Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои алоҳида барои ифротиён. Ҷойи ислоҳ ё пешгирӣ аз ошӯб? ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гунаҳкорони терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо карда, алоҳида ва дар биноҳои махсус нигоҳ медоранд. Онҳо рӯзи 20-уми ноябр дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе гуфтанд, тарҳи биноҳо омодааст.

Дар як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯб сар зад ва бар асари он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар ташкили ошӯбҳо маҳбусонеро гунаҳкор карданд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд. Айни замон ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, эҳтимолан фасод, шароити бад ва бадрафторӣ бо зиндониён сабаби ошӯб шудааст.

Нишаст дар бораи вазъи зиндонҳо дар Душанбе. 20-уми ноябри соли 2019
Нишаст дар бораи вазъи зиндонҳо дар Душанбе. 20-уми ноябри соли 2019

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон, дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе сохтмони биноҳои махсус барои гунаҳкорони терроризмро "барои амнияти зиндонбонҳо ва маҳбусони дигар" муҳим донист. Ӯ гуфт, "баробари ба истифода додани биноҳо, назорати ин гурӯҳи зиндониён сахттар мешавад ва беназмиву фирор аз байн меравад. Тарбия кардани онҳо дар алоҳидагӣ осонтар аст."

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон сохтмони зиндони вижа барои гунаҳкорони терроризмро рад карда буданд. Онҳо соли 2018 дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал хабар доданд, ки барои маҳбусони якумрӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиндони махсус месозанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, солҳои ахир афроди зиёде бо ҷурми терроризм зиндонӣ шудаанд ва бархе аз онҳо аъзои пешини гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳастанд ва эҳтимол хавфи мақомот ҳам аз инҷост. Ҳафтаи гузашта расонаҳои Туркия хабар доданд, ки ин кишвар беш аз 20 узви ДОИШ-ро ба Тоҷикистон медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар маҳбасҳои Тоҷикистон 1500 нафар бо ҷурми терроризму ифротгароӣ адои ҷазо мекунанд. Ба бовари сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон, "маҳз ин гурӯҳ манбаи асосии тарғиби ақидаҳои ифротӣ дар маҳбасҳо ҳастанд". "Дар сурати бунёди ин муассиса, аз сӯиқасду куштор ва паҳншавии ақидаҳои ифротӣ низ пешгирӣ карда мешавад," -- афзуд ӯ.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҷудо нигоҳ доштани гунаҳкорони терроризму ифротгароӣ хуб аст, аммо ба шарте ки ба як муассисаи пӯшидаву дастнорас ва макони шиканҷа табдил наёбад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Баҳси шароити зиндонҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Бунёди биноҳои махсус барои нигаҳдории гуруҳе аз маҳбусон як бахши нишасти Душанбе буд, ки рӯзи 20-уми ноябр бо ҳузури мақомоти давлатӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки бо мусоидати "Пенал Реформ" ва ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт, шароити зиндонҳо низ баррасӣ шуд. "Пенал Реформ" як созмони байналмилалӣ аст, ки тарҳеро барои ислоҳот дар зиндонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷро мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз вазъи зиндониҳо, аз ҷумла шиканҷа ва шароити бади нигаҳдории онҳо нигаронӣ мекунанд, вале мақомот ҳамвора вуҷуди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳиро рад кардаанд. Онҳо мегӯянд, зиндониҳоро барои риоят накардани қоидаҳои маҳбас, аз ҷумла доштани телефон ҷазо додаанд, на аз ин бештар.

Парвина Наврӯзова
Парвина Наврӯзова

Масъулони “Маркази ҳуқуқи инсон”, ки ду моҳ пеш чанд зиндонро санҷидаанд, аз чанд мушкили ҷиддӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ибрози нигаронӣ карданд. Парвина Наврӯзова, ҳамоҳангсози созмон, рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ талошҳои мақомотро барои ислоҳи вазъи зиндонҳо нокофӣ хонд.

Ӯ афзуд: “Барои мисол, тибқи меъёр масофаи байни ҷойгиршавии маҳбусон дар ҳуҷраҳо бояд аз 5 то 6 метри мураббаъ бошад, вале ин тавр нест. Дар ин ҳолат барои зиндонбонҳо низ имкони пурра назорат кардан мушкил аст.”

Наврӯзова ба камбуди мутахассисон дар муассисаҳои ислоҳӣ низ ишора кард. «Як пизишк барои то якуним ҳазор зиндонӣ кумаки тиббӣ мерасонад. Ин кофӣ нест. Дар он ҷо равоншиносон ҳам нестанд. Дар маҳбаси занона мошинаи ҷомашӯӣ нест ва ин дар зимистон бисёр мушкил аст. Бояд сиҳатии онҳоро ҳам ба назар гирифт. Ҳаммомро бо девор аз ҳам ҷудо накардаанд ва ин ба руҳияи онҳо таъсир мегузорад”, -- илова кард ӯ.

Азамат Шамбилов, аз созмони Penal Reform ба паҳлӯи дигари масъала ишора кард. Вай гуфт, аввал системаи зиндонӣ шудани муттаҳамонро омӯхт ва муайян кард, ки чаро ҳоло бештари афрод барои ҷиноятҳои начандон сангин зиндонӣ мешаванд.

Азамат Шамбилов
Азамат Шамбилов

“Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистону Узбекистон аллакай ба бозбинии қонунҳое, ки аз замони Шӯравӣ мондаанд, оғоз карданд. Дар ҳоли ҳозир бисёр муҳим аст, ки аз роҳҳои дигар ҷазо дод. Масалан, ҳабси хонагӣ, ҷарима, истифодаи завлонаҳои электронӣ, ки ҳудуди зисташро муайян мекунад”, -- афзуд ӯ.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. То як моҳ пеш дар ин муассисаҳо тақрибан 13 ҳазор маҳбусро нигаҳ медоштанд. Бар асоси қонуни афв бояд 7 ҳазори онҳо аз зиндонҳо озод карда шаванд. Ҳафтаи гузашта мақомот гузориш доданд, ки то ин дам 6 ҳазор зиндонӣ афв шудааст.

XS
SM
MD
LG