Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол хатмкунандагони тоҷик бе имтиҳон баҳо мегиранд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон хостааст, ки имсол имтиҳони хатм барои хонандагони синфҳои 9 ва 11-ум баргузор карда нашавад. Мутахассисон аз он нигаронанд, ки ҷамъшавии хонандагон метавонад боис ба густариши бемории ҳамагир гардад. Ин тасмим гуруҳеро хурсанд, вале бархеро норозӣ кардааст.

Мақомот мегӯянд, баҳои хатмкунандагонро бар асоси натиҷаҳои чаҳоряки гузашта мегузоранд, вале ба қавли Суннатуллоҳ Имомов, корманди дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, "озмун барои дарёфти медалҳои тило ва нуқра тибқи маъмул баргузор хоҳад шуд".

Онҳое, ки мактаби миёнаро бо медали тилову нуқра хатм мекунанд, аз имтиёзҳои давлатӣ барои ворид шудан ба донишгоҳҳо баҳраманд мегарданд.

Омӯзгорон тасмими лағви имтиҳонҳои хатмро тадбири иҷборӣ дар шароити пандемияи коронавирус меноманд, аммо ҳамзамон мегӯянд, "ин кор ба сифати дониши хонандагон бетаъсир нахоҳад монд". Латофат Азизова, омӯзгори мактаби рақами 60 дар Душанбе, гуфт, ҳоло хатмкунандаҳо бепарво шудаанд, чун бе омодагӣ баҳо мегиранд.

Ба гуфтаи омӯзгорон, мактаббачаҳо ҳудуди 15 дарсади барномаи таълимии соли хонишро аз худ накарданд ва ин, албатта, ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ эҳсос хоҳад шуд.

Бархе аз хонандагон мегӯянд, аз имтиҳонҳои хатм интизории бештар доштанд. Суман Каримова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, баргузории имтиҳонҳои хатм имкон медод, ки "дар ниҳоят омодагии ҷиддӣ бубинем, баҳои баландтареро соҳиб шавем ва роҳро барои ворид шудан ба донишгоҳ ҳамвор созем".

Имсол дар мактабҳои Тоҷикистон имтиҳон доир намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Таҳлилгарон низ таъкид мекунанд, ки пурра наомӯхтани барномаи таълимӣ ва бе имтиҳон дарёфт кардани номаи камол барои дониши хатмкунандаҳо таъсир мерасонад. Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июн гуфт, хонандагони мактабҳо дар соли ҷорӣ тақрибан як чаҳорякӣ таътили иҷборӣ карда буданд.

Вай айни замон афзуд, "мақомот ночор хонандаҳои мактабҳоро ба таътили маҷбурӣ фиристоданд. Зеро дар як паллаи тарозу саломатии инсон меистоду дар паллаи дигар дониши онҳо. Аммо агар саломатӣ набошад ё аз коронавирус зуд фавтанд, аз дониш чӣ фоида? Дар ниҳоят, ин таътили иҷборӣ дар донишомӯзии талабаҳо таъсири баде гузошт. Аммо муҳим ин аст, ки бештаре аз онҳо саломат монданд."

Мақомоти Тоҷикистон аз 27-уми апрели имсол, баъд аз танқидҳои зиёди мардум, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 хонандагони мактабҳоро то моҳи август ба таътили иҷборӣ фиристоданд. Ба масъулони мактабҳо дастур шуд, ки баҳои хониши солонаи онҳоро аз рӯйи баҳои се чаҳоряки таҳсил гузоранд

Соли ҷорӣ макотиби Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва беш аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм хоҳанд кард. Масъулони маркази миллии тестӣ мегӯянд, имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар мӯҳлати муқаррашуда баргузор хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG