Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон: ИМА аз гуфтугӯи сулҳи Кобулу Толибон ҷонибдорӣ мекунад


Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон бо нашри як изҳорот гуфт, Амрико омодааст, аз гуфтугӯи сулҳ миёни мақомоти Афғонистон ва Толибон бидуни ягон шарти муқаддамотӣ ҷонибдорӣ кунад.

Ин изҳорот дар сомонаи Департаменти давлатӣ баъди он нашр шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишварашро дар робита ба Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ эълом кард

Котиби давлатии ИМА гуфт, Амрико ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дахолати дипломатии Ҳиндустону Покистон дар қатъи даргириҳои минтақа умедвор аст. Дар изҳорот омадааст, ки Толибон пирӯз нахоҳад шуд, вале имкони дастёбӣ ба фаъолияти қонунии сиёсӣ ва сулҳро дорад.

Президент Ашраф Ғанӣ ба Трамп барои стратегияи нави ИМА дар Афғонистон ва дастгирии низомиёни амрикоӣ дар мубориза бо тундравон миннатдорӣ баён кард. Ғанӣ умедвор аст, ки Кобул метавонад сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи худро тақвият бахшад.

Намояндагони Толибон гуфтанд, ки Амрико бояд нерӯҳои худро аз Афғонистон берун барад. Дар ғайри сурат, онҳоро "идомаи ҷиҳодҳо" мунтазир аст.

Президент Трамп 21 август стратегияи нави ИМА-ро дар Афғонистон эълом кард. Тибқи он, нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар хоҳанд монд, зеро ба гуфтаи Трамп, рафтани онҳо дар Афғонистон халоеро ба вуҷуд меорад, ки онро террористон ишғол хоҳанд кард.

Ба ҷуз ин, ба Афғонистон 4 ҳазор сарбози иловагӣ фиристода хоҳад шуд. Стратегияи Трампро дар НАТО низ ҷонибдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG