Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Афғонистон ҳамоишҳои эътирозиро манъ карданд

Саркӯби ҳамоиши эътирозии занон аз сӯи пулиси Толибон. Акс аз бойгонӣ
Саркӯби ҳамоиши эътирозии занон аз сӯи пулиси Толибон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон рӯзи 2-юми сентябр аз қонуни манъи тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳо ҳимоят кард. Дар қонуни "Шурта" ё "Пулис", ки аз сӯи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва фаъолони ин арса интиқод мешавад, ҳар гуна тазоҳурот манъ шудааст.

Толибон мегӯянд, ин қонун дар партави шариати исломӣ таҳия шудааст, аммо шуморе аз олимони дин мегӯянд, манъи тазоҳурот ҳеч асоси динӣ надорад. Сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 2-юми сентябр гуфт, қонуни манъи тазоҳурот барои шароити Афғонистон таҳия шуда, дар он мавридҳое гунҷонида шудааст, ки "барои таъмини амният, субот ва пешгирӣ аз ҷиноятҳо дар кишвар муҳим аст".

Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, тазоҳурот дар қонунҳои исломӣ ҷойгоҳе надорад ва марбут ба ҷомеаҳое аст, ки дар он қонунҳои дигар ҳоким аст, аз ҷумла низомҳои демократӣ ё ҷумҳурӣ.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон

Ӯ афзуд, "дар низоми исломӣ, агар тазоҳурот ба маънои эътирози солим бошад, ниҳодҳои гуногун вуҷуд доранд, ки бояд ба онҳо муроҷиат шавад. Аммо бояд аз талаф шудани вақти мардум, зоеъ шудани дороиҳои онҳо ва эҷоди беназмӣ ва ҳарҷу марҷ пешгирӣ шавад".

Бо ин ҳол, шуморе аз олимони дин мегӯнд, ки эътироз, интиқод ва тазоҳурот аз дидгоҳи шариати исломӣ коре мубоҳ ё ҷоиз аст ва дар баъзе аз мавридҳо зарурӣ дониста мешавад ва ҳеч далели шаръӣ вуҷуд надорад, ки тазоҳуротро манъ кунад.

Фазлулҳодӣ Вазин, устоди улуми шаръӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон метавонанд тазоҳуроти осоиштаро танзим карда, барои он қонун ҷорӣ кунанд, аммо пайванд додани манъи тазоҳурот ба аҳкоми исломӣ ҳеч асос надорад. Ӯ мегӯяд, "агар як фард ҳаққи эътироз ва додхоҳӣ дошта бошад, ин ҳақ барои як гурӯҳ ва ҷамоат низ вуҷуд дорад".

"Агар гуфта шавад, ки тазоҳурот дар ислом вуҷуд надорад ва бояд манъ шавад, маънояш ин аст, ки барои истибдод, фишор ва зӯргӯӣ роҳҳое фароҳам мешавад, то миллат ҳақ надошта бошад дар баробари зулм, зӯргӯӣ ва беадолатӣ садои худро баланд кунад. Агар як фард ин ҳақро дошта бошад ва битавонад барои дифоъ аз ҳаққи худ ба берун биравад ва садои худро баланд кунад, табъан ҷамоат, мардум ва гурӯҳҳо низ ин ҳақро доранд," -- шарҳ дод ӯ.

Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, ин қонуни Толибон мумкин аст ба баъзе аз ҳуқуқ ва озодиҳои асосии мардум таъсир бигузорад. Ин созмон аввали ҳафтаи гузашта дар шабакаи иҷтимоии "Х" гуфт, яке аз мавридҳои нигаронкунанда дар ин қонун манъи умумии ҳар гуна тазоҳурот ва эътирозҳо аст ва онро дар тазод бо ҳаққи баргузории ҳамоишҳои осоишта донист.

Созмони Афви Байнулмилал афзудааст, ин мамнӯият метавонад маҳдудиятҳои мавҷуд бар озодиҳои асосиро дар Афғонистон бештар кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) низ моҳи гузашта ин қонунро як гоми дигар ва "бераҳмона" аз сӯйи Толибон барои саркӯби ҳар гуна мухолифат хонд ва онро маҳкум кард.

Аз сӯи дигар, шуморе аз фаълони зан дар бахши ҳуқуқи башар низ нисбат ба ин қонун эътироз карда, манъи ҳамоишҳои эътирозиро саркӯби озодии баён ва ҳуқуқи башар хондаанд.

Толибон моҳи гузашта қонуни "Шурта" ё "Пулис"-ро эълон карданд, ки дар он баргузории тазоҳурот манъ шудааст. Бар асоси хабарномаи Вазорати адлияи Толибон, ин қонун дорои ду боб, панҷ фасл ва 52 модда аст ва аз сӯи Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон имзо ва дар расонаҳои расмӣ нашр шудааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, Созмони Афви Байнулмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузоришҳои худ борҳо дар бораи маҳдудияти озодии баён, саркӯби эътирозҳои осоишта ва фишор бар занон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда, аз Толибон хостаанд, ки ба ҳуқуқи асосии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳаққи баргузории ҳамоишҳои осоишта эҳтиром бигузоранд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG