Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниқоб, маҳлули беҳдоштӣ ва 2 метр дурӣ. Қоидаҳои нави таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон


Маросими кушодани мактаби нав дар ноҳияи Данғара. Акс аз сомонаҳои расмӣ

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон рӯзи 17-уми августи имсол оғоз хоҳад шуд, вале бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Вазорати маориф ва илм рӯзи 5-уми август эълон кард, ки хонандагон бояд бо ниқобу маҳлулҳои тиббӣ ба дарс ҳозир шаванд ва ҳангоми таҳсил фосилаи ҷисмонӣ ва ё дурӣ аз якдигарро риоя кунанд.

Ҳар сол таҳсил дар рӯзи якуми сентябр оғоз мешуд. Имсол ба далели он ки моҳи апрел, пеш аз эътирофи мавҷудияти коронавирус, хонандагонро ба таътили иҷборӣ фиристоданд, ҳоло барвақттар ба дарс мехонанд, "то аз барномаҳои таълимӣ дур намонанд". Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигар таълими фосилавии хонандагонро таҷруба накард.

Тартиби нави иштироки муҳассилонро дар мактаб Вазорати маориф дар ҳамоҳангӣ бо Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 рӯзи 27-уми июл қабул кардааст, аммо санад танҳо 5-уми август дар сомонаи вазорат нашр шуд.

Бархе аз волидон мегӯянд, беҳтар аст то замони пурра фурӯ нишастани масъалаи коронавируси нав, мақомот роҳҳои дигар, аз ҷумла таҳсили фосилавиро амалӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, "дар ҳолати зарурат дарсҳо тавассути платформаи Мактаб-мобайл, барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии Онлайн ва Офлайн ва дарсҳои радиову телевизионӣ дар чорякҳои якум ва дуюм ба роҳ монда мешавад."

Вазорат шарҳ надодааст, ки манзур аз "зарурат" чист, дар ҳоле ки Ситоди муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми август гуфт, "вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ба риояи қоидаҳо бепарвоӣ мекунанд ва ин барои пешгирии бемории COVID-19 халал расонда, имкони паҳн гаштани вирусро ба миён меорад."

Масъулони Вазорати маориф ва илм бовар доранд, тартиби нав аз паҳншавии бемории ҳамагир дар байни хонандагон пешгирӣ мекунад ва набояд мояи нигаронӣ бошад. Онҳо дар яке аз бандҳои тартиби нави таҳсил навиштаанд:

"Ҳангоми ворид шудан ба мактаб таби хонандагон санҷида шуда, маҳлули безараргардонии дастон истифода мешавад. Дар байни ҳар басти таълимӣ синфхона, роҳрав ва ҳоҷатхонаҳо бо маҳлули хлор тоза карда мешавад"

Нуктаҳои дигари тартиби нав инҳоянд:

  • Бо мақсади риояи масофа байни хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ ба андозаи 1,5-2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шавад;
  • Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида шавад;
  • Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ба роҳ монда шавад;
  • Дар раванди таълим омӯзгорон бояд аз хонандагон то 2 метр фосила гиранд;
  • Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад;
  • Шустани даст ба хонандагон мунтазам таъкид карад шавад;
  • Курсии хонандагон бо риояи фосилаи на камтар аз 1 метр (масалан, ба тартиби шоҳмот гузоштани курсиҳо) гузошта шавад.

Чанде аз волидон мегӯянд, бо риояи чунин тартиб имкони эмин мондани кӯдаконашон аз беморӣ ҳаст, вале аз он метарсанд, ки риояи онро кӣ ва чӣ гуна назорат хоҳад кард. Сабрина, як сокини вилояти Суғд, гуфт, "хуб аст, ки кӯдакон ба мактаб раванду дарс хонанд, аммо эҳсоси ин ки кӯдакон саиҳат ба хона бармегарданд ё не, моро азият медиҳад. Ин тартиб дар рӯйи коғаз намонад, балки дар амал татбиқ шавад. Бепарвоӣ метавонад кӯдаконро ба интиқолдиҳандаи беморӣ табдил диҳад ва ба густариши он сабаб шавад."

Мақомоти Тоҷикистон охири моҳи апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф карданд ва аз он замон то 5-уми август 7625 нафар бемор шуда, 61 кас фавтидаанд ва беш аз 6300 кас шифо ёфтаанд. Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону ҷонбохтагон зиёдтар бошад.

Ҳоло дар Тоҷикистон маҳдудияти хос вуҷуд надорад, аммо барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG