Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду марҷаи тақлиди шиа зидди сарояндагии занон


Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ
Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ

Ду марҷаи тақлиди шиа аз нашри албоми мусиқии "Туро ай кӯҳан буму бар дӯст дорам" шадидан интиқод каарданд, ки ба гуфтаи онҳо имкон дода шудааст, дар он зане дар ҳузури мардон овозхонӣ кунад.

Ду марҷаи тақлиди шиа аз Вазорати фарҳангу иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон интиқод кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба нашри албоми таронаҳои “Туро ай кӯҳан буму бар дӯст дорам” иҷоза додааст.

Оятуллоҳ Ҳусейни Нурии Ҳамадонӣ ва Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ бовар доранд, Вазорати фарҳангу иршод бо ин кораш имкон додааст, то як зан дар ҳузури мардон ба овозхонӣ пардозад. Коре, ки аз нигоҳи онҳо дуруст нест.

Албоми мусиқии “Туро ай кӯҳан буму бар дӯст дорам” бо оҳангсозии Паймон ва бо хонандагии ҳамзамон ё дусадоӣ (дуэт)-и Муҳсин Кароматӣ ва Нӯшин Тофӣ ба бозори мусиқӣ баромадааст. Ин албом ҳафтаи гузашта дар Эрон рӯнамоӣ шуд.

Оятуллоҳ Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ ҳангоми дарси ҳафтагии худ дар ҳавзаи илмии Қум гуфтааст, “овозхонии зан ба ҳеч василае наметавонад маъмул шавад ва ҷилави онро мегирем”. Ба қавли ин марҷаи тақлиди шиа, ҳукми овоз хондани зан дар баробари мардон бар асоси Қуръон “ҳаром” аст ва таъкид кардааст, “Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ ҳақ надорад, чунин коре кунад”.

Ин устоди ҳавзаи илмии Қум хотирнишон кардааст, “ҳар филм, ҷашнвора, китоб ва мусиқӣ, ки мувофиқи арзишҳои инқилобӣ набошад, ҷилави онро мегирем.”

Дигар марҷаи тақлиди шиа дар Қум Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ низ дар ҷаласаи дарсии худ дар ин ҳафта гуфтааст, “ахиран дида мешавад, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ арзишҳои инқилобро зери по мегузорад ва шикоят пушти сари ҳам аз вазорат матраҳ мешавад.” Ӯ хитоб ба давлати Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, “мардумро норозӣ накунед. Зеро мардуми инқилобӣ ҳастанд ва инқилоб карданд ва норизоятии онҳо натиҷае барои кишвар надорад. Бино бар ин, бояд дар кори худ таҷдиди назар кунанд, то мардум розӣ бошанд.”

Интиқоди ин ду марҷаи тақлиди шиа дар ҳоле сурат мегирад, ки Вазорати фарҳангу иршоди Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба интиқодҳои мушобеҳи шуморе аз намояндагони Маҷлиси Эрон ҳам дар хусуси албоми нави таронаҳо тавзеҳот додааст. Ҳусейн Нӯшободӣ, муовини порлумонӣ ва сухангӯи Вазорати иршод, аз ҷумлаи мақомҳои ин вазоратхона будааст, ки дар бораи албоми мусиқии “Туро ин кӯҳна буму бар дӯст дорам” гуфтааст, “иддаои яккахонии хонум сиҳҳат надорад, балки он ҳамхонӣ (дуэт) аст.” Ӯ таъкид кардааст, албом дар чорчӯби муқаррароти иршод содир шудааст ва мухолифи сиёсатҳои Вазорати фарҳангу иршод нест.

XS
SM
MD
LG