Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танзими фаъолияти рӯҳониёни никоҳгару "Чил Ёсин"-хон


Мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба хотири танзими фаъолияти рӯҳониён муллоҳои никоҳгар ва қасидаву "Чил Ёсин"-хонро рӯйхат мекунанд.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳамроҳ бо бахшҳои кор бо дин ва танзими расму оинҳо муллоҳои никоҳгар, қасидахон ва "Чил Ёсин"-хонро рӯйхат кардаанд. Масъулон мегӯянд, ба хотири танзими фаъолияти муллоҳо ва ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонуние, чун никоҳи ноболиғон чунин тасмим шудааст, аммо коршиносон мегӯянд, ин кор бештар ба хотири пешгирӣ аз нуфузи рӯҳониён анҷом мешавад.

Мулло Садриддин Нуриддинов, сокини шаҳри Душанбе, 12 сол боз навҷавононро никоҳ ва беморонро бо ояҳои “Қуръон” дуохонӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, то чанд моҳи пеш ин масъала ҷиддӣ набуд, аммо моҳе пеш ӯро ба бахши дин даъват карда, номнавис намуданд ва аз ӯ хостаанд, ки аз ин ба баъд дар мавриди фаъолиятҳои худ ҳар рӯз телефонӣ ва охири моҳ хаттӣ ҳисобот бидиҳад. Аз ин рӯ, ӯ мегӯяд, ҳоло ҳар ҷое, ки даъваташ мекунанд, қаблан ба масъулини бахши дин ва танзими расму оин тамос мегирад.

Ӯ гуфт: “Дафтари махсус дорем. Номи нафари муроҷиаткунандаро менависем. Киро никоҳ мекунем ва киро дуо мехонем. Ҳамаи инҳоро ному насаб ва ҷои зисташонро телефон карда мегӯем. Агар ҳангоми никоҳ ва ё дуо ягон нафар ҳам пурсад, мо мегӯем, ки дар ҳукумат номнавис кардаем. Қонун - қонун аст ва иҷро кардани он барои мо ҳеҷ мушкилӣ надорад.”

Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз никоҳи ноболиғон, ҷилавгирӣ аз фиребкориҳои баъзе бо ном муллоҳо роҳандозӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, аз муллоҳо танҳо даъват шудааст, то бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Бахшҳои дин ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфт: “Бевосита фаъолияти онҳо дар доираи талаботи қонун аз ҷониби мақомотҳои ҳукумати маҳаллӣ назорат мешавад. Фақат фаъолияти онҳо санҷида мешавад, ки то куҷо ба қонунҳо ҷавобгӯ ҳаст ё не.”

Аммо пас аз ба рӯйхатгирӣ на ҳамаи муллоҳо розӣ шудаанд, то ба дуохонӣ ва хондани хутбаи никоҳ идома бидиҳанд. Шамсулло Ҳафизов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ба гуфтаи худаш, 35 сол боз ба кӯдакони маризро аз ояҳои “Қуръон” дуо мехонд ва ҳамчунин ҷавонони навхонадорро бо ҳамдигар никоҳ мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз ин кор даст кашидааст.

Ӯ мегӯяд: “Ҳоло дигар рафта одамонро номнавис кун ва ҳар моҳ ҳисобот деҳ. Ин бароям мушкилӣ пеш овард. Аз барои Худо ва кӯмак ин корро мекардем. Дигар синну солам ҳам ба як ҷое расидааст. Ба ҳамин хотир дигар ба хоҳиши сокинон ҷавоби рад медиҳам ва мегӯям, ки назди ҷавонтарҳо раванд.”

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Танзими фаъолияти муллоҳое, ки ба никоҳгарӣ ва дуохонӣ машғул ҳастанд, аз ҷониби Шӯрои уламо пешниҳод шуда буд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт буд, ки “бояд фаъолияти ин гуна муллоҳо танзим шавад, то ҳар нафари фиребгару маккор ба ин кор даст назанад.”

Ӯ мегӯяд, қабл аз оне, ки ба ин афрод иҷозатнома дода шавад, бо онҳо сӯҳбат мешавад, ки воқеан, аз ислом хуб огаҳӣ доранд ва ё на. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Абдулқодирзода, ислом табобат беморон тариқи ояҳои Қуръонро қабул дорад: «Ҳоло барои дуохонӣ ва руқияи шаръӣ, ки тибқи ояҳои “Қуръон” бо амри Худованд, ба беморон шифо мебахшад, бо Кумитаи дин машварат аст, ки бояд киҳо ин корро анҷом бидиҳанд. Мо бар ин назарем, ки ба бархе аз шахсиятҳои шинохта иҷозатнома дода шавад, то дар ҷойҳои расмӣ, дар ҳузури сокинон беморонро дуо хонанд.»

Аммо нозирони умур дар танзими фаъолияти рӯҳониён аҳдофи фаротареро мебинанд. Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, нооромиҳо дар кишварҳои мусалмоннишин, ки як бахши фаъолаш рӯҳониён буданд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон маҷбур ба назорати бештари ин қишр кардааст: “То солҳои 2010-ум нуфузи мулло дар ҷомиаи Тоҷикистон боло рафта буд. Мардум бештар ба ҳарфи онҳо гӯш медоданд. Назди пизишк намерафтанд, назди равоншиносу омӯзгор намерафтанд ва фақат назди мулло мерафтанд. Ҳукумат инро хатар ба амният донист ва хост, то ҳама қишри рӯҳониятро зери назорат дошта бошад ва бубинад, ки онҳо ба чӣ кор машғуланд.”

Дар Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсади аҳолиашро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, ақди никоҳи мусалмонӣ дар баробари никоҳи давлатӣ як амрест, ки тақрибан ҳама иҷро мекунанд. Бисёриҳо ҳамин тавр, ба шифо ёфтани бемор тариқи дуохонӣ эътиқод доранд.

Танзими фаъолияти муллоҳо дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, дар ду соли ахир беш аз 100 рӯҳонӣ бо иттиҳомоти гуногун боздошт ва маҳкум шудаанд. Моҷарои мавсум ба "Муллои ҷодугар" сарусадоҳоро дар бораи сӯиистифодаи рӯҳониён аз ин касбро дар байни мардум бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG