Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушсалиқаҳо: Далери Назар, Барзуи Абдураззоқ...


Озмуни "хушсалиқатарин сокини шаҳри Душанбе", маъруф бо номи "ТОП-50", ки се моҳи пеш оғоз ёфта буд, ба поён расид.

Дар ин маърака, ки барои нахустин бор баргузор шуд, беш аз 190 довталаб иштирок кардаанд.

Масъулони баргузории ин озмун мегӯянд, ки раъйдиҳӣ ба довталабон аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҷараён гирифта ва дар натиҷа 50 нафар барандаи ин озмун шудаанд.

Далери Назар, Барзуи Абдураззоқ, Лутфулло Давлатов, Орзу Исоев, Амалхонум Гаҷиева ва даҳҳо нафари дигар ҳамчун "хушсалиқатарини сокинони Душанбе" баргузида шудаанд.

Нуқра Бӯриева, продюсери радиои "Ватан" ва яке аз дастандаркорони озмуни "ТОП-50" ба Радиои Озодӣ гуфт, "то ҷое тавонистем, талош кардем, ки озмун мунсифона ва бидуни ғараз доир гардад. Ҳоло тасмим гирифтем, ки ин озмунро ҳамасола баргузор намоем."

Амалхонум Гаҷиева, яке аз барандагони озмуни "ТОП-50" мегӯяд, агарчӣ худро то андозае зани хушсалиқа меҳисобад, вале номзадии ӯро ҳамкоронаш бидуни огоҳии ӯ ба ин сабқат пешниҳод карданд. Вай мегӯяд, ҳатто то лаҳзаҳои охири маросими ҷоизасупорӣ бовар надошт, ки ба унвони фарди хушсалиқаи Душанбе интихоб шудааст.

Акбари Саттор
Акбари Саттор
Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва яке аз ҳакамони сабқат, ҳарчанд аз чунин як озмуни нав истиқбол кард, вале ҳамзамон аз шеваи баҳодиҳӣ ва интихоби иштирокдорону ғолибон изҳори норизоиятӣ намуд. Ӯ гуфт, "идеяи ташкили озмун хуб аст, лекин, ба назари ман, аввал бояд аз тариқи телевизион намоиш дода мешуд. Чунки на ҳама ба интернету Фейсбук дастрасӣ доранд. Дигар ин ки ман аз интихоби аъзои жюрӣ ё ҳакаммон чандон розӣ нестам. Бояд аъзои жюрӣ аз ҳама соҳаҳо гирифта мешуд. Масалан, инҳо танҳо журналистон ва он ҳам журналистони русзабон буданд. Ҳамин хел ҳолатҳо мешуд, ки ҳатто овозхонҳои шинохтаро ба ҷуз аз Далери Назар намешинохтанд."

Худи Акбари Саттор гуфт, ки ӯ симои шахси хушсалиқатаринро чунин тасаввур мекунад: "Одами хушсалиқа он нест, ки либоси гаронқимат бипӯшад, мошини хориҷӣ дошта бошад. Одами хушсалиқа ҳамон аст, ки ҳам зоҳиру ҳам ботинаш зебову ҷолиб ва ҳам кору рафтораш барои дигарон намуна бошад. Фарқ надорад ӯ муаллим аст, сиёсатмадор аст ё роҳрӯб. Шояд як одами оддӣ бошад, вале тавониста бошад, ки барои худ муҳити солиме созад, ба ҳарфаш дигарон гӯш диҳанд, эҳтиромаш кунанд. Масалан, барои ман намунаи афроди хушсалиқатарини тоҷик: Нур Табар, Муҳиддин Кабирӣ, Умед Бобохонов ва монади инҳо."

Симои шахси хушсалиқатарини Душанбе аз нигоҳи одамони оддӣ кадом аст? Ин суолро мо бо чанде аз сокинони оддии пойтахт дар миён гузоштем. Аксари онҳо низ бар ин назаранд, ки хушсалиқа будан танҳо либоси пурарзиш ва хонаи бодабдаба доштан нест.

Балки ба гуфтаи Анӯша, як донишҷӯдухтари тоҷик, "ҳар кас метавонад либоси қимат пӯшад ва худнамоӣ кунад, вале аз дасташ коре бар наояд, чӣ хел ин гуна одамро хушсалиқа меномӣ? Одами хушсалиқа ба фикри ман ҳамон аст, ки хислат, инсонгарӣ, кордонӣ ва гапдонияш хуб аст ва аз дигарон фарқ мекунад."

Бо ин ҳол, "ТОП-50" нахустин озмуни хушсалиқатарин сокини Душанбе буд, ки дастандаркони он мегӯянд, қарор аст ин озмун ҳамасола баргузор гардад. Вале на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG