Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кас кушта шудааст. Тасдиқи расмии задухӯрд дар Боздоштгоҳи Хуҷанд

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал задухӯрд миёни маҳкумшудагон ва кормандони Боздоштгоҳ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷандро тасдиқ кард. Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, дар ин ҳодиса се маҳкумшуда кушта ва кормандони боздоштгоҳ захмӣ шудаанд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ пештар хабар дода буданд, ки рӯзи 31-уми январи имсол дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ кушта шудаанд. Дар бораи марги як нигаҳбон низ гузориш расида буд.

Ҳабибулло Воҳизода, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, З маҳкумшуда бо иттиҳоми экстремизм ва терроризм, ки аз 12 сол боло ҳукм гирифта буданд, барои ба зиндон интиқол додан дар боздоштгоҳ қарор доштанд.

Ба гуфтаи Воҳидзода, онҳо ба кормандони боздоштгоҳ ҳуҷум карда, "ҳатто як маҳкумшударо низ латукӯб карданд" ва баъди ба амри кормандони муассиса итоат накардан, "безарар гардонда шуданд". Мақомот дар Тоҷикистон ин ибораро бештар ба ҷойи куштан ё маҳв кардан истифода мебаранд.

Додситони кул афзуд, дар ин ҳодиса чанд корманди боздоштгоҳ захмӣ шудаанд, вале дар бораи шахсияти кушташудаҳо ва кормандони захмишудаи боздоштгоҳ маълумоте надод.

Як манбаи наздик ба Идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд дар рӯзҳои пас аз ҳодиса бо шарти фош нашудани ному мақомаш гуфта буд, "аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд."

Дар ҳоли ҳозир Додситонии кул дар пайванд ба ин ҳодиса бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.

Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 кас кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.

XS
SM
MD
LG