Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи иштироки наздик ба 90 кишвар дар конфронси сулҳи Украина


Президенти Швейтсария Виола Амхерд.
Президенти Швейтсария Виола Амхерд.

Намояндагони наздик ба 90 кишвар иштироки худро дар конфронси байналмилалӣ барои пайдо кардани роҳҳои қатъи даргириҳо дар Украина, ки қарор аст дар Швейтсария баргузор шавад, тасдиқ кардаанд.

Президенти Швейтсария Виола Амхерд гуфт, бештари иштирокдорон раисони ҳукумат ё президентҳо хоҳанд буд.

Қаблан дар дафтари президенти Украина гуфта буданд, ки беш аз 100 кишвар иштироки худро дар конфронс таъйид кардаанд.

Ба конфронс 160 кишвар даъват шудаанд ва тақрибан ними онҳо то ҳол иштироки худро тасдиқ накардаанд. Ба назари президенти Швейтсария, ин нокомӣ нахоҳад буд.

Конфронс рӯзҳои 15 ва 16 июни имсол дар истироҳатгоҳи Бюргенштоки Нидвалден, дар наздикии шаҳри Лютсерн баргузор хоҳад шуд. Баргузории онро бидуни иштироки Русия худи Зеленский дархост кардааст.

Маскав борҳо гуфтааст, агар ба гуфтугӯҳои Швейтсария даъват ҳам шавад, иштирок нахоҳад кард. Зеро ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Русия, Швейтсария ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шудааст.

Чин ва Қирғизистон расман изҳор доштанд, ки дар ин конфронс иштирок намекунанд.

XS
SM
MD
LG