Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯъмин Қаноат яке аз хушсалиқаҳои пойтахт эълон шуд. АКС


Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик, яке аз хушсалиқаҳои пойтахт дар соли гузашта эълон шуд. Дар баробари ӯ 49 нафари дигар, аз ҷумла операсаро Адҳам Холиқов, раиси собиқи оҳангсозон Шӯҳрат Ашӯров ва футболбози тоҷик Манучеҳр Ҷалилов ин унвонро соҳиб гардиданд. Бо ҳамин, озмуни "Хушсалиқаҳои Душанбе", маъруф ба “ТОП-50”, ки ду моҳ пеш аз тарафи Радиои Ватан оғоз ёфта буд, шаби 20 январ ба хотима расид. Радиои Ватан барои шашумин бор ин маросимро баргузор кард ва масъулонаш гуфтанд, ки панҷоҳ хушсалиқа тариқи раъйдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ интихоб шудаанд. Дар асл 300 нафар довталаби дарёфти ин унвон дар соли гузашта буданд.

ВИДЕО БА ЗУДӢ НАШР МЕШАВАД

Имсол ба фарқ аз солҳои гузашта ба волидоне, ки фарзандони маълул доранд ваё фарзандони маълулро тарбияву нигоҳбонӣ мекунанд, низ ҷоиза тақдим гардид.

Дар феҳристи хушсалиқаҳои соли гузаштаи Душанбе номи Дилшод Ҷӯраев – раҳбари клуби соҳибкорони ҷавон, Тағоймуроди Розиқ – ҳунарманди театр, Мусалама Мухторова – ровии телевизион, Шараф Ҳабибов – раиси ширкати "Редлайн" ва Наргис Зокирова – раҳбари дафтари Ҳуқуқи инсон ва риояи қонун ҳам зикр шудааст.

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, аз меҳмонони ифтихорӣ дар ин маросим буд
Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, аз меҳмонони ифтихорӣ дар ин маросим буд

Имсол ба фарқ аз солҳои гузашта ба волидоне, ки фарзандони маълул доранд ваё фарзандони маълулро тарбияву нигоҳбонӣ мекунанд, низ ҷоиза тақдим гардид. Замира Набиева, менеҷери созмони “Инклюзив”, гуфт, ки ин ҷоиза барояш ғайриинтизор буд.

"Ҳангоми эълони номам ҳамчун тарбиятгари афроди дорои имконияташон маҳдуд ашк аз чашмонам рехт. Гирифтани чунин ҷоиза бароям хушоянд буд. Муҳим ин аст, ки мо дар хидмати афроди маълул ҳастем ва хидмати мо аз назари ҷомеа дур намемонад," – афзуд ӯ.

Адҳам Холиқов ҳангоми гирифтани ҷоиза
Адҳам Холиқов ҳангоми гирифтани ҷоиза

Шараф Ҳабибов, раиси ширкати муҳофизатии “Редлайн”, мегӯяд, ҷоизаи ӯ ба тасмими ахири онҳо рабт дорад, ки занҳои муҳофиз ё посбонро ба кор ҷалб карданд. Вай афзуд, "аз ин рӯ, ин ҷоизаро танҳо аз они худ намедонам ва онро барои тамоми посбонҳои ин ширкат мебахшам."

Миёни 50 хушсалиқаи соли гузашта дар пойтахт ҷавонон низ кам набуданд. Нигина Бегматова, як духтари ҷавон, ки соли гузашта чандин сафари хориҷӣ ба Аврупову Амрико доштааст, гуфт, ин ҷоиза барои идомаи фаъолияташ бо ҷавонон илҳом мебахшад. "Дар соли гузашта ба чандин кишварҳо сафар карда, таҷрубаи забономӯзиву пайдо кардани ҷойи корро ба даҳҳо ҷавони дигари тоҷик омӯзондам. Шояд ин меҳнати маро қадр карданд,"- гуфт ӯ.

Субҳон Ҷалилов
Субҳон Ҷалилов

Субҳон Ҷалилов, як масъули Радиои Ватан, ки барномаҳояш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари кишвар пахш мешавад, гуфт, ғолибони "ТОП-50" аз рӯи симову салиқа ва тарзи зиндагии шоиста баҳогузорӣ шудаанд. Ба қавли ӯ, "бо ин гуфтанӣ нестем, ки шаҳри мо танҳо 50 хушсалиқа дошт. Аз ин бештар дошту дорад. Мо низ умед дорем, ки умри ин ҷоизаи мо дароз аст. Ҳатман имкон меёбем, то ҳар сокини пойтахтро, ки дар кори худ салиқаву услуби хос дорад ва комёбу муваффақ аст, муаррифӣ кунем", - таъкид кард Субҳон Ҷалилов.

Нигина Бегматова
Нигина Бегматова

Масъулони Радиои Ватан мегӯянд, арзёбии онҳо дар тӯлли шаш соли охир нишон додааст, ки тақдими ҷоизаи ТОП-50 як андоза ба симову салиқа ва тарзи зиндагии сокинони Душанбе таъсир гузоштааст. Ба қавли онҳо, "дар муқоиса ба солҳои гузашта намуна ва идеал пайдо кардан дар пойтахт осонтар шудааст. Ёфтани нафаре, ки аз ӯ метавон тарзу тартиби зиндагӣ, тиҷорат, шинохта шудан ва мавқеъ ёфтанро омӯхт."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG