Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду корманди "Амонатбонк" бо гумони муомилаҳои ғайриқонунӣ


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт намудааст. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор доранд.

Як манбаъ дар "Амонатбонк" рӯзи 30-юми октябр бо тасдиқи ин хабар гуфт, боздошти ин ду кормандашон, рӯзи 16-уми октябр аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ сурат гирифтааст.

Ин манбаъ гуфт, кормандони Оҷонсӣ зимни ин амалиёт Д. Ф. ва С. Х., кормандони Департаменти хазинадори бонкро боздошт намуданд ва онҳо дар муомилаи ғайриқонунии асъор айбдор дониста мешаванд.

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошти кормандони "Амонатбонк"-ро низ тасдиқ намуданд, вале аз тавзеҳи бештари қазия худдорӣ карданд.

Аммо як манбаи наздик ба "Амонатбонк" мегӯяд, кормандони ин ниҳод бо гумони табодулаи ғайриқонунии сармоя дар ҳаҷми калон боздошт шудаанд. Ҳаҷми ин сармояҳо феълан маълум нест, вале гуфта мешавад, он ба даҳҳо ҳазор доллар расида, чунин амалиёт ба таври пайваста сурат мегирифтааст.

Боздошти ду масъули ин бонк дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат Руҳулло Ҳакимзодаро, ки он замон раҳбари "Амонатбонк" буд, сахт интиқод намуда, аз толори маҷлис ҷавоб дод. Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 22-юми январи имсол, чанд рӯз пас аз интиқоди раиси ҷумҳур аз фаъолияти "Амонатбонк" ба ҷои Руҳуллоҳ Ҳакимзода раис таъйин шуд. Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк", рӯзи 5-уми феврал зимни як нишаст дар Душанбе, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, интиқоди президент аз қарзҳое буд, ки мизоҷон натавонистаанд, саривақт ба "Амонатбонк" баргардонанд.

"Амонатбонк"-ро дар гузашта барои роҳ додан ба тақаллуб борҳо танқид кардаанд. Моҳи январи имсол Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бархе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағи буҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард. Ба гуфтаи ин ниҳод соли 2018 дар ин бонк 16 миллион сомонӣ дуздии маблағ ошкор шудааст.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст.

XS
SM
MD
LG