Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туск: Ҳуқуқи башар – ҳадафи олии ҳар сиёсатмадор аст. ВИДЕО


Президентони Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо дар поёни музокироти худ дар Душанбе ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, мусоидат дар содироти моли Тоҷикистон дар Аврупо таъкид карда, инчунин аз ҳуқуқи башар сӯҳбат карданд.

Дар мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо дар Душанбе мувофиқа ҳосил шудааст, ки ду ҷониб равандаи таҳияи созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро оғоз мебахшанд. Дар ин бора дар поёни мулоқоти президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск дар Душанбе изҳороти матбуотӣ пахш шуд.

Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар поёни музокироташ бо Доналд Туск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:16 0:00

Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, ки дар садри як ҳайати баландпояи аврупоӣ дар Душанбе қарор дорад, шоми 30 май бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ҳадафи аслии ин сафар – баррасии стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ мебошад, ки Тоҷикистон як бахши ин барнома ба ҳисоб меравад.

​Ин стратегия, ки ба қавли аврупоиҳо «бо ҳадафи рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» амал мекунад, ҳамкориҳои наздики ду қора дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, соҳибкориву тиҷорат, тағйироти иқлим ва инчунин ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башарро дар бар мегирад.

Изҳороти Доналд Туск дар поёни музокироташ бо Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Умумиятҳои таърихии Тоҷикистону Полша ва ҳуқуқи башар

Сафари президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳоле мегузарад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷамъиятӣ ҳукумати ин кишварро барои маҳдудшавии озодии баён, фишор болои матбуот ва ҳуқуқшиносони мустақил, зиндониҳои сиёсӣ ва ҳукмҳои тӯлонии зиндо интиқод мекунанд. Дар остонаи сафари Туск бархе фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо таассуф гуфтанд, ки мақоми баландпояи аврупоӣ бояд дар ин сафар бо ҷомеаи маданӣ дидору мулоқот мекард.

Дар робита бо ин мавзӯъ Туск гуфт, ки мавзӯи ҳуқуқи башар яке аз масоили муҳими мавриди баррасии онҳо дар музокирот бо президент Раҳмон буд. Дипломати 62-солаи зодаи Полша, як кишвари собиқ сотсиалистӣ гуфт, дар таърихи Полшаву Тоҷикистон шабоҳатҳое вуҷуд дорад. Ӯ гуфт:

«Дар таърихи Полшаву Тоҷикистон умумиятҳои зиёд аст, аз ҷумла муборизаи кишварҳои мо барои озодӣ. Ҳуқуқи башар бахши асосии ин таърих аст. Ҳадафи олии ҳар як сиёсатмадор таъмини амният ва инчунин ҳуқуқи башар ва озодиҳо мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, нирӯ, ҷасорат ва иродаи мусбат лозим аст. Ҷаноби президент, шумо ҳамаи инро доред».

Дар идома Доналд Туск аз нақши Эмомалӣ Раҳмон дар суботи сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ситоиш кард.

Қаблан сухангӯи Туск гуфт, ки дар музокирот бо Раҳмон мавзӯи ҳуқуқи башар ва аз ҷумла бархе «қазияҳои ҷудогона» матраҳ мешавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар изҳороти худ дар баробари матбуот мухтасар гуфт, ки «ҷонибҳо ба Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи он иброз намуданд».

Рушан нест, кадоме аз мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ин дидор баррасӣ шудаанд, аммо дар поёни рӯз сомона ва шабакаҳои масдудшудаи интернетӣ, аз ҷумла сомонаи Радиои Озодӣ аз нав дастрас шуданд ва бархе аз корбарон инро ба сафари Туск бастагӣ медиҳанд.

Ҳамкориҳо дар бахши сиёсиву иқтисодӣ

Дар изҳороти президенти Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди таҳия ва имзои Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шурӯъ мешавад. Як бахши муҳими ин ҳамкориҳо ба кӯмаки Аврупо дар содироти моли Тоҷикистон ба ин қаламрав хоҳад буд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки раванди «воридшавии Тоҷикистон ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии ИA - "Ҷи Эс Пи Плюс" (GSP+), ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархурдор хоҳад кард», баррасӣ шудааст.

Ба қавли мақомот, Иттиҳоди Аврупо ба унвони кишвари ҳамкор то соли 2015 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 миллион евро кӯмак кардааст. Дар чаҳорчуби Стратегияи нави ИA барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион Евро татбиқ мешавад.

Раҳмон гуфт: «Тоҷикистон манфиатдори ба роҳ мондани ҳамкории бештару судманд бо Аврупо дар соҳаҳои сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон, воридоти технологияи нав, рушди бахши хусусии саноатӣ, коркарди маъдан ва татбиқи амалии тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ дар самтҳои коммуникатсияи нақлиётӣ ва энергетика мебошад».

Амнияти марзҳо, вазъи Ховари Миёна

Дар мулоқоти ду раҳбар инчунин мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ баррасӣ шуд. Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки дар пасманзари таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон, ҳамкории ду ҷониб дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП, тадбирҳои мустаҳкам намудани хатти сарҳад тавассути кумакҳои бештари Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар изҳороти ду раҳбар инчунин ба масоили Ховари Миёна ва афзоиши танишҳо дар ин минтақа муроҷиат шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “мушкилоти ин кишварҳо қабл аз ҳама тавассути гуфтушунид ва бо роҳу василаҳои сулҳомез бояд ҳаллу фасл шаванд».

XS
SM
MD
LG