Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ нуктаи стратегияи нави Трамп дар Афғонистон


Президент Доналд Трамп шоми 21 август зимни муаррифии “Стартегияи ИМА барои Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ” дидгоҳҳои худро дар робита бо тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ИМА баён кард.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳушдор дод, ки дар ҷанги 16-солаи Афғонистон пирӯз мешавад, вале нагуфт, ки дар кадом муддат ба ин ҳадаф ноил мешавад. Вай гуфт, ки стратегияи нави онҳо на бар асоси фурсати замонӣ, балки шарту шароит бунёд шудааст.

Барои роҳандозии фаъолиятҳои низомии нирӯҳо набояд дар бораи шумори онҳо фикр кард. Доналд Трамп

Вай гуфт, “аз имрӯз эътиборан, пирӯзии мо аз чанд чиз вобаста мешавад: ҳамла ба душманон, нобудсозии ДИИШ, тахриби Ал-Қоида, роҳ надодани Толибон барои таҳти назорат гирифтани Афғонистон ва хатми террори амрикоиҳо дар марҳилаи омодагиҳо ба ин ҳамлаҳо”.

Трамп гуфт, ки барои роҳандозии фаъолиятҳои низомии нирӯҳо “набояд дар бораи шумори онҳо фикр кард”. Ӯ инчунин Покистонро интиқод кард, ки барои террористону созмонҳои онҳо, назири Толибон ва дигар гурӯҳҳо, ки ба амнияти минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунанд, паноҳгоҳ додааст. Вай гуфт, ки муносибати Исломободро ба ин масъала дигар хоҳад кард.

Дар суханронии худ дар пойгоҳи низомии Форт Майери канори Вашингтон Трамп ба панҷ масъалае таъкид кард, ки барои таъмини пирӯзӣ бар терроризм дар Афғонистон равона шудаанд:

1. Аз хуруҷи сареъ ба фаъолиятҳои бидуни зарбулаҷал

Зимни муаррифии стратегияи нав, Трамп пешниҳод кард, ки амалиёт дар Афғонистон бидуни зарбулаҷал “то расидан ба пирӯзӣ” идома кунад. Ин дар ҳолест, ки дар маъракаи пешазинтихоботии худ Трамп ба ихроҷи билофосилаи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон даъват кард ва гуфт, ки ин амалиёт “қурбонии бисёр ва сарфи беҳудаи маблағ” аст. Дар суханронии худ Трамп эътироф кард, ки воқеан ҳам дар оғоз нияти ӯ ин буд, ки нирӯҳо аз Афғонистон комилан хориҷ шаванд, вале баъдан дарк кард, ки беруншавӣ боиси эҷоди хало мешавад ва ин холигощро Ал-Қоидаву ДИИШ пур мекунанд.

Аҳмад Маҷидёр, таҳлилгари масоили Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар пажӯҳишгоҳи Ховари Миёнаи Вашингтон гуфт, ки набуди зарбулаҷал “як паёми хеле дуруст барои дӯстону душманони Афғонистон ва фаротар дар минтақа аст”.

2. Бархӯрди шадидтар бо Исломобод

Трамп ин навбат дар нисбати Исломобод бо лаҳни шадидтар сӯҳбат кард. Амрико Покистонро барои додани паноҳгоҳ ба Толибони Афғонистон ва шабакаи Ҳаққонӣ интиқод кардааст, ки як гурӯҳи хеле хатарнок арзёбӣ мешавад, гунаҳгор мекунанд. “Мо дигар ҳеҷ гоҳ наметавонем дар заминаи паноҳгоҳҳои амн дар Покистон хомӯш бошем. Покистон аз додани паноҳгоҳ ба террористон бисёр чизро аз даст медиҳад”, - гуфт Трамп.

Аз ин пеш бархе мақомоти ИМА пешниҳод карданд, ки мақоми Покистон бозбинӣ ва ин кишвар ба унвони як сармоягузори терроризм баррасӣ шавад. Дар сурати эътирофи Покистон ба ҳайси давлати сармоягузори терроризм, ИМА нисбати ин кишвар таҳримҳои шадид, аз ҷумла, манъи фурӯши силоҳ ва хатми кӯмаки иқтисодӣ ба ин кишварро қарор мекунад.

Умар Самад, як таҳлилгар ва собиқ сафири Афғонистон гуфт, ки ин ҳарфҳо ба таври мустақим ба Покистон равона шуда буд ва аввалин бор дар 15 соли охир раҳбари ИМА дар бораи нақши Исломобод дар ҷангҳои Афғонистон бо чунин лаҳн сӯҳбат кард.

3. Паём ба Толибон

Трамп худро ба ҳайси як раҳбари “мушкилкушо” муаррифӣ кард ва гуфт, ки ҳатман дар ҷанги 16-солаи Афғонистон пирӯз мешавад. Вай гуфт: “Ин мушкилот ҳал мешавад, ман мушкилкушо ҳастам ва дар ниҳоят пирӯз хоҳам шуд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, Трамп дар нутқи 25-дақиқагии худ чор маротиба калимаи “ғалаба” ва шаш бор вожаи “пирӯзӣ”-ро ба забон овард. Ин метавонад як паём бошад, гуфтанд коршиносон.

Муҳаммад Тақӣ, як таҳлилгари покистонӣ гуфт, ки ёд дорад, дар суханронии соли 2009-и худ Барак Обама дар Вест Поинт боре ҳам аз ин калимаҳо истифода накарда буд. Вай гуфт, ин паём ба Толибон ва пуштибонҳои онҳо аст, ки "бубинед, азми ИМА хеле қавӣ аст".

4. Амалиёти беохир

Аксар таҳлилгароне, ки суханрони Трампро гӯш мекарданд, мунтазири ин буданд, ки аз забони ӯ дар бораи шумори мушаххаси нирӯҳои амрикоӣ, ки бояд дар Афғонистон мустақар шаванд, садо медиҳад. Трамп гуфт, ки мушаххас кардани фурсати замонӣ ба душман имкон медиҳад, ки фурсатталабӣ кунад.

Самад гуфт, гуфт, ки чунин бархӯрд тактикаи нави мақомоти амрикоӣ аст.

5. Дари Ҳинд боз шуд?

Дар як гашти ғайримунтазирае, ки метавонад Исломободро нороҳат кунад, Трамп гуфт, ки мехоҳад Ҳиндро барои ҳамкорӣ ва кӯмак ба Амрико дар Афғонистон ҷалб кунад. Вай гуфт, ки хостори тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ бо Ҳинд аст ва Деҳлӣ метавонад дар рушди иқтисодии Афғонистон нақш бозӣ кунад.

26 июни соли ҷорӣ нахуствазири Ҳинд Наренда Модӣ меҳмони президенти ИМА буд
26 июни соли ҷорӣ нахуствазири Ҳинд Наренда Модӣ меҳмони президенти ИМА буд

Деҳлӣ то имрӯз миллиардҳо долларро барои бозсохти Афғонистон ихтисос дода садҳо афсарони ин кишвар дар Ҳинд машқ гузаштаанд. Инчунин ин кишвар ба Кобул муҳимоти ҷангӣ ва ҳавопаймо ирсол кардааст.

Аммо ҳама гуна фаъолият Ҳинд дар Афғонистон аз ҷониби Покистон ҳамчун занги изтироб қабул мешавад. Исломобод гуфтааст, ки аз фаъолиятҳои ҳастаии рақиби наздиктаринаш дар минтақа ҳарос дорад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG