Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 хушсалиқаи Душанбе эълон шуд


Озмуни "Хушсалиқаҳои соли 2012-и Душанбе", мавсум ба "ТОП-50", ки ду моҳ қабл оғоз ёфта буд, ба поён расид.

Шоми ҷумъа, 18 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и пойтахт маросими ҷамъбасти озмуни 50 тан аз хушсалиқаҳои шаҳри Душанбе ҷараён гирифт. Дар пайи овоздиҳӣ тариқи паёмак ё СМС ва қазовати доварон, раҳбарони ширкатҳои хусусӣ Умеда Абдураҳмонова ва Сӯҳроб Оймаҳмадов, вакили мардумӣ Тамара Холиқова, мудири кулли тарабхонаи «Ванила» Ҳасан Бақоев, овозхон Раҳим Л, тарроҳ Беҳруз Муродов ва Лайло Баҳриева - мудири маркази маслиҳатдиҳии занона дар шаҳри Душанбе аз беҳтарин хушсалиқаҳо дониста шудаанд.

Дар ин феҳраст инчунин исми шахсиятҳои шинохта - шоира Гулрухсор, фаъоли ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова, раиси Амонатбонк Гулнора Ҳасанова, рӯзноманигор Саймуддин Дӯстов, рӯзноманигор Наргис Қосимова, оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ ва ҳамсараш Гулсифат, соҳибкор Матлуба Ӯлҷабоева ва духтараш Насиба Аминова, аксбардор Нозим Қаландаров ва бародараш Носир зикр мешавад.

Ҳуқуқшинос ва раҳбари маркази "Перспектива плюс" Ойниҳол Бобоназарова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, пирӯзии ӯ дар ин озмун "ғайримунтазира" будааст. Вай мегӯяд, агар ба ӯ барои фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва ё саҳмаш дар дифоъ аз ҳуқуқи инсон ингуна ҷоиза дода мешуд, тааҷҷуб намекард, чун барояш либосу намуди зоҳирӣ ҳамеша як чизи дуюмдараҷа будааст. "Вале ба ман шарҳ доданд, ки мафҳуми ин ҷоиза васеътар аз танҳо намуди зоҳирӣ аст, ва ин ҳам тарғиби фарҳанги хуби шаҳрнишинӣ ва одоби ҳамида аст". Хонум Бобоназарова мегӯяд, гирифтани чунин ҷоиза барояш хушоянд буд ва барандагони дигарро ҳам сазовори ин ҷоиза медонад.


Бино бар шарти ин озмун, сокинони шаҳр тайи ду моҳ бо фиристодани паёмакҳо ва шарҳҳои худ хушсимотарин ва хушлибостаринҳои Душанберо муайян карданд ва доварон аз миёни 200 баранда 50 нафари аввалро сазовори ҷоиза донистаанд.

Мудири кулли радиои "Ватан" ва масъули барномаи "ТОП-50", Вера Кулакова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ пеш аз натиҷагирии озмун гуфт, «ғолибони ТОП-50 аз рӯи симову салиқа ва тарзи зиндагии шоиста баҳогузорӣ шудаанд. Ҳоло намуна ва идеал пайдо кардан осон нест. Ёфтани нафаре, ки аз ӯ метавон тарзу тартиби зиндагӣ, тиҷорат, шинохта шудан ва мавқеъ ёфтанро омӯхт, ниҳоят мушкил аст.»

Субҳон Ҷалилов, ровии радиои "Ватан" ва яке аз дастандаркорони озмуни "ТОП-50", иброз дошт, ки бархе аз иштирокчиён аслан намедонистанд, ки дар ин озмун номнавис шудаанд, зеро онҳоро ба озмун ҳамкорон шиносу дӯстонашон пешниҳод ва номнавис кардаанд: "Дар ин озмун аз ҳамаи бахшҳо пешниҳод шуданд. Сиёсатмадорон, депутатҳо, муаллимон, овозхонҳо уламои дин, духтурон, қариб намояндагони ҳама касбу кор.» Ба гуфтаи ин хабарнигори тоҷик ташкилкунандагони озмуни «ТОП-50» талош кардаанд, ки он мунсифона ва бидуни ғараз доир гардад.

Ҳарчанд масъулини озмуни "ТОП-50" таъкид мекунанд, ки ин сабқат мунсифона ва воқеъбинона ҷараён мегирад, бархе аз сокинони шаҳр ба шаффофияти он бовар надоранд. Заррина Муродова, як ҷавондухтари тоҷик, бо истиқбол аз баргузории чунин озмунҳо гуфт, мутмаин нест, ки баҳогузорӣ дар он мунсифона бошад: "Дар соли гузашта ҳам ҳамонҳое хушсалиқа интихоб шуданд, ки аз атрофиёни худи ҳакамон ҳастанд. Чаро ҷавононро пешниҳод намекунанд. Барои мисол, магар як марди милиса ва ё нафари одӣ, ки ягон вазифа надорад наметавонад нафари хушсалиқа бошад?».

Аммо Гулнора Амршоева, журналист ва яке аз доварон, гуфт интихоби ҳар номзад мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт:«Ҳарчанд ки дар соли гузашта номзадҳоро ба озмуни «ТОП-50» тавассути радио ва саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук» пешниҳод мекарданд, имсол довталабон худашон дар тамос шуда худро номнавис карданд».

Ба иддаои масъулони озмуни "ТОП-50" солҳои ахир дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳрҳои марказӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, бахусус, тарзи либоспӯшиву одоби сухангӯӣ ва нишасту хез, муошират бо ҳамкорон коста шудааст ва яке аз ҳадафҳои ин озмун таъсир ба завқу салиқаи аҳли Душанбест.
XS
SM
MD
LG