалим аз ду бонк 350 ҳазор доллар қарздор буд


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон эълон кард, ки Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ, аз ду бонки кишвар дар маҷмуъ 350 ҳазор доллар қарз гирифта, барнагардонда будааст. Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб, рӯзи 5 август гуфт, мушаххас кардани амволи Абдуҳалим Назарзода бо хоҳиши Додситонии кулл сурат гирифтааст.

"Вай аз "Тоҷиксодиротбонк" 150 ҳазор доллар ва аз “Амонатбонк" 200 ҳазор доллар қарз гирифта ва барнагардондаанд,” - гуфт ӯ. Аммо, ба қавли раиси Палатаи ҳисоб, дар мавриди мушаххас кардани дороиҳои Муҳиддин Кабирӣ ба ниҳоди зертобеаш дархост нашудааст.

Қаблан Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ахиран гуфт, Сарпрокуратураи низомии Тоҷикистон дар робита ба дороиҳои собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода парванда боз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, то анҷоми тафтишот ҳама амволи Назарзода ҳабс хоҳад шуд.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ. бо шумули абдуҳаоим Назарзода, кушта шуд.

XS
SM
MD
LG