Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз vs милисаҳои Ёвон. Тарозуи адл тарафи кист?


Ду корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон, ки барои боздошт ва шиканҷаи як сокини 26-солаи ин ноҳия таҳти бозҷӯӣ қарор доранд, истифодаи зӯр алайҳи Шаҳбоз Аҳмадовро “дурӯғу бӯҳтон” номиданд.

  • Шаҳбоз Аҳмадов мегӯяд, миёнаи моҳи июл кормандони пулис ӯро боздошт ва бо бадтарин шева шиканҷа карданд, то ба ҷинояти нокардааш эътироф намояд. Ӯ аз болои ду корманди милисаи Ёвон ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят кардааст.
Ӯ дар ҳолати сар задани ҳодиса дар ҳамон ҷой будааст. Агар он ҷо намешуд, аз куҷо ҷойи ҳодисаро нишон медод?

"Касе ба сӯяш даст набардошт"​

Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров – ду лейтенанти калони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон – рӯзи 28-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карданд, ки Шаҳбоз Аҳмадовро танҳо ҳамчун гумонбар дар ҷиноят бозпурсӣ карданд ва касе ба сӯяш даст набардошт.

Ин ду корманди милиса мегӯянд, шаби 16-уми июли имсол тахминан соатҳои 23-и шаб хабари телефонӣ ворид шуд, ки дар назди Кохи фарҳанг як нафарро бо корд маҷрӯҳ кардаанд. Муҳаммад Толибзода, яке аз ин кормандони милиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Нозимов Ф, ки захм бардошта буд, дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дошт ва шоҳидон гуфтанд, ки замони сар задани ҳодиса Шаҳбоз Аҳмадовро дар онҷо дидаанд.

"Худаш иқрор шуд"

“Дар ҷойи ҳодиса ба мо гуфтанд, ки Шаҳбоз дар ин ҷанҷол иштирок дошт. Вақте ба хонаашон рафтем, дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ӯро рост ҷое овардем, ки мастиро муайян мекунанд. Мастиаш муайян шуд. Худаш аллакай дар ҳамон роҳ аз мо пурсид, ки ӯро барои ҳамон ҳодиса боздошт кардем? Худаш иқрор шуд. Моро дар ҳамон ҳолат бурд ва ҷойи ҳодисаро нишон дод. Мо ба раҳбарият гуфтем, ки нафари гумонбар ҳамин гапҳоро мегӯяд”, - нақл кард мусоҳиби мо.

Аммо Шаҳбоз Аҳмадов мегӯяд, пас аз чаҳор рӯзи шиканҷа (рӯзи 20-уми июл) гумонбари асосӣ дар ҳодисаи корд задани сокини ноҳияро пайдо карда, ӯро раҳо намуданд.

Сайёд Қодиров, корманди дигари пулис гуфт, Шаҳбоз замони содир шудани ҷиноят дар ҷойи ҳодиса қарор дошт: “Ӯ дар ҳолати сар задани ҳодиса дар ҳамон ҷой будааст. Чун агар он ҷо намешуд, аз куҷо ҷойи ҳодисаро нишон медод? Шоҳидон то ҳол мегӯянд, ки мо ӯро ҳамон ҷо дидаем”.

"Ҳолати шиканҷа тасдиқ нашуд"

Шаҳбоз Аҳмадов
Шаҳбоз Аҳмадов

Кормандони пулис мегӯянд, Шаҳбозро раҳо карда буданд, вале ширкати ӯ дар ҷиноят таҳқиқ мешуд. Аз ин пеш, ба гуфтаи онҳо, Шаҳбоз Аҳмадов барои нигоҳ доштани миқдори ками маводи мухаддир боздошту ҷарима шуда буд ва ҳоло дар қайди гирифторони бемории нашъамандӣ қарор дорад. Дурустии ин иддао собит нашудааст, аммо кормандони милиса мегӯянд, ки дар ин бора санади расмӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи кормандони пулис, Шаҳбозро дар вақти бозҷӯӣ ба назди додситон бурданд ва додситони ноҳия ӯро дида буд, ки шиканҷа нашудааст. Додситонии ноҳияи Ёвон низ ҳодисаи шиканҷа шудани ин ҷавонро таҳқиқ кард, вале гуфт, “ҳолатҳои шиканҷа тасдиқ нашуд”.

Падари Шаҳбоз Аҳмадов, ки аз хулосаи додситони ноҳияи Ёвон норозӣ буд, қазияро то Додситонии кулл бурд.

"Ғавғо бардошт"

Шаҳбоз Аҳмадов рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз осеби шиканҷа дар дасту пояш боқӣ мондааст. “Аз ин ҳодиса қариб се моҳ мегузарад. Дар се моҳ магар осори латту кӯб боқӣ мемонад? Мо ӯро сиҳату саломат ба падару модараш супоридем, вале ҳамчун иштирокчии ин ҷиноят сабт шуда буд. Вақте фаҳмид, ки ҳамчун иштирокчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аз болои мо ариза навишт ва ғавғо бардошт”, - мегӯяд Муҳаммад Толибзода, корманди пулиси ноҳияи Ёвон.

Ҳоло барои ҳамла ва бо корд захмӣ кардани сокини Ёвон Ф. Нозимов, нафаре бо номи Ҷасӯр Ҷӯрахонов дастгир шудааст. Таҳқиқи ин парванда ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Рӯзи 27-уми сентябр Шаҳбоз Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, агар гумонбари асосӣ пайдо намешуд, бо эҳтимоли зиёд нисбат ба ӯ барои содир кардани ҷиноят парванда боз мешуд. Ӯ гуфт, дар бинои ШКД-и Ёвон на танҳо ӯро латту кӯб, бакли бо сӯзан ва қувваи барқ шиканҷа карданд.

"Ҷонам ширинӣ кард, маҷбур шудам..."

“Гиря кардам, ҷонам ширинӣ кард, маҷбур шудам ва бо ишораи сар гуфтам, ки ба гардан мегирам. Боз ба миёнам бо лагад заданд, ки ё ба гардан мегирӣ ё "петух" (манзур таҷовуз)-ат мекунем”, - гуфт Аҳмадов.

Иддаое, ки кормандони пулис онро тӯҳмат меноманд.

Таҳқиқи қазияи латту кӯби Шаҳбоз Аҳмадовро феълан Додситонии вилояти Хатлон бар дӯш дорад. Ин ниҳод шикояти Шаҳбоз Аҳмадовро тафтиш мекунад, ки то куҷо воқеият дорад. Қазияи Шаҳбоз Аҳмадовро Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ низ пайгирӣ дорад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз мушкилии аслӣ дар кори мақомоти интизомӣ гуфта мешавад. Иддае мегӯянд, ки “зери шиканҷа ва барқ баъзан куштори Ленинро ҳам бар гардан мегирӣ.”

Аз 2 то 5 соли зиндон - барои шиканҷа

Шикоят аз рӯи қазияҳои шиканҷа умдатан натиҷа намедиҳад ва ба истиснои як ду маврид корманди ниҳодҳои интизомӣ бе ҷазо мемонанд. Қонунҳои Тоҷикистон барои дар ҳабс нигоҳ доштани шахси бегуноҳ ҷубронпулӣ муайян кардааст ва нафарони озодшуда аз шубҳаву гумон ҳақ доранд барои ҷуброн шудани хисороти маънавиву равонии худ ҳақ талаб кунанд.

Соли 2012 банде бо номи “шиканҷа” дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шуд. Бар асоси ин банд, шиканҷа танҳо ҳолате эътироф мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ бо роҳи лату куб аз боздоштшуда дар бораи содир кардани ҷинояте маълумот мегиранд. Дар сурати тасдиқи чунин ҳолат, ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ба иттилои идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон, соли 2017 алайҳи се корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шуд ва дар маҷмӯъ дар як соли гузашта ба ин ниҳод 8 шикоят дар бораи бадрафториву азияти шаҳрвандон ворид шудааст.

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG