Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳодиса дар Боздоштгоҳи Хуҷанд

Дар солҳои 2018, 2019 ва 2025 дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 нафар кушта шуданд
Дар солҳои 2018, 2019 ва 2025 дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 нафар кушта шуданд

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми феврал гуфтанд, ки дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 31-уми январи имсол иттифоқ уфтода, мақомот ҳанӯз шарҳ намедиҳанд ва сукути онҳо сабаби тахмину омори гуногун мешавад.

Бино ба хабари ду манбаи Радиои Озодӣ воқеа замоне рӯй додааст, ки “ҳашт маҳбус баъди тир задан ба як нигаҳбони Боздоштгоҳ бо нияти фирор вориди нуқтаи ҳоил шудаанд”.

“Нигаҳбонҳои дигар ба тарафи онҳо тир задаанд. Се маҳбус кушта шуда, боқимондаҳо ба замин хоб мераванд. Агар онҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд.”

Дар ҳоле ки намояндагони мухолифин дар хориҷа теъдоди зиндониёни кушташударо бештар медонанд, ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “мо дар бораи марги се нафар огоҳ шудем, вале шумораи дақиқи кушташудаҳо чанд нафар аст, намедонем.”

Як рӯз пеш баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ кушта шудани танҳо як зиндониро тасдиқ карда буданд.

Ба иттилои мусоҳибони мо, таҳқиқи ҳодиса сар шудааст, вале ангезаи ҳамла дар Боздоштгоҳи Хуҷанд рӯшан нест. Маълум нест, ин ҳодиса тарҳи ошӯб будааст ё тавре намояндагони мухолифони ҳукумат дар хориҷа таъкид мекунанд, баъзе аз зиндониён аз вазъи боздоштгоҳ ва тарзи муносибат бо онҳо ба дод омадаанд.

Бо гузашти чаҳор рӯз аз ҳодиса Идораи зиндонҳои Вазорати адлия дар ин бора хабар надодааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард, аз намояндагони ин ниҳод маълумот гирад, вале онҳо бо шунидани суол гӯширо гузоштанд.

Радиои Озодӣ ба ҷустуҷӯяш дар ин замина идома медиҳад ва ҳар иттилои наве ба даст омад, нашр хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.

Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 нафар кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.

XS
SM
MD
LG