Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду журналисти афғон аз тири ҳамлаварони ношинос кушта шуданд


Дар Афғонистон дар паи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳе ба дафтари радиои маҳаллӣ дар шимоли ин кишвар, ду журналист кушта шуд. Ҳамкорон ва мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба радиои «Ҳамсадо» рӯзи 5 феврал дар шаҳри Толиқон, маркази маъмурии вилояти Тахор рух дод.

Шафиқ Ориё ва Раҳимулло Раҳмонӣ, ки ҳарду чизе бештар аз 20 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ҷон доданд. Дар ин бора раиси радиои «Ҳамсадо» Симин Ҳуссайнӣ хабар дод. Феълан маълум нест, ки ин ҳамларо чӣ гурӯҳе анҷом додааст. Ҳеҷ нафар ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Раиси полиси вилояти Тахор Рашид Башир гуфт, ки таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

Башир гуфт, ки “ду мусаллаҳи ношиносе тахминан соатҳои 6-и шоми сешанбе вориди дафтари радио шуданд. Онҳо ба ҷониби ин ду хабарнигор оташ кушоданд. Ҳангоме, ки ҳодиса рух дод, ин ду журналист пушти микрофон барнома иҷро мекарданд”.



Як моҳ пеш, 5 январ журналисти дигар Ҷовид Нурӣ дар зодгоҳаш Фараҳ дар ғарби Афғонистон кушта шуд. Масъулияти куштори Нуриро Толибон ба ӯҳда гирифта гуфтанд, ки ин журналист барои ҳукумат кор мекард.

Дар гузаштаҳо Толибон ва ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” чандин бор ба журналистони афғон ҳамла карда, танҳо дар соли 2018, ки ба арзёбиҳои Гузоришгарони бидуни марз хунинтарин сол барои журналистони Афғонистон буд, 15 хабарнигорро куштанд.

Созмони воқеъ дар Париж аз полиси Афғонистон тақозо кардааст, ки қазияи куштори журналистонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда омилони ин ҷиноятро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар ин бора Ризо Муинӣ, раиси дафтари созмон барои Афғонистону Эрон изҳори назар кардааст.

Радиои “Ҳамсадо” макони кори 11 нафар, аз ҷумла 7 зан буда, барномаҳои худро аз соли 2007 ба роҳ мондааст.

Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International ин ҳодисаро “як ҷинояти ваҳшатнок” арзёбӣ карда аз мақомоти Афғонистон хостааст, ки барои кори “озоду бидуни тарси” журналистон тамоми шароитро фароҳам оваранд. Замон Султонӣ, намояндаи ин созмон гуфтааст, куштори журналистони “Ҳамсадо” баёнгари он аст, ки журналистон дар Афғонистон танҳо ба хотири иҷрои вазифаҳои касбии худ ҳамарӯза бо таҳдиду хатар рӯбарӯ ҳастанд.

Сафири ИМА дар Кобул гуфт, ки аз шунидани хабари куштори журналистон “таконзада ва хашин” шуд. Ӯ дар саҳифаи худ дар Twitter навишт, “фурсати хатми ҷиноят алайҳи журналистон” фаро расидааст.

Дар миёни 180 кишвар аз назари озодии баён, ки онро созмони Гузоришгарони бидуни марз омода мекунад, Афғонистон дар мақоми 118-ум қарор гирифтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG