Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури додситони кулл барои таҳқиқи "шиканҷаи Шаҳбоз"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон қарори додситонии ноҳияи Ёвонро бекор кардааст, ки шиканҷа аз тарафи маъмурони пулисро рад мекард.

Ӯ гуфтааст, ба дарди сахт тоб наовард ва "софдилона иқрор кард", ки барқасдона бо корд шахси дигарро захмӣ намудааст

Шаҳбоз Аҳмадов, як сокини ноҳияи Ёвон моҳи июли имсол аз шиканҷа шуданаш дар идораи пулис ба додситонӣ шикоят бурд. Аммо додситонии ноҳияи Ёвон оғози парвандаи ҷиноятиро нисбат ба амалкардҳои пулис рад кард. Додситонии кулл дастур додааст, ки қазияи мазкур аз нав санҷида шавад.

Иқрори софдилона ё таҳти шиканҷа?

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа мегӯянд, қазияи Шаҳбоз Аҳмадов моҳи июли соли равон дар шуъбаи корҳои дохилии пулиси Ёвон рух додааст. Шаҳбоз Аҳмадов иддао дорад, ки ӯро давоми чаҳор рӯз ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, нисбаташ шиканҷа ва амалҳои бераҳмона анҷом додаанд. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст, ба дарди сахт тоқат накарда, “софдилона иқрор шуда буд”, ки барқасдона бо корд шахси дигарро захмӣ кардааст.

Аммо ба гуфтаи масъулони Эътилоф, ӯро рӯзи 20-уми июл раҳо карданд, чун шахсияти нафари гумонбар дар ҷиноят ошкор гардид. Ба қавли манбаъ, худи ҷабрдида ҳам дар симои Аҳмадов нафари ҳуҷумкунандаро надид. Масъулони Эътилоф мегӯянд, Додситонии ноҳияи Ёвон аз рӯи амалкарди ходимони пулиси ин ноҳия бо сабаби набудани “таркиби ҷиноят” худдорӣ карда буд.

Додситонии кулл, ба гуфтаи масъулини Эътилоф, ин қарорро “бо сабаби ғайриқонунӣ будан ва саросемавор қабул шудан” бекор кардааст. Дар Эътилофи зидди шиканҷа мегӯянд, нақша доранд, тамоми далелҳоро пешниҳод намояд, то нафароне, ки дар истифодаи шиканҷа гунаҳкоранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Нӯҳ моҳ дар боздошт, барои ҳеҷ чиз

Дар Тоҷикистон ин нахустин бор нест, ки шаҳрвандон дар зери шиканҷа гуноҳи накардаи худро ба гардан мегиранд. Пеш аз ин Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода ҳам куштори як марди русро ба гардан гирифта буд. Аммо баъди нуҳ моҳ маълум шуд, ки ӯ ин корро анҷом надодааст.

Мақомот он замон ин эътирофи Ҳасан Ёдгоровро “худиқрорӣ” унвон карда, ҳамчунин эълон намуданд, ки далелҳои кофӣ барои айбдор донистани ӯ дар куштор рӯи даст доранд. Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, гуё Ҳасан Ёдгоров дар рӯзи қатли Каримов моҳи ноябри соли гузашта бо баҳонаи пайдо кардани манзиле барои иҷора дари хонаи Дмитрий Каримовро кӯфтааст.

Дар гузориш бо такя ба маводи тафтишотӣ гуфта шуд, гӯиё баъди ин ӯро кушта ҷиҳозашро бо худ бурдааст. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” парванда боз шуда буд, ки аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Ёдгоров бо ин иттиҳом аз моҳи ноябри соли гузашта то охири моҳи июн дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд ва қарор буд дар фурсати баъдӣ дар додгоҳ ҳозир шавад.

“Зери шиканҷа куштори Ленинро ҳам ба гардан мегирӣ”

Вале пас аз нуҳ моҳ мақомот қотили аслии Дмитрий Каримовро пайдо карданд ва Ҳасан Ёдгоров аз ҳабс озод шуд. Ҳасан Ёдгоров, ки ҳоло аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо шудааст, дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, аз озод шуданаш хушҳол аст ва “ҳеҷ даъвою гапи гуфтанӣ надорад”.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои аслӣ дар кори мақомоти интизомӣ гуфта мешавад. Бархеҳо ҳам мегӯянд, “зери шиканҷа ва барқ баъзан куштори Ленинро ҳам бар гардан мегирӣ.”

Бо ин вуҷуд, қонунҳои Тоҷикистон барои дар ҳабс нигоҳ доштани шахсе, ки бегуноҳ мебошад, ҷубронпулӣ муайян кардааст ва нафарони озодшуда аз шубҳаву гумон ҳақ доранд барои ҷуброн шудани хисороти маънавиву равонии худ ҳақ талаб кунанд.

Масъулини Эътилофи зидди шиканҷа мегӯянд, эътирофи Шаҳбоз Аҳмадов дар зери шиканҷа ба нишонаи ҷиноятҳои моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ ё барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ мувофиқ меояд. Ин модда аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Қазияи мазкурро додситонии Хатлон таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG