Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони бидуни марз: " 65 журналист дар соли 2017 кушта шуд


Логои созмони Хабарнигорони бидуни марз

Созмони Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, теъдоди журналистҳое, ки дар соли 2017 ба ҳалокат расиданд 65 нафар аст. Ба гуфтаи ин созмон 26 нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифа қурбонии шароити хатарноки мисли зарбаҳои ҳавоӣ, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ё оташи тупхона шуданд. 39 нафари дигар барои хабарҳояшон, ки ба манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ таҳдид мекард, кушта шуданд. Созмон мегӯяд, мисли соли 2016, марги аксари онҳо (60 дар сад) ба фаъолияти кориашон рабт дошт.

Теъдоди кушташудаҳо дар муқоиса бо соли гузашта 18 дар сад коҳиш ёфт. Аммо Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, соли 2017 барои журналистони ҳирфаӣ дар 14 соли ахир соли аз ҳама марговар буд.

Ин созмон дар шаҳри коҳиши теъдоди маргҳо мегӯяд, ки журналистҳо аз кишварҳое, ки барояшон хатарнок буд, ба мисли Сурия, Либиё, Яман ва Ироқ берун шуданд.

Дар тули 6 соли ахир Сурия бо 12 мавриди ҳалокати журналистон аз ҳама кишвари хатарнок унвон мешавад. Ба думболи Сурия бо 11 куштор Мексика қарор дорад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сиёсатмадорони маҳаллӣ журналистонро террор карданд. Аз кишварҳое, ки дар онҳо ҷанг сурат намегирад вале хабарнигорон кушта мешаванд, Мексика дар ду соли ахир хатарноктарин номбар шудааст. Теъдоди хабарнигорони кушташуда дар Афғонистон ба 9 нафар мерасад.

Видеоҳои охирин

Охирин омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG