Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" аз "Амонатбонк" 45 млн сомонӣ қарздор аст


Қарзи ширкати "Тоҷик эйр" назди "Амонатбонк" 45 млн сомонӣ будааст. Ин матлабро Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" рӯзи 23-юми июл зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Ба гуфтаи раиси "Амонатбонк", ширкати "Тоҷик Эйр" ҳоло ба мушкили ҷиддии молӣ рӯбарӯ аст.

"Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он аввали соли 2019 аз қатъ шуд.

Моҳи январи имсол дар ҷаласаи солонаи ҳукумат масъалаи "Тоҷик Эйр" ҷиддӣ баррасӣ шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари онро аз толори ҷаласа берун кард. Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Хайрулло Раҳимов, собиқ мудири кулли "Тоҷик Эйр" парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Раҳимов ба "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр", муттаҳам аст.

XS
SM
MD
LG