Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирсухани сафари Туск. Ҷумлаи баҳсбарангез дар соҳили кӯли Сарез. ВИДЕО


Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск баъди бозгашт ба Брюссел ҷараёни сафарашро ба Осиёи Марказӣ дар як видеои кӯтоҳ натиҷагирӣ кард. Вале ҷузъиёте, ки имрӯз мардум аз онҳо мегӯянд, дар ин видео нест.

Боздиди президенти Шӯрои Аврупо аз Тоҷикистон Доналд Туск дар миёни хонандагони хабарҳо ва ҳам гурӯҳҳое, ки ин сафарро пайгирӣ мекарданд, таассуроти омехта ва гоҳе ҳам баҳсбарангез боқӣ гузошт.

Дар ҳоле, ки сохторҳои ҳукумативу дипломатии аврупоӣ аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои ҳарду ҷониб мусбат меноманд, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе матбуоти мустақил назари дигар доранд. Хулосаи мунаққидон ин аст, ки дар сафари Туск, ки расман бо ҳадафи муаррифии Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ сурат гирифт, “аз баррасии ошкору интиқодии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон сарфи назар шуд” ва раҳбари сиёсии Аврупо “дар амри тақвияти мавқеи Аврупо дар Осиёи Марказӣ намехоҳад” бо раҳбарони “поймолкунандаи озодиҳо муносибатро бад кунад”.

Акси гулпошӣ зери пои Тускро ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар саҳифаи Фейсбукии худ нашр кард ва он боиси эҷоди баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд
Акси гулпошӣ зери пои Тускро ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар саҳифаи Фейсбукии худ нашр кард ва он боиси эҷоди баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд

Президенте, ки “сокинони Сайёра дар орзуяш” ҳастанд

Акси истиқболи духтарони атласпӯш аз Туск дар ноҳияи Дарвоз ва гулпошии онҳо дар зери пои дипломати аврупоӣ, ёдоварии камранги ӯ аз масоили ҳуқуқи башар дар изҳороти матбуотӣ бо президент Раҳмон аз назари онҳое, ки ин сафарро мушоҳида карданд, ҳамчун “мувофиқати дипломати аврупоӣ бо сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон” интиқод шуд.

Илова ба ин, пахши порае аз сӯҳбати Туск бо телевизиони давлатии Тоҷикистон ва аз ҷумла, гӯё ин ки гуфтааст: “Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте раҳбарӣ мекунад, ки сокинони Сайёра дар орзуи чунин сарваранд”, мавриди тааҷҷуби бисёре аз фаъолон шуд.

Дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо Туск метавонист, дар мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ ин ҳарфҳоро ба забон орад, сухангӯи президенти Шӯрои Аврупо посухи мустақим надод. Дар ҷавоби катбӣ ба номи Радиои Озодӣ сухангӯи ӯ Пребен Ааман навишт: “Ман тасдиқ мекунам, ки зарурати таъмини ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ дар мулоқоти президент Туск ва Раҳмон дар Душанбе ҳафтаи гузашта матраҳ шуд. Ин мавзӯъ инчунин дар изҳороти матбуотии Туск ҳам инъикос шуд, ки гуфт: “Ҳадафи олии ҳар сиёсатмадор таъмини амният ва инчунин ҳуқуқи башар ва озодиҳо аст”.

Пребен Ааман аз ин бештар шарҳе надод. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Брусел Рикард Йозвак ба нақл аз манбаъҳои худ дар Шӯрои Аврупо мегӯяд, Туск дар Тоҷикистон чунин ҳарферо ба забон наовардааст.

Бархе шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гуфтанд, ки ба ҷой доштани чунин як ҷумлае дар сӯҳбатҳои Туск бовар надоранд ва мутмаинанд, ки ин ҷумла ҳангоми тарҷума таҳриф шудааст.

Зимнан, дар нашри русии ин видео ҷумлаи мазкур ҷой надорад.

Чаро сафари Туск ба Тоҷикистон муҳим буд?

Президенти Шӯрои Аврупо яке аз камтарин меҳмонҳои баландпояи ғарбӣ аст, ки дар солҳои охир аз Тоҷикистон дидан мекунад. Муҳаққиқони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар Тоҷикистон баъди соли 2015 рукуди арзишҳои демократӣ ва маҳдудшавии озодиҳо мушоҳида мешавад ва низоми яккаҳукуматӣ тақвият меёбад. Чаҳор сол пеш дар паи интихоботи порлумонӣ, ки ба андешаи нозирони байналмилалӣ, ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботҳои воқеии демократӣ набуд, ҳизбҳои воқеан оппозитсионӣ ба маҷлис роҳ дода нашуданд ва тирамоҳи он сол дар паи ошӯби мусаллаҳона Ҳизби наҳзати исломӣ баста шуд. Соли 2016 дар кишвар Қонуни пешвои миллат қабул шуд, ки ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи раҳбарии якумриро фароҳам овард. Дар чаҳор соли охир даҳҳо аъзои гурӯҳҳои мамнӯъшудаи сиёсӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди зиндониҳои сиёсиро рад мекунанд.

Дар даҳ соли охир дар маҷмӯъ ангуштшумор мақомоти баландпояи сиёсии ғарбӣ ба Тоҷикистон рафта, дар канори ҳамкориҳову тавсеаи равобит, ба ҳал шудани масоили ҳуқуқи башар таъкид кардаанд. Соли 2011 - Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар сафари аввалини таърихии худ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқоти ҷудогона орост, ки дар он масоили зиёде дар сӯҳбати озод баррасӣ гардид. Соли 2012 Кетрин Эштон, ки он замон ҳамоҳангсози сиёсати хориҷииИттиҳодияи Аврупо буд, дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон дар баробари ҳимоят аз рушди ҷомеаи маданӣ дар ин кишвар, аз фаъолияти созмони он замон басташудаи “Ампаро” ҳимоят кард, ки риояи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистонро назорат мекард. Созмон аз нав ва бо номи дигар арзи вуҷуд кард.

Доналд Туск аввалин раҳбари Шӯрои Аврупо аст, ки аз Тоҷикистон дидан кард ва бо назардошти ин ки ислоҳоти демократӣ яке аз ҳадафҳои аслии Стратегияи ИА дар ОМ мебошад, ба қавли фаъолони ҳуқуқ ва умури сиёсӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон, бисёриҳо интизор доштанд, ки дар мазҳари ом роҷеъ ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар ва вазъи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон одат дорад дар симои мақомоти баландпояи ғарбӣ ҳомиёни ормонҳои демократиро бубинад, ки тавассути изҳорот ва паёмҳои сиёсӣ аз фаъолияти бемамонияти онҳо барои таъмини ҳуқуқи башар, иҷрои қонунҳо ва озодиҳо мусоидат мекунанд.

Изҳороти Доналд Туск дар поёни музокироташ бо Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Мо бояд дарк кунем, ки рушди ҷомеа ба манфиати худи мо аст

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносони мустақил мегӯянд, ки интизориҳо дар заминаи ин ки як шахси муҳиме аз Ғарб омада метавонад дар ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон мусоидат кунад, дуруст нест ва худи аъзои ҷомеа бояд дар ин фикр бошанд. Яке аз онҳо Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик аст.

Ӯ мегӯяд, дар пушти дарҳои баста Доналд Туск бо Эмомалӣ Раҳмон дар кадом масъала сӯҳбат карданд, маълум нест. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол “мавзуъҳои ҳассос” он ҷо матраҳ шуда бошад. Ба гуфтаи ин хабарнигори ботаҷриба, мақомҳои баландпояи кишварҳои аврупоӣ бештар дар мавриди сиёсатҳои геополитикӣ андеша мекунанд ва дар мадди аввал дар бораи ҳадафҳои худ ва кишварашон меандешанд. Таваққӯъ дар заминаи ин ки масоили мисли рукуди нишондодҳои демократӣ ваё ҳуқуқи башар дар мадди аввал аст, дуруст нест.

Марат Мамадшоев гуфт: “Чунин сиёсатмадорон дар назди омма, аз ҳуқуқи инсон, озодии матбуот метавонанд сӯҳбат кунанд, вале дар амал дигар корҳоро анҷом диҳанд”.

Аз сӯи дигар, интизороти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки кадом давлат ва ё кадом кишвар шароити давлатдорӣ дар Тоҷикистонро дигар мекунад, Мамадшоев бардошти ғалат медонад.

Мо бояд дарк кунем, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ин манфиати худи мост. Ба ҷуз тоҷикон, ин на ба Русия, на ба Амрико ва на ба дигар кишварҳои ғарбӣ муҳим нест. Мо набояд ба умеди кадом кишваре шавем, ки шароити кишвари моро тағйир медиҳад,”-- гуфт ӯ.

Доналд Туск, президенти Шурои Аврупо, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат накард. Бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз маҳдуд шудани диду боздидҳои Туск аз Тоҷикистон бо барномаҳои мавриди назари ҳукумати кишвар изҳори норизоият карданд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чадон таъсиргузор нест ва шояд бо дарназрдошти ин воқеият президенти Шурои Аврупо аз сӯҳбат бо онҳо худдорӣ кард.

Ӯ гуфт: “Онҳо ҳам дарк карданд, ки нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тағйир додани вазъ дар Тоҷикистон тақрибан ба сифр баробар аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чандон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсиргузор нест. Сабаби дигар ҳам ин метавонад бошад, ки ҳукумат ҳамон сиёсати “агар дидӣ чунин нашуд, чунон кун”-ро пеш гирифтааст. Абарқудратҳо бо пешниҳодҳои худ мехоҳанд, ҳукуматро ба худ моил кунанд ва аз ҷиҳати дигар намехоҳанд, бо вохӯрдан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бардоштани масъалаи ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро аз меҳвари сиёсати худ дур кунанд. Чун ҳукумат эҳсос кунад, ки кишварҳои ғарбӣ ба ӯ кӯмак намекунанд, метавонад пурра зери сиёсати Чин равад. Чин на шарт дорад ва на аз ҳуқуқи башар мепурсад. Шояд аз тарси ҳамин сиёсат кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд бо Тоҷикистон муносибати хуб дошта бошанд".

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандӣ, наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки пеш аз сафар ба Доналд Туск нома навишта буд, умедвор аст, ки ин мақоми баландпояи аврупоӣ дар нисбат ба Тоҷикистон тасмими одилона хоҳад гирифт.

Абудсаттор Бобоев хоста буд, ки Доналд Туск бо хонаводаи зиндониёни ба гуфтаи ӯ сиёсӣ сӯҳбат кунад ва мавзӯи шиканҷа дар зиндонро матраҳ кунад. Бобоев рӯзи 3 июн гуфт, ки дар фурсати кутоҳ Туск наметавонист ин корро анҷом диҳад, вале ҳатман дар оянда хулосаҳои дурусте хоҳад баровард.

“Инро якбора натиҷагирӣ карда намешавад, чун ин вақт мехоҳад. Агар онҳо ҳуқуқи башарро риоя накунанд, созишномаҳое, ки доранд, мебинанд, ки агар иҷро нашуд, бо роҳҳои худашон аз ҳукумат талаб кунанд”.

Мақомот мегӯянд, ки ду ҷониб дар чаҳорчӯби муколамаҳои вижаи ҳуқуқи башари ИА ва Тоҷикистон ин масоилҳо матраҳ ва баррасӣ мешаванд ва дар мулоқоти пушти дарҳои бастаи ҳайатҳои ИА ва Тоҷикистон рӯзи 30 май ҳам ин масоил баррасӣ шудааст. Вале он чи ки бисёриҳоро беҷавоб гузошт, ин шарҳ надодани ҷузъиёти мулоқот ва гуфтугӯҳо, аз оғоз барномарезӣ нашудани саволу ҷавоб бо хабарнигорон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ буд.

Бархе дигар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки кишварҳои ғарбии ҳамкори Тоҷикистон ва бархе дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳузури сиёсӣ дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон манфиатдор ҳастанд, дар тӯли солҳои охир ҳассосияти мақомоти ин кишварҳоро ба масоили мисли ҳуқуқи башар ва камбудиҳо дар бахши демократия “дарк мекунанд” ва ба хотири пешбурди манфиатҳои худ, “аз баррасии ошкорои масолии обрӯрезанда барои мақомоти маҳаллӣ” дар мазҳари ом худдорӣ мекунанд. Дар ниҳоят, ин ҳолат боиси осеб дидани озодии баён мешавад ва бахшҳои дигари ин ҷараёнҳо – ҳомиёни ҳуқуқ ва матбуоти мустақил дар амри муқобила бо ин чолишҳо танҳо мемонад ва суръати ҳаракати кишвар ба самти озодиҳои бештари сиёсӣ ҳам кунд мешавад.

Сафири Иттиҳодияи Аврупо: Сафари Туск ба Душанбе сиёсӣ буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Шарҳҳоро бинед (24)

XS
SM
MD
LG